Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2021
  • Таваррум дар моҳи октябр
    1,0%
  • 8,7%
  • Пулҳои захиравӣ (октябр), млрд. сомонӣ
    24,4
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 25 октябри с.2021)13,25
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (октябр)12,48
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2021
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ-октябр)
    10,55
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ-октябр)
    23,94
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ-октябр)
    12,30
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (октябр)
    22,09
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (октябр)
    21,65




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 01.12.2021

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3 359.92 3 440.16
10 6 632.86 6 791.27
20 13 119.63 13 432.95
50 32 560.88 33 338.49
100 64 957.00 66 508.29

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Декабр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    29 30 1 2 3 4 5
    6 7 8 9 10 11 12
    13 14 15 16 17 18 19
    20 21 22 23 24 25 26
    27 28 29 30 31 1 2
  • Яндекс.Метрика

Баррасии лоиҳаи Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025

24.11.2021

22 ноябри соли 2021 баррасии лоиҳаи ниҳоии Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳо бо дастгирии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ таҳия шудааст, оғоз гардид.

NBTL7489.jpg

Қабл аз оғози баррасӣ муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Моҳбону Накҳатзода суханронӣ намуда, ба ҳамаи онҳое, ки дар таҳияи лоиҳаи Стратегия саҳми худро гузоштаанд, инчунин, ба намояндагони Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати баррасӣ ва таҳияи он миннатдорӣ изҳор намуд ва таъкид дошт, ки ҳадаф аз ҷамъомади серӯза муҳокима ва омода намудани лоиҳаи Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 мебошад.

NBTL7483.jpg

Лоиҳаи Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 дар асоси меъёр ва принсипҳои қонунгузории миллӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ, таҳлили вазъи фарогирии молиявӣ, дурнамои рушди минбаъдаи он ва натиҷаи тадқиқотҳои илмию амалӣ оид ба фарогирии молиявӣ таҳия шуда, мақсади асосии он рушди босуръати иқтисодӣ, ҳалли вазифаҳои диверсификатсиякунонии иқтисодиёт, баланд бардоштани самаранокии сиёсати пулию қарзӣ ва андозу буҷет, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва суботи молиявӣ мебошад.

NBTL7553.jpg

«Мутобиқи муқаррароти Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати молия, Вазорати адлия, Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Вазорати маориф ва илм таҳия гардида, соли ҷорӣ тибқи тартиби муқарраргардида барои баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад. Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки бо масъулияти дучанд ба ҳар як банди лоиҳаи мазкур таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, масъалаҳои фарогири самти фаъолияти хешро амиқ таҳлил ва баррасӣ намоем”,-иброз дошт Моҳбону Накҳатзода.

NBTL7580.jpg

Ҳамин тавр, раванди баррасии лоиҳаи Стратегия оғоз гардида, нахуст масъалаи муайян намудани арзиши амалисозии ҳар як чорабинӣ аз рӯи сарчашмаҳои маблағгузорӣ мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки ҷиҳати гузаронидани мониторинг ва арзёбии раванди татбиқи Стратегияи мазкур 50 индикатор (нишондиҳанда) таҳия гардидааст, ки сарчашмаи дарёфти 9 адади он аз маъхази маълумотҳои Global Findex пешбинӣ карда шудааст.

NBTL7487.jpg

Бояд таъкид кард, ки айни замон оид ба 18 адад индикатор аз рӯи ҷинс, синну сол, маҳал (шаҳр/деҳот), гурӯҳи даромад, 9 адад индикатор дар миқёси шаҳр/деҳот ва аз рӯи 13 адад индикатор дар миқёси ҷумҳурӣ маълумот ҷамъоварӣ карда намешавад.

Баррасии лоиҳаи ниҳоии Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 се рӯз идома ёфта, дар он тамоми масоили вобаста ба татбиқи самараноки он мавриди муҳокима қарор дода мешаванд.

Маврид ба зикр аст, ки лоиҳаи Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 бо роҳбарии Бонки миллии Тоҷикистон ва дастгирии техникии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ бо кӯмаки молиявии Котиботи давлатӣ оид ба масъалаҳои иқтисодии Швейсария дар доираи лоиҳаи Осиёи марказӣ оид ба фарогирии молиявӣ ва Гурӯҳи кории байниидоравӣ таҳия шудааст.
Шуъбаи матбуот


Диданд: 438

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ