Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2022
  • Таваррум дар моҳи апрел
    0,7%
  • 7,3%
  • Пулҳои захиравӣ (апрел), млрд. сомонӣ
    28,4
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 25 октябри с.2021)13,25
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (апрел)12,38
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2022
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ-апрел)
    10,45
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ-апрел)
    23,89
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ-апрел)
    22,00
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (апрел)
    20,45
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (апрел)
    18,35




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 02.06.2022

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3454.43 3524.21
10 6821.73 6959.54
20 13497.09 13769.76
50 33504.10 34180.95
100 66843.13 68193.50

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Июн      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    30 31 1 2 3 4 5
    6 7 8 9 10 11 12
    13 14 15 16 17 18 19
    20 21 22 23 24 25 26
    27 28 29 30 1 2 3
  • Яндекс.Метрика

Сарварӣ ва гуногуншаклии фаъолияти занон-роҳбарони муассисаҳои танзимгари молиявӣ

08.12.2021

3 декабри соли 2021 дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Моҳбону Накҳатзода ва кормандони бонк муаррифии рӯнамои мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон дар мавзӯи “Сарварӣ ва гуногуншаклии фаъолияти занон – роҳбарони муассисаҳои танзимгари молиявӣ” баргузор гардид.

NBTL9191.JPG

Моҳбону Накҳатзода зимни суханронӣ зикр дошт, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо шарикони рушд барои омода намудани мутахассисон ва пайваста баланд бардоштани савияи донишу малакаи кормандони роҳбарикунанда, аз он ҷумла занон дар низоми бонкӣ тадбирҳои амалӣ меандешад.

Дар барномаи “Сарварӣ ва гуногуншаклии фаъолияти занон – роҳбарони муассисаҳои танзимгари молиявӣ” 81 нафар аз 28 давлати дунё иштирок намуданд, ки 5 нафар намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон дар қатори дигар ҳамтоёни худ аз дигар давлатҳо муддати шаш моҳ, тариқи онлайн-сессия дар Барномаи муштараки Бонки Ҷаҳонӣ ва Донишгоҳи Оксфорд барои занон – роҳбарони муассисаҳои танзимгари молиявӣ ва мутахассисони ҷавон таҳсил намуда, онро бо муваффақият хатм карданд ва соҳиби Шаҳодатнома гаштанд.

NBTL9231.JPG

Аз ҷумлаи онҳо, муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Моҳбону Накҳатзода сардори Идораи бозори молиявӣ Умеда Сатторзода, сардори Шуъбаи таҳлили хавфҳо Муниса Навҷуанова, сармутахассиси Идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ Зарангез Умарова ва мутахассиси пешбари Департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъор Вероника Мадалиева мебошанд, ки дар мавзӯи “Сарварӣ ва гуногуншаклии фаъолияти занон – роҳбарони муассисаҳои танзимгари молиявӣ” рӯнамоиҳои ҷолиб манзур намуда, аз таҷрибаи андӯхтаи шашмоҳаи худ дар ин самт ҳисобот доданд.

NBTL9278.JPG

"Давоми шаш моҳ аз ҷониби масъулин ба иштирокчиёни барнома имкон фароҳам оварда шуд, ки малакаи роҳбарии худро дар самти қабули қарорҳои стратегӣ ва доир намудани гуфтушунидҳо такмил дода, дар раванди омӯзиш роҷеъ ба таҷрибаи пешқадам дар самти тарҳрезии сиёсати гендерии фарогирии молиявӣ, ҷамъоварӣ ва таҳлили омор маълумоти кофӣ ба даст оваранд. Инчунин, тавассути барномаи мазкур иштирокчиён тавонистанд, ки бо усулҳои техникӣ ва стратегии таҳия ва татбиқи сиёсати фарогирии молиявии занон шинос шуда, барои пешбарии бонувон ба вазифаҳои роҳбарӣ дар муассисаҳои худ малака пайдо кунанд.

NBTL7873.JPG

Дар маҷмуъ, Барномаи мазкур барои иштирокдорон пурманфиату самарабахш буд ва боварии комил дорем, ки малакаю донишҳои андӯхта дар фаъолияти минбаъда натиҷаҳои пурмаҳсул дода, баҳри самаранок ба роҳ мондани фаъолияти бонувони роҳбарикунанда мусоидат хоҳанд кард”-таъкид дошт М.Накҳатзода.

Дар қисмати ҷамъбастӣ рӯнамоҳои манзурнамудаи бонувон аз ҷониби кормандон мавриди муҳокима қарор дода шуда, иштирокдорон ба саволҳои худ посухҳои қаноатбахш гирифтанд.

NBTL9193.JPG

Маврид ба зикр аст, ки созмондиҳандаи аслии Барномаи муштараки Бонки Ҷаҳонӣ ва Донишгоҳи Оксфорд барои занон – роҳбарони муассисаҳои танзимгари молиявӣ ва мутахассисони ҷавон “Women’s World Banking” буда, таъмини суботи бештари иқтисодӣ, рушди зеҳнии бонувон ва фаъолнокии онҳоро дар иқтисодиёт сармоягузорӣ мекунад.

Шуъбаи матбуот


Диданд: 602

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ