Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2022
  • Таваррум дар моҳи апрел
    0,7%
  • 7,3%
  • Пулҳои захиравӣ (апрел), млрд. сомонӣ
    28,4
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 25 октябри с.2021)13,25
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (апрел)12,38
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2022
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ-апрел)
    10,45
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ-апрел)
    23,89
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ-апрел)
    22,00
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (апрел)
    20,45
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (апрел)
    18,35




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 20.05.2022

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3751.95 3827.75
10 7416.78 7566.61
20 14687.20 14983.91
50 36479.36 37216.32
100 72793.67 74264.24

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Январ      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    28 29 30 31 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Ҷаласаи шашуми Шӯрои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

14.01.2022

11 январи соли 2022 дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи шашуми Шӯрои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Шӯро) таҳти роҳбарии Раиси Шӯро – Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо иштироки роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ, бонкҳои давлатӣ ва намояндаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

NBTL0275 (1).JPG

Дар оғози чорабинӣ, мутобиқи рӯзномаи ҷаласа рафти иҷрои қарорҳои қабулгардидаи ҷаласаи панҷуми Шӯро муҳокима гардида, гузориши масъулин оид ба андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати зиёд намудани ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ ба иқтисодиёт, ба роҳ мондани баҳогузории рейтингии ташкилотҳои қарзии молиявӣ, инчунин дар самти танзим ва назорати ташкилотҳои ломбардӣ, такмили заминаи ҳуқуқӣ ва иҷрои пурраи талаботи қонунгузории ҷорӣ аз ҷониби ин ташкилотҳо оид ба суғуртакунӣ шунида шуданд.

Дар баробари ин, таъкид гардид, ки новобаста аз барқароршавии суръати рушди иқтисодиёти ҷаҳон, ҳанӯз ҳам номуайяниҳо ва муаммоҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва фазои иқтисодиёти ҷаҳон, аз қабили афзоиши талабот ва болоравии интизориҳои таваррумӣ, зиёдшавии хароҷот ва қарзи давлатӣ, таҳдид ба амнияти озуқаворӣ ва пайомадҳои манфии тағйирёбии иқлим дар ҷаҳон мушоҳида мегарданд, ки метавонанд ба иқтисодиёти миллӣ таъсиргузор бошанд. Вобаста ба вазъи кунунӣ, ҳамкории доимӣ ва ҳамаҷонибаи вазорату идораҳои калидӣ ҷиҳати таъмини суботи молиявӣ, коҳиш додани таъсири хавфҳои берунию дохилӣ ва мусоидат ба рушди устувору фарогири миллӣ ба маврид мебошад.

Дар рафти ҷаласа аъзои Шӯро бо пешниҳоди рӯнамоиҳо оид ба таъмини устувории фискалӣ вобаста ба қабули кодекси нави андоз, фаъолияти бонкҳои давлатӣ ва роҳҳои коҳишдиҳии хавфҳои эҳтимолӣ дар онҳо, раванди қарздиҳӣ дар низоми бонкӣ муҳокимарониҳо анҷом доданд.

NBTL0262 (3).JPG

Инчунин қайд карда шуд, ки дар ин шароити мураккаби иқтисодию геосиёсӣ ва тағйирёбиҳои зиёди ҷаҳонӣ масъалаи баланд бардоштани самаранокии идораи молияи давлатӣ, пешбурди низоми содакардашудаи андозбандӣ, тақвият бахшидани низоми идоракунии хавфҳо, беҳтар намудани раванди қарздиҳӣ, рушди соҳибкориву сармоягузорӣ ва дар ин замина таъмин намудани рушди минбаъдаи кишвар бо дарназардошти идома бахшидани ислоҳот дар самтҳои пешгирифта муҳим ба ҳисоб рафта, муайян намудани маҳдудиятҳо ва амалӣ намудани тадбирҳои мушаххас дар ин самтҳо ба суръат бахшидани фаъолнокии бахшҳои соҳаҳои муҳими иқтисод мусоидат хоҳад намуд.

Дар хотимаи ҷаласа, аз ҷониби Шӯро масъалаҳои вобаста ба таъмини устувории молиявӣ, эҳтимолияти пайдо шудани хавфи фискалӣ, зиёд намудани сармоя ва пурзӯр намудани идоракунии корпоративӣ дар бонкҳои давлатӣ, пурзӯр намудани идоракунии хавфҳо бо истифода аз таҷрибаи дигар давлатҳо мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Ҳамзамон, аъзои Шӯро ҷиҳати то ба охир пайгирӣ намудани масъалаҳои вогузоршуда барои иҷрои бетаъхир ва сифатноки қарорҳои қаблан қабулшуда дар ҳамоҳангӣ бо вазорату идораҳои дахлдор вазифадор карда шуданд.

Бояд қайд намуд, ки Шӯрои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми байниидоравии доимоамалкунандаи машваратӣ буда, бо мақсади баррасии масъалаҳои таъмини суботи молиявӣ, муайян намудани хавфҳо ва минбаъд андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати коҳиш додани хавфҳо дар иқтисодиёт, низоми молияи давлатӣ, бонкӣ ва бахши хусусӣ (бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21.июни соли 2018, №331) таъсис дода шудааст.


Диданд: 503

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ