Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2022
  • Таваррум дар моҳи июн
    0,2%
  • 8,3%
  • Пулҳои захиравӣ (июн), млрд. сомонӣ
    32,3
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 25 октябри с.2021)13,25
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (июн)12,41
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2022
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ-июн)
    10,39
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ-июн)
    23,83
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ-июн)
    22,00
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (июн)
    20,35
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (июн)
    16,81




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 22.07.2022

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 2891.68 2950.10
10 5696.24 5811.31
20 11246.11 11473.31
50 27876.65 28439.81
100 55588.23 56711.23

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Июл      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    27 28 29 30 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Ваҳдати миллӣ - таҷассумгари иттиҳод ва якпорчагии Тоҷикистон

24.06.2022

24 июни соли 2022 дар Бонки миллии Тоҷикистон бахшида ба 25-умин солгарди ба имзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ҷамъомади тантанавӣ доир гашт, ки дар он Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло, муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс Назримад ва аҳли кормандони бонк иштирок намуданд.

NBTL8968-1.JPG

Чорабинии идонаро Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ифтитоҳ намуда, аҳли нишастро бо ҷашни Ваҳдати миллӣ, ки яке аз муҳимтарин ва бузургтарин ҷашнҳои даврони соҳибистиқлолии Ватани азизамон маҳсуб меёбад, табрику муборакбод гуфта, барояшон комёбиҳои рӯзафзун, осмони соф ва сулҳу суботи пояндаро таманно намуд.

Ҳоким Холиқзода зимни суханронӣ иброз дошт, ки ҷашни Ваҳдати миллӣ, ки аз фарҳангу хиради азалии мардуми тоҷик ва раҳнамоиҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, имрӯз таҷассумгари иттиҳоди ҳақиқии ҳамаи сокинони мамлакат ва якпорчагии Тоҷикистони азиз мебошад.

NBTL8944-2.JPG

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон зимни баромад изҳор дошт, ки воқеан таҳкими дастовардҳои истиқлол, бунёди пояҳои устувори давлатдории миллӣ, дастгирии амнияту суботи сиёсӣ, татбиқи муваффақонаи чор ҳадафи стратегӣ, тақвияти иқтидори иқтисодию иҷтимоӣ, хулоса рушди рӯзафзуни Тоҷикистони азиз маҳз ба туфайли фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ имконпазир гардид. Аз ин рӯ месазад, ки беш аз ҳама сулҳу субот ва ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем, ба қадру қимати истиқлол ва давлатдории мустақил расем, худро ҳамтақдири давлату миллати хеш донем ва аз неъмати бузурги Ватану ватандорӣ, соҳибдавлатию соҳибихтиёрӣ, ҳамчунин меҳнати софдилонаву садоқатмандона ба нафъи халқу Ватан ифтихор намоем.

NBTL8942-3.JPG

“Ваҳдати миллӣ ва фазои созгори сулҳу субот дар кишвар талаб мекунад, ки мо ҳамагон дастаҷамъона саъйу талош кунем, то аз раванди босуръати тараққиёти ҷомеаи ҷаҳонӣ қафо намонем, наслҳои имрӯзу ояндаро ба сӯйи тамаддуни муосир, яъне дастовардҳои илму фан, техникаву технологияи навтарин ҳидояту раҳнамоӣ созем. Ҳамчунин дар ин росто бо мақсади такмилу пешрафти низоми бонкдории мамлакат аз технологияи рақамӣ, хизматрасониҳои молиявии рақамӣ ва дигар воситаҳои иттилоотии замонавӣ самаранок истифода барем”, - таъкид намуд Холиқзода Ҳ.Ҳ.

NBTL8962-4.JPG

Сипас, сардори Шуъбаи тарҷумаи Дастгоҳи Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон Султон Ҳасан Баротзода зимни суханронӣ аз нақши Ваҳдати миллӣ дар таҳкими давлату давлатдорӣ сухан карда, иброз дошт, ки имрӯз давлату Ҳукумати кишвар зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат ваҳдату иттифоқро зербинои бунёди кохи муҳташами давлатдории миллӣ қарор дода, дар фазои солими сулҳу субот ва ваҳдату ҳамдилӣ нақшаҳои бузурги умумимиллиро тарҳрезӣ ва ҳадафҳои бузургу ояндасози давлатдории миллиро амалӣ намуда истодаанд.

NBTL8943-5.JPG

“Бинобар ин, бо истифода аз шароит ва имконоти мусоид моро зарур аст, ки бо мақсади ҳифзу таҳкими давлатдории миллӣ имрӯз дар мамлакат зербинои устувори фардоро гузорем, дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа кадрҳои баландихтисоси ватандӯсту меҳанпарвар тарбия намоем, худшиносию худогоҳии миллиро тақвият бахшем, таҷрибаи мактаби бузурги давлатдорию ватанхоҳии ниёгонамонро дигарбора эҳё ва дар ниҳоди насли ҷавон зина ба зина ташаккул диҳем.

NBTL8958-6.JPG

Мавсуф аз таърихи мардуми тоҷик, ки дар ҳама давру замон аз андешаи фарҳанги сулҳ гуфтор анҷом медоданд ёдовар шуда, иброз дошт, ки Мавлоно Ҷалолиддини Балхии Румӣ, ки аз ахтарони тобноки осмони хиради мардуми мост, тақрибан 800 сол пеш мардуми моро ба ягонагию ваҳдат фаро хонда, аз парокандагию нифоқу нотифоқӣ барҳазар дошта буд.

Ҳифзи дастоварди нодир ва таърихии халқамон, яъне ваҳдати миллӣ вазифаи муҳимтарин ва аввалдараҷаи ҳамаи мардуми Тоҷикистон аст. Танҳо кору заҳмати садоқатмандонаи мо метавонад заминаи боэътимоди пешрафти низоми бонкӣ ва дар маҷмуъ шукуфоии Тоҷикистони азиз гардад”, - хулоса намуд Султон Ҳасан Баротзода .

NBTL8971-7.JPG

Дар фарҷом Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бори дигар аҳли нишастро ба ҷашни хуҷастаи 25-солагии Ваҳдати миллӣ самимона табрик гуфта, бо такя ба сиёсати созандаи Сарвари давлат аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки имрӯз бештар аз ҳар вақти дигар кӯшиш намоем, ки ҳар як соли сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои мардуми мо соли пешрафт, дастовардҳои нави иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию сиёсӣ гардида, барои афзудани нуфузу эътибори Тоҷикистони маҳбуб дар доираҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ мусоидат намояд. Зеро, дар рӯзгори пуртазоди муосир танҳо ваҳдату ҳамдилӣ ва кору заҳмати садоқатмандонаи мо, ҳамчунин дастгирии ҳамаҷонибаи сиёсати Пешвои муаззами миллат ва давлату Ҳукумати мамлакат метавонад кафил ва заминаи боэътимоди пешрафти кишвар, аз ҷумла низоми бонкии он гардад.

Шуъбаи матбуот


Диданд: 365

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ