Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2022
  • Таваррум дар моҳи июл
    0,4%
  • 8,3%
  • Пулҳои захиравӣ (июл), млрд. сомонӣ
    33,4
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 25 октябри с.2021)13,25
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (июл)12,32
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2022
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ-июл)
    10,09
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ-июл)
    23,89
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ-июл)
    23,86
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (июл)
    21,53
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (июл)
    15,41




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 18.08.2022

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3030.53 3091.75
10 5973.93 6094.61
20 11801.49 12039.90
50 29265.09 29856.31
100 58365.12 59544.22

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Август      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    1 2 3 4 5 6 7
    8 9 10 11 12 13 14
    15 16 17 18 19 20 21
    22 23 24 25 26 27 28
    29 30 31 1 2 3 4
  • Яндекс.Метрика

Мулоқоти Ҳоким Холиқзода бо Директори ХБА

04.07.2022

3 июли соли 2022 Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло, ки дар ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷаласаҳои солонаи Гурӯҳи Электорати Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) дар шаҳри Бад-Рагази Швейтсария қарор дорад, бо Директори Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) хонум Кристалина Георгиева мулоқот анҷом дод.

photo_2022-07-04_12-11-34.jpg

Дар ибтидо, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким аз ҳамкории самарабахши ХБА ва дастгирии ин ниҳоди бонуфузи байналмилалии молиявӣ барои рушди иқтисодиёти Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда, барои тавсеаи ҳамкориҳои оянда изҳори ҳавасмандӣ намуд.

photo_2022-07-04_12-11-40.jpg

Зимни мулоқот ҷониби Тоҷикистон зарурати роҳандозӣ намудани барномаи нави ислоҳоти иқтисодӣ дар доираи “Механизми васеъи қарздиҳӣ” аз ҷониби ХБА, барқарор намудани намояндагии доимии ХБА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар татбиқи ҳадафҳо ва ислоҳотҳо нақши ҳамоҳангсозро иҷро мекунад, мавриди баррасӣ қарор дод.

Сипас, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким омодагии ҳамешагии ҷониби Тоҷикистонро барои муколамаи озод ва ҳамкорӣ баён намуда, ҷиҳати баргузории Ҷаласаҳои солонаи Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар соли 2026 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ба амал овард.

photo_2022-07-04_12-12-08.jpg

Ёдовар мешавем, ки Ҷаласаҳои солонаи Гурӯҳи Электорати Хазинаи Байналмилалии Асъор, ки 03-06 июли соли 2022 дар шаҳри Бад-Рагази Швейтсария доир мегардад, ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар он вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким, инчунин намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар БҶ ва ХБА Илҳом Раҷабов муаррифӣ менамоянд.

Шуъбаи матбуот


Диданд: 445

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ