Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2023
  • Таваррум дар моҳи октябр
    -0,3%
  • 4,4%
  • Пулҳои захиравӣ (октябр) млрд. сомонӣ
    33,8
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 01 майи с.2023)10,0
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (октябр)7,38%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2023
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ-октябр)
    12,95 %
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ-октябр)
    23,35 %
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ-октябр)
    15,00%
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (октябр)
    20,66%
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (октябр)
    22,91%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 30.11.2023

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3691.24 3765.81
10 7262.99 7409.72
20 14392.52 14683.28
50 35751.95 36474.21
100 71384.54 72826.65

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Ноябр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    30 31 1 2 3 4 5
    6 7 8 9 10 11 12
    13 14 15 16 17 18 19
    20 21 22 23 24 25 26
    27 28 29 30 1 2 3
  • Яндекс.Метрика

Тоҷикистон ватани Наврӯз аст

19.03.2022

19 марти соли 2022 дар Бонки миллии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо иштироки роҳбарият ва кормандони бонк ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.

NBTL7235-1.jpg

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло нахуст аҳли нишастро бо фаро расидани ҷашни байналмилалии Наврӯзи оламафрӯз табрику таҳният гуфта, зикр намуд, ки ҷашни қадимии мардуми мо – Наврӯз, ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун иди бедории табиату фасли баҳор бо ҳама расму ойин ва суннатҳои деринааш дар Тоҷикистони азиз шукӯҳу тантанаи бештар пайдо кардааст.

Зимни суханронии Ҳоким Холиқзода қайд гардид, ки эҳёи дубораи ин ҷашни мардумӣ дар замони соҳибистиқлолии кишвар бо талошҳои Пешвои муаззами миллат ба хотири дӯстию бародарӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва пос доштани хотираи неки гузаштагон алоқамандӣ дорад.

NBTL7234-2.jpg

“Миллати тоҷик дар роҳи расидан ба ормонҳо ва ҳадафҳои ҳазорсолаи наврӯзӣ дар атрофи Пешвои худ муттаҳид гардид, ки ин муҳимтарин омил барои барқарории сулҳу субот ва оғози амалҳои созанда дар кишвар мебошад. Гузашта аз ин, дувоздаҳ сол муқаддам, яъне 18 феврали соли 2010 бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иҷлосияи 64-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси ҷашни байналмилалӣ эълон кардани Наврӯз қатънома қабул кард ва ҷашни фархундаи Наврӯз ба ҷашни ҷаҳонӣ табдил ёфт ва акнун дар саросари олам ҷашн гирифта мешавад”, - бори дигар хотиррасон намуд Ҳоким Холиқзода.

NBTL7221-3.jpg

Соли 2022 барои мардуми сарбаланди мо соли таърихӣ ба ҳисоб меравад. Зеро мо имсол 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро дар фазои сулҳу осудагии комил дар тамоми мамлакат ҷашн хоҳем гирифт. Ҷашни Наврӯз ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ҳамдигар ҳампайванданд. Чунки маҳз Пешвои бохиради мо бо мардуми тамаддунофари тоҷик ба расму ойини Наврӯзӣ, ки бахшидани гуноҳ ва дур афкандани кинаву адоват мебошад, пайравӣ карданд ва сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони азизи мо пойдор гашт. Маҳз Ваҳдати миллӣ буд, ки Наврӯзи оламафрӯз бо ин ҳама шукӯҳу шаҳомат дар сарзамини мо имрӯз бо риояи тамоми суннатҳояш таҷлил мегардад. Бинобар ин, ба хотири боз ҳам мустаҳкам гардидани сулҳу субот, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, афзун намудани дастовардҳои соҳибистиқлолии кишварамон аз ҳар як фарди бонангу номуси кишвар тақозо мегардад, ки бунёдкорию созандагиро ба меъёри ҳамарӯзаи зиндагии худ табдил дода, минбаъд низ бо неруи дучанд барои ободонии Ватани азизамон саъю талош намуда, ин санаи фархундаро бо дастовардҳои назарраси меҳнатӣ ва ҳамдигарфаҳмии комил пешвоз гирем.

NBTL7220-4.jpg

Дар идомаи чорабинӣ сардори Шуъбаи тарҷумаи Дастгоҳи роҳбарияти бонк, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Султон Ҳасан Баротзода доир ба таърихи пайдоиш ва анъанаҳои неки ин ҷашни аҷдодӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Наврӯз аз муборактарин ҷашнҳои миллии мо тоҷикон ва дигар мардумони ҳавзаи Наврӯз ба ҳисоб меравад, ки аз замонҳои қадим то ба имрӯз бо ғояҳои олии башарӣ, дӯстию иттиҳод, созандагӣ, ободкорӣ, инсонпарварӣ ва шукргузории бепоён аз неъматҳои табиат мардумро гирди ҳам овардааст. Вобаста ба ин Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: “Мо ифтихор дорем, ки Тоҷикистон, барҳақ, ватани Наврӯз, Сада, Тиргон ва Меҳргон аст. Ҳар кадоме аз ин ҷашнҳо таърихи беш аз 6000-сола дорад. Ва ин далел низ боиси ифтихори мост, ки Наврӯзи бостонӣ имрӯз ҷашни ҷаҳонӣ гаштааст”. Ин суханони Пешвои миллат ҳақиқатест, ки ҷойи шубҳа надорад, зеро Наврўз аз ҷашнҳои қадимтарини миллии мост, ки аз даврони бостон ба мо мерос мондааст.

NBTL7355-5.jpg

Дар идомаи ҷамъомади тантанавӣ ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ оид ба шоҳмот, шашка ва тенниси рӯи миз, ки бо иқдоми Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони БМТ рӯзҳои 16-19 марти соли 2022 бахшида ба таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон байни воҳидҳои сохторӣ баргузор карда шуд, эълон гардиданд. Ғолибони мусобиқа аз ҷониби Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким бо Ҷом, Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

NBTL7199-6.jpg

Дар хотима Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бори дигар аҳли нишастро бо ин ҷашни фирӯз муборакбод гуфта, ба ҳамагон рӯзгори ободу осуда, хотирҷамъӣ ва ба Ватани азизамон сарсабзию шукуфоӣ ва сулҳу осоиши пойдор таманно намуд.

Изҳори умед карда шуд, ки кормандони низоми бонкии мамлакат, аз ҷумла Бонки миллии Тоҷикистон дар баробари дигар мардуми шарифи Тоҷикистон минбаъд низ ҳидоятҳои хирадмандонаи Пешвои миллатро дар роҳи сулҳу ваҳдати миллӣ, пешрафти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат дастури амал қарор медиҳанд.

Шуъбаи матбуот


Диданд: 191

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ