Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2022
  • Таваррум дар моҳи май
    0,7%
  • 7,5%
  • Пулҳои захиравӣ (май), млрд. сомонӣ
    30,1
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 25 октябри с.2021)13,25
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (май)12,49
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2022
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ-май)
    10,54
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ-май)
    23,91
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ-май)
    22,00
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (май)
    20,41
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (май)
    16,70




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 29.06.2022

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3203.37 3268.09
10 6319.61 6447.28
20 12492.87 12745.25
50 30993.54 31619.67
100 61822.01 63070.94

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Июн      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    30 31 1 2 3 4 5
    6 7 8 9 10 11 12
    13 14 15 16 17 18 19
    20 21 22 23 24 25 26
    27 28 29 30 1 2 3
  • Яндекс.Метрика

Мулоқоти Ҳоким Холиқзода бо роҳбари Дафтари САҲА дар Душанбе

20.05.2022

20 майи соли 2022 Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло бо иҷрокунандаи вазифаи роҳбари Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар Душанбе ҷаноби Вук Жугич мулоқот анҷом дод.

02.JPG

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Ҳикматулло роҳбари Дафтари САҲА дар Душанберо барои таъин шудан ба вазифаи пурмасъул табрик намуда, иброз дошт, ки рушди муназзами ҳамкориҳои дуҷониба бо ин ниҳоди байналмилалӣ таҳти роҳбарии ҷаноби Вук Жугич минбаъд низ тақвият дода мешавад.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушди муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва САҲА-ро дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) баррасӣ намуданд.

NBTL7947.JPG

Дар ҷараёни вохӯрӣ, ҷонибҳо иҷрои Тавсияҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявӣ алайҳи қонунигардонии даромадҳо (ФАТФ)-ро таъкид дошта, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон қайд намуд, ки бо мақсади фароҳам овардани мутобиқати заминаи ҳуқуқӣ ба стандартҳои ФАТФ, дар давраи аз соли 2017 то ба имрӯз зиёда аз 30 қонун ва санадҳои зерқонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи МҚД/МТ/МПСҚО дар таҳрири нав ва тағйироту иловаҳо ба онҳо ворид карда шуданд.

Дар баробари ин ишора гардид, ки намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон аз пешниҳодҳо ва навгониҳои ФАТФ, Гурӯҳи Авруосиё оид ба МҚД/МТ ва Гурӯҳи Эгмонт пайваста дар ҷараён буда, ҷиҳати омӯзиши таҷрибаи ҷаҳонӣ дар чорабиниҳои марбут ба шустушӯи пул, тадқиқоти ҷиноятҳои предикатӣ, ҷиноятҳои криптоасъорӣ ва пешгирии дигар омилҳои ҷиноятӣ дар якҷоягӣ бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар иштирок менамоянд.

NBTL7956.JPG

Ҷаноби Вук Жугич дар навбати худ барои пазироии самимӣ изҳори миннатдорӣ намуда, ҳавасмандии худро ҷиҳати тақвият додани ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд ва ҳамзамон имконоти татбиқи барномаи ҷадид дар самти ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумот барои Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон баён дошт. Дар баробари ин, роҳбари навтаъини Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе имконоти иштирокоти ҷониби Тоҷикистон, аз ҷумла кормандони БМТ-ро дар ҷаласаҳои ФАТФ, Гурӯҳи Авруосиё ва Гурӯҳи Эгмонт матраҳ намуда, инчунин масъалаи ҷалби мутахассисонро дар курсҳои омӯзишии самти МҚД/МТ/МПСҚО иброз дошт.

Дар интиҳо ҷонибҳо изҳор доштанд, ки самтҳои ҳамкории муштарак ва масъалаҳои баррасишуда тавассути воҳидҳои ваколатдори ҳарду ҷониб пайгирӣ хоҳанд шуд.

Департаменти мониторинги молиявӣ


Диданд: 724

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ