Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2022
  • Таваррум дар моҳи октябр
    0,4%
  • 5,2%
  • Пулҳои захиравӣ (октябр), млрд. сомонӣ
    36,5
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 01 ноябри с.2022)13,0
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (октябр)12,0%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2022
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ-октябр)
    10,62 %
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ-октябр)
    23,44 %
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ-октябр)
    23,86 %
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (октябр)
    20,01 %
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (октябр)
    17,93 %




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 08.12.2022

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3012.84 3073.71
10 5938.55 6058.52
20 11730.75 11967.73
50 29088.23 29675.87
100 58011.40 59183.34

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Декабр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    28 29 30 1 2 3 4
    5 6 7 8 9 10 11
    12 13 14 15 16 17 18
    19 20 21 22 23 24 25
    26 27 28 29 30 31 1
  • Яндекс.Метрика

Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии ҲХДТ “Ифтихори миллат”

22.06.2022

20-уми июни соли 2022 дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода ва аъзои ҳизб ҷаласаи ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии ҲХДТ “Ифтихори миллат”-и БМТ баргузор гардид. Ҷаласаи мазкур мутобиқи қарори маҷлиси Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе доир карда шуд.

IMG_8855-1.jpg

Нахуст, тибқи рӯзномаи ҷаласа ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ”Ифтихори миллат“ Абдуғаффор Қурбонов оид ба ҷамъбасти фаъолият дар давоми як сол – дар давраи моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 шунида шуд. Зикр карда шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ ташкилоти ибтидоии ҲХДТ ”Ифтихори миллат“ фаъолияти худро дар асоси оиннома ва барномаи ҲХДТ ба роҳ монда, баҳри амалӣ гардидани ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон саъю талош варзид.

IMG_8878-2.jpg

Аз ҷумла, аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз Бонки миллии Тоҷикистон дар ин давра дар баргузории чорабиниҳои муҳими сиёсии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ – таҷлили бошукӯҳи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаи ҷашнии 20-солагии таъсисёбии Созмони ҳамкориҳои Шанхай, ҷаласаи Иттиҳоди байнибонкии СҲШ ва ҳамоиши аъзои Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018 – 2028 дар сафи фаъолони ҷомеа саҳми худро гузоштанд. Ҳамзамон, зимни ҳисобот аз нақши фаъолони ташкилоти ибтидоии ҲХДТ “Ифтихори миллат” дар корҳои ободониву созандагӣ, ташвиқотиву тарғиботӣ ҷиҳати арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ - сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, амалҳои хайру эҳсонкорӣ махсусан таъкид карда шуд.

IMG_8898-3.jpg

Дар идомаи ҷаласа ҳозирин ба муҳокимаи масъалаи навбатии ҷаласа – интихоби раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ барои давраи минбаъда пазируфтанд. Ҳамин тариқ, бо пешниҳоди аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоии ҲХДТ “Ифтихори миллат” бо назардошти фаъолияти пурсамари сиёсиву ташкилӣ ва саҳм гузоштан дар татбиқи ҳадафҳои асосии ҳизб бо ҷонибдории кулли аъзои ҳизб раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ “Ифтихори миллат” интихоб гардид.

IMG_8899-4.jpg

Аъзои ҳизб изҳори итминон намуданд, ки зери роҳбарии Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ифтихори миллат” боз ҳам ба пешравӣ ва дастовардҳои назаррас ноил хоҳад гашт.

IMG_8874-5.jpg

Дар рафти ҷаласа инчунин, вазифаҳои навбатӣ барои фаъолияти минбаъда баррасӣ гардида, нақшаи кории ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ барои нимсолаи дуюми соли 2022 бо назардошти пешниҳоду таклифҳо тасдиқ карда шуд. Ҳамзамон, тариқи овоздиҳӣ аъзои раёсат аз зумраи фаъолони ҳизб ва вакилон барои иштирок дар Конференсияи 32-ми ҳисоботӣ-интихоботии КИ ҲХДТ дар ноҳияи И. Сомонӣ интихоб гардиданд. Сипас, Лалоенов Самандар, сардори шуъбаи таҳлили хавфҳои захираҳои байналмилалии ДИЗБ-аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ифтихори миллат”, барои г саҳми арзанда дар амалӣ намудани ҳадафҳои оинномавию барномавии ҲХДТ бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуд.

IMG_8961-6.jpg

Дар фаровард, барои натиҷагирӣ ва ҷамъбасти Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии ҲХДТ “Ифтихори миллат” сухан ба муовини раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ дода шуд. Х.Юсуфӣ дар навбати худ таъкид намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳизби сулҳу ваҳдат, ҳизби пешрафт ва шукуфоии Тоҷикистони азизи мо буда, бо заҳмату талошҳои хастагинопазири Сарвари муаззами ҳизб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳкими давлати ҳуқуқбунёду демокративу дунявӣ, ояндаи шукуфоии мамлакат, тарбияи насли ҷавон якояки мо бо ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ баҳри таъмини зиндагии шоиста ва таҳкими ҷойгоҳи сазовори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзандаи худро дошта бошем.

IMG_8922-7.jpg

Ҳамин тариқ, бо такя аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои худ аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ифтихори миллат” бо ҳамовозии якдилона изҳор доштанд, ки дар оянда низ фаъолияти худро тибқи талаботи оиннома, барнома ва дастуру супоришҳои роҳбарияти олии ҳизб ба роҳ монда, сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро баҳри боз ҳам мустаҳкам намудани мавқеъ ва нуфузи ҳизб дар ҷомеа мавриди пайравӣ ва амал қарор хоҳанд дод.

Шуъбаи матбуот


Диданд: 70

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ