Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2022
  • Таваррум дар моҳи октябр
    0,4%
  • 5,2%
  • Пулҳои захиравӣ (октябр), млрд. сомонӣ
    36,5
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 01 ноябри с.2022)13,0
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (октябр)12,0%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2022
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ-октябр)
    10,62 %
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ-октябр)
    23,44 %
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ-октябр)
    23,86 %
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (октябр)
    20,01 %
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (октябр)
    17,93 %




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 08.12.2022

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3012.84 3073.71
10 5938.55 6058.52
20 11730.75 11967.73
50 29088.23 29675.87
100 58011.40 59183.34

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Декабр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    28 29 30 1 2 3 4
    5 6 7 8 9 10 11
    12 13 14 15 16 17 18
    19 20 21 22 23 24 25
    26 27 28 29 30 31 1
  • Яндекс.Метрика

Эълони Озмун

05.07.2022

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
барои ишғоли вазифаҳои холии зерин
ОЗМУН
ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

Департаменти ҳисобдорӣ

I
мутахассиси дараҷаи 1 шуъбаи амалиёти дохилибонкӣ - (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • таҳсилоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
  • доштани дониши хуби қонунгузории соҳаҳои бонкӣ, меҳнат ва андоз;
  • доштани дониши кофӣ дар соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ, таҷрибаи корӣ нисбати баҳисобгирии музди меҳнат ва дигар пардохтҳо, ҳисоббаробаркунӣ бо таҳвилгарон (аз ҷумла пудратчиён), инчунин баҳисобгирии дигар амалиётҳои муҳосибӣ;
  • маҳорати омода намудани мукотибот, ҳисобот, пайнавиштҳо, ҷадвалҳо, диаграммаҳо ва ғайра;
  • доштани қобилияти таҳлилию тадқиқотӣ дар таҳия ва омода намудани маводҳои таҳлилӣ;
  • малакаи касбии кор бо компютер ва дар низоми автоматишудаи бонкӣ – СФТ ва барномаҳои муҳосибии 1С, донистани Ms Office (Word, Excel, Power Point ва - ғайра);
  • доштани сертификати муҳосиби касбӣ (САР) афзалият дорад;
  • доштани собиқаи корӣ на камтар аз 3 сол дар низоми бонкӣ;
  • донистани забони давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад.

II
мутахассиси дараҷаи 1 шуъбаи таҳлил ва таҳияи ҳисоботҳои молиявӣ - (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • маълумоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
  • доштани дониши хуби қонунгузории соҳаҳои бонкӣ, баҳисобгирии муҳосибӣ ва стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ;
  • малакаи таҳия намудани ҳисоботҳои молиявии маҷмӯӣ ва кор бо аудиторони берунӣ;
  • доштани қобилияти таҳлилию тадқиқотӣ дар таҳия ва омода намудани маводҳои таҳлилӣ, маҳорати омода намудани мукотибот, ҳисобот, ҷадвалҳо, диаграммаҳо ва ғайра;
  • доштани дониши кофӣ дар соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ, таҷрибаи корӣ нисбати баҳисобгирии воситаҳои асосӣ ва маводҳои камнарху зудфарсудашаванда, инчунин баҳисобгирии дигар амалиётҳои муҳосибӣ;
  • малакаи касбии кор бо компютер – Ms Office (Word, Excel, Power Point) ва донистани хуби барномаи муҳосибии 1С ва низоми автоматишудаи бонкӣ - СФТ;
  • доштани сертификати муҳосиби касбӣ (САР) афзалият дорад;
  • доштани собиқаи корӣ на камтар аз 2 сол дар низоми бонкӣ;
  • донистани забони давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад.

III
мутахассиси дараҷаи I шуъбаи пешбурди китоби асосӣ ва
иҷрои сиёсати андозӣ - (2 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • таҳсилоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
  • доштани дониши хуби қонунгузории соҳаи бонкӣ ва андоз;
  • доштани дониш ва таҷрибаи кофӣ дар соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ, баҳисобгирии андозӣ;
  • доштани қобилияти баланди таҳлилию тадқиқотӣ дар таҳия ва омода намудани маводҳои таҳлилӣ, маҳорати омода намудани мукотибот, ҷадвалҳо, диаграммаҳо ва ғайра;
  • малакаи касбии кор бо компютер – Ms Office (Word, Excel, Power Point) ва донистани хуби барномаи муҳосибии 1С ва низоми автоматишудаи бонкӣ - СФТ;
  • доштани сертификати муҳосиби касбӣ – (САР) афзалият дорад;
  • доштани собиқаи корӣ на камтар аз 2 сол дар низоми бонкӣ ё мақомоти андоз;
  • донистани забони давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад.

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

  • ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
  • маълумотнома (справка-объективка);
  • варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
  • тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
  • расм 3 дона андозаи 3х4;
  • нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
  • нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
  • маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
  • маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
  • нусхаи билети ҳарбӣ;
  • нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).
Ҳуҷҷатҳоро дар нишонии зерин қабул менамоянд:
  • ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 38/1, Идораи кормандон
  • Барои маълумот - тел: + 992 (44) 600-32-32; +992 (44) 600-31-38
  • муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то санаи 18.07. 2022

Диданд: 83

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ