Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 28.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3961.42 4041.45
10 7803.34 7960.98
20 15473.21 15785.81
50 38453.68 39230.52
100 76788.01 78339.28

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Маърифатнокии молиявии бонувон – дастрасӣ ба имкониятҳои иқтисодӣ

16.02.2022

Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи татбиқи “Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ” ҳамасола барои баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ пайваста барномаҳои омӯзишӣ ва семинару мулоқотҳо баргузор менамояд. Машғулияти омӯзишӣ дар мавзӯи “Баланд бардоштани саводнокии молиявии бонувони Бонки миллии Тоҷикистон”, ки 8 феврали соли 2022 аз ҷониби Шӯрои бонувони Бонки миллии Тоҷикистон бо ҷалби занони фаъоли бонк баргузор гардид, аз ҷумлаи чорабиниҳои амалие буд, ки барои такмили маърифати молиявии бонувони бонк ташкил гардида буд.

NBTL7024.JPG

Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Накҳатзода Моҳбону Киромиддин, ки ҳамзамон роҳбарии Шӯрои бонувони бонкро ба уҳда дорад, сароғоз аз таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати бонувон ёдовар шуд. Воқеан нақши занон дар эъмори ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ назаррас буда, дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа ҳамеша таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад, ки ҷалби бештари бонувони масъулиятшиносу меҳнатдӯст ба вазифаҳои роҳбарикунанда гувоҳи ин гуфтаҳост.

NBTL3768-2.JPG

“Давоми солҳои соҳибистиқлолии мамлакат бонувон зери роҳнамоӣ ва сарпарастии бевоситаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеан ҳам тавонистанд мақому манзалати шоистаро дар ҷомеа, махсусан давлатдорӣ соҳиб шаванд. Ҳоло моро зарур аст, ки ҳамқадами замон гом бардошта, дониш ва таҷрибаи андӯхтаи худро дар амал татбиқ намоем ва бонувони тамоми кишварро баҳри пешрафт ва рушди кишвар раҳнамун созем. Аз ҷумла, амалишавии пурра ва босамари Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то давраи соли 2030, ки ҷиҳати баланд бардошани маърифати молиявии аҳолӣ таҳия шудааст, метавонад барои бонувон ҳамчун василаи татбиқи донишҳои андӯхта ва саҳмгузорӣ дар самти рушду нумӯи мамлакат гардад”, - таъкид дошт М.Накҳатзода.

NBTL3795-3.JPG

Дар қисмати дуюми чорабинӣ сармутахассиси Идораи низоми пардохт Камила Сайисмонова ва мутахассиси пешбари Идораи муносибатҳои байналмилалӣ Нозанин Тоҳирова ҳамчун тренерони Фонди хазинаи амонатӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (Олмон) доир ба мафҳуми саводнокии молиявӣ, маҷмӯи огоҳиҳои молиявӣ, дониш, малака ва муносибат, ки барои қабули қарорҳои оқилонаи молиявӣ ва дар ниҳояти кор ба даст овардани некӯаҳволии молиявӣ зарур мебошад, рӯнамоии муфассалро манзури аҳли нишаст гардониданд.

Зимни пешниҳоди рӯнамо зикр карда шуд, ки азхудкунии саводнокии молиявӣ ба занон имкониятҳои васеъ фароҳам меорад, ки онҳо даромаду хароҷоти оиларо ба нақша гирифта, роҳҳои мусоиди афзун кардани даромадро дарёфт намоянд, муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”-ро, ки ба кам кардани хароҷоти беҳудаю бемаврид ва афзун шудани буҷаи оила ва ба ин васила боло бурдани фарҳанги пасандозкунӣ равона шудааст, риоя намоянд.
Қайд гардид, ки баланд бардоштани дараҷаи дониши молиявӣ-калиди беҳбудии иқтисодиёти аҳолӣ ба шумор рафта, ҷоришавии амалиётҳои нав ба нави технологию молиявӣ, мо - занҳоро водор месозад, ки ҷавобан ба ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз донишу малакаи касбӣ барои рушду нумӯи кишвари азизамон саҳми арзандаи худро гузорем. Маҳз сатҳи баланди маърифати молиявӣ шарти муҳимтарини рушди устувори кишвар мебошад, ки некӯаҳолии ҳар як шаҳрванд аз он вобаста аст.

NBTL3810-4.JPG

Дар баробари иштироки фаъолона дар машғулиятҳои интерактивӣ (инфиродӣ) бонувон зимни муҳокимаронии дигар масъалаҳо низ фаъолона ширкат намуда, ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

Боиси тазаккур аст, ки ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур, пеш аз ҳама мусоидат намудан ба баланд гардидани сатҳи саводнокии молиявии занон мебошад, зеро маҳз бонувон барои пойдории вазъи иқтисодӣ дар оила нақши муҳим мебозанд.

Ёдовар мешавем, ки чорабинии мазкур дар доираи татбиқи нақшаи чорабиниҳои Шурои бонувони Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати ташкили рӯнамо бо мақсади баланд бардоштани маърифати молиявии бонувон доир гардида, барои васеъ кардани имкониятҳои молиявии бонувон ва ба ин васила таъмини рушди устувори низоми молиявӣ, инкишоф додани бахши хусусӣ, беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рушди сармояи инсонӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ равона гардидааст.

Шуъбаи матбуот


Диданд: 210

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ