Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2022
  • Таваррум дар моҳи октябр
    0,4%
  • 5,2%
  • Пулҳои захиравӣ (октябр), млрд. сомонӣ
    36,5
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 01 ноябри с.2022)13,0
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (октябр)12,0%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2022
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ-октябр)
    10,62 %
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ-октябр)
    23,44 %
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ-октябр)
    23,86 %
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (октябр)
    20,01 %
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (октябр)
    17,93 %




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 08.12.2022

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3012.84 3073.71
10 5938.55 6058.52
20 11730.75 11967.73
50 29088.23 29675.87
100 58011.40 59183.34

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Декабр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    28 29 30 1 2 3 4
    5 6 7 8 9 10 11
    12 13 14 15 16 17 18
    19 20 21 22 23 24 25
    26 27 28 29 30 31 1
  • Яндекс.Метрика

Шарҳи мухтасари макроиқтисодӣ ва фаъолияти низоми бонкӣ дар нимсолаи якуми соли 2022

18.07.2022

анаи 18 июли соли 2022 дар Бонки миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2022, ки мутобиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, таҳти № АП – 1729 ва Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассиса, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ пешбинӣ шудааст, баргузор гардид.

Нишасти матбуотӣ бо роҳбарии муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс Назримад ва ҳузури наздики 30 намояндагони воситаҳои ахбори омма ва роҳбарони сохторҳои калидии Бонки миллии Тоҷикистон доир гашт.

“Бонки миллии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2022 сиёсати пайгирона ва самарабахши пулию қарзӣ ва асъории худро баҳри татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати танзими ҳаҷми пул дар иқтисодиёт, нигоҳдории сатҳи муътадили нархҳо, суботи молиявӣ ва мусоидат ба рушди устувори иқтисодиёт равона намуд”, изҳор намуд дар оғози нишаст муовини раис Толибзода Фирдавс.

NBTL9453.jpg

Зимни нишаст шарҳи мухтасари низоми бонкӣ ва нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар нимсолаи якуми соли 2022 манзури намояндагони ВАО гардонида шуд. Аз ҷумла зикр карда шуд, ки маҷмуи маҳсулоти дохилии (ММД)-и кишвар дар моҳҳои январ-июни соли 2022 бо арзиши номиналӣ ба 46,2 млрд. сомонӣ баробар гардида, афзоиши воқеии он 7,4 фоизро ташкил намуд. Ба рушди иқтисодиёт дар ин давра асосан афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноат 17,3 фоиз, гардиши савдои чакана 9,3 фоиз, хизматрасонии пулӣ 12,8 фоиз, соҳаи сохтмон 2,5 фоиз ва кишоварзӣ 7,2 фоиз мусоидат намуд.

Сатҳи таваррум дар моҳҳои январ-июни соли 2022 4,1 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 0,2 банди фоизӣ зиёд мебошад. Нишондиҳандаи мазкур асосан аз ҳисоби болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ 7,0 фоиз ва молҳои ғайрихӯрокворӣ 2,3 фоиз ба амал омад. Ҳамзамон, дар ин давра пастравии нархи арзиши хизматрасониҳои пулӣ ба аҳолӣ ба қайд гирифта шуд, ки -1,1 фоизро ташкил дод.

Таварруми солона (дар 12 моҳи охир) дар моҳи июни соли 2022 ба 8,3 фоиз баробар гардид, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 0,7 банди фоизӣ кам мебошад.

NBTL9434.jpg

Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади нигоҳ доштани сатҳи муътадилии нархҳо ва раванди танзими ҳаҷми пул дар иқтисодиёт, сиёсати пулию қарзиро тавассути механизму фишангҳои худ ҷиҳати маҳдуд сохтани таъсири омилҳои монетарӣ ба нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ амалӣ намуда истодааст.

Баҳри танзим намудани ҳаҷми пул дар муомилот, идоракунии самараноки сатҳи пардохтпазирии ташкилотҳои қарзи молиявӣ ва коҳиш додани фишорҳои қурбӣ-таваррумӣ дар моҳҳои январ-июни соли 2022 музоядаҳои фурӯши коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳаҷми 3,3 млрд. сомонӣ гузаронида шуда, тавассути амалиёти амонатҳои шабонарӯзӣ аз ташкилотҳои қарзии молиявӣ ҳамарӯза ба ҳисоби миёна 0,5 млрд. сомонӣ ҷалб карда шуд.

Меъёри бозтамвил ҳамчун фишанги асосии сиёсати пулию қарзӣ барои анҷом додани амалиётҳои монетарӣ дар моҳҳои январ-июни соли 2022 бетағйир дар сатҳи 13,25 фоизи солона нигоҳ дошта шуд.

Қурби расмии доллари ИМА нисбат ба пули миллӣ-сомонӣ дар моҳҳои январ-июни соли 2022 ба андозаи 6,57 фоиз (аз 11,3000 сомонӣ дар санаи 31.12.2021 то ба 10,5578 сомонӣ дар санаи 30.06.2022) паст шуд. Нишондиҳандаи мазкур дар ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 0,18 фоиз (аз 11,3000 сомонӣ дар санаи 31.12.2020 то ба 11,3210 сомонӣ дар санаи 30.06.2021) баланд шуда буд.

Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 30 июни соли 2022 дар маҷмӯъ 62 адад ташкилоти қарзии молиявӣ, аз ҷумла 14 адад бонки анъанавӣ, 1 адад бонки исломӣ, 18 адад ташкилоти амонатии қарзии хурд, 3 адад ташкилоти қарзии хурд ва 26 адад фонди қарзии хурд фаъолият менамоянд.

Шумораи воҳидҳои сохтории ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар давраи ҳисоботӣ 1 848 ададро ташкил намуд.

Дороиҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба санаи 30 июни соли 2022 маблағи 25,2 млрд. сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ба маблағи 3,4 млрд. сомонӣ ё 15,4 фоиз асосан аз ҳисоби сандуқи қарзӣ, маблағи нақдина ва дигар дороиҳо афзоиш ёфтаанд.

Уҳдадориҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар санаи ҳисоботӣ 19,3 млрд. сомониро ташкил намуд.

Ба санаи 30 июни соли 2022 меъёри пардохтпазирӣ дар сатҳи низом пурра иҷро гардида, 101,1 фоизро ташкил намуд, ки ин нишондиҳанда аз меъёри муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон ба андозаи 71,1 банди фоизӣ зиёд мебошад.

Меъёри кифоятии сармоя, ки яке аз нишондиҳандаҳои асосии устувории молиявӣ дар низоми бонкӣ ба ҳисоб меравад, дар санаи 30 июни соли 2022 аз ҳудуди муқарраршуда 13,1 банди фоизӣ зиёд иҷро гардида, 25,1 фоизро ташкил дод.

Дар маҷмуъ, натиҷаи фаъолияти молиявии ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар давраи ҳисоботӣ бо фоида ҷамъбаст шуд.

Бақияи умумии пасандозҳо ба ҳолати 30 июни соли ҷорӣ 11,5 млрд. сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин санаи соли гузашта 1,8 млрд. сомонӣ ё 18,8 фоиз афзоиш ёфт. Аз ҳаҷми умумии бақияи пасандозҳо ҳиссаи пасандозҳо бо пули миллӣ 58,5 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 41,5 фоизро ташкил медиҳад.

Дар таркиби пасандозҳо 5,5 млрд. сомонӣ ё 47,8 фоизро пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 6,0 млрд. сомонӣ ё 52,2 фоизро пасандозҳои шахсони воқеӣ ташкил медиҳанд.

Маблағгузории қарзӣ яке аз воситаҳои асосии таъмини рушди устувори иқтисодиёт, вусъат додани истеҳсолоти ватанӣ ва устувор намудани иқтидори содиротии кишвар ба ҳисоб меравад.

Ҳаҷми қарзҳои додашуда дар моҳҳои январ-июни соли 2022 маблағи 6,5 млрд. сомонӣ ва теъдоди онҳо 966,3 ҳазор ададро ташкил медиҳад.

Аз рӯи соҳаҳо бошад, аз ҳаҷми умумии қарзҳои дар ин давра додашуда ба соҳаҳои истеъмолот 35,6 фоиз, кишоварзӣ 18,9 фоиз, савдои хориҷӣ 15,7 фоиз, саноат 11,2 фоиз, хизматрасонӣ 10,6 фоиз, сохтмон 2,5 фоиз, нақлиёт 0,7 фоиз ва дигар соҳаҳо 4,8 фоиз рост меояд.

Ба соҳибкории истеҳсолӣ аз ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда 37,9 фоиз рост омада, маблағи 2,5 млрд. сомониро ташкил дод. Аз ҳаҷми умумии қарзҳои дар ин давра додашуда 64,4 фоиз ё ба маблағи 4,2 млрд. сомонӣ ба соҳибкорон рост меояд.

Дар ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда 72,9 фоиз қарзҳои хурд мебошанд, ки маблағи 4,7 млрд. сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,7 фоиз афзудааст.

Ба санаи 30 июни соли 2022 аз шумораи умумии кормандони низоми бонкӣ 38,5 фоизро бонувон ташкил медиҳанд, ки 18,6 фоизи онҳо ба бахши роҳбарикунанда рост меоянд.

Бо мақсади вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ва васеъ намудани инфрасохтори пардохтӣ, рушди хизматрасониҳои фосилавии бонкӣ Бонки миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои қарзии молиявӣ тамоми чораҳои заруриро андешида истодааст.

Ба санаи 30 июни соли 2022 шумораи кортҳои пардохтии бонкии ба муомилот баровардашуда 4,2 млн. ададро ташкил дода, нисбат ба ҳамин санаи соли гузашта 28 фоиз зиёд мебошад. Теъдоди умумии ҳамёнҳои электронии ташкилотҳои қарзии молиявӣ наздики 5 млн. ададро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,0 млн. адад (70 фоиз) афзоиш ёфт.

NBTL9383.jpg

Барои хизматрасонии дорандагони кортҳои пардохтӣ ба санаи 30 июни соли 2022 дар ҷумҳурӣ аз ҷониби 20 ташкилоти қарзии молиявии ватанӣ дар маҷмуъ 1 529 адад банкомат ва 5 773 адад терминалҳои электронӣ насб карда шудаанд. Дар муқоиса ба ҳамин санаи соли 2021 шумораи банкоматҳо 300 адад ва шумораи терминалҳои электронӣ 409 адад зиёд шудаанд.

Инчунин, бо мақсади рушди хизматрасониҳои фосилавии бонкӣ ва зиёд намудани ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар муассисаҳои савдо ва хизматрасонӣ фаъолона QR-рамз насб карда истодаанд, ки аз ҷиҳати хароҷот ва дастгирии техникӣ назар ба терминалҳои электронӣ нисбатан камхарҷ буда, барои истифодабарандагони он имконияти васеътарро барои пардохтҳои ғайринақдӣ фароҳам меоранд. Ба санаи 30 июни соли 2022 дар муассисаҳои савдо ва хизматрасонии ҷумҳурӣ 14 825 адад QR-рамз мавриди истифода қарор дода шудаанд, ки нишондиҳандаи мазкур нисбат ба ҳамин санаи соли гузашта 6 902 адад (87 фоиз) зиёд мебошад.

Дар моҳҳои январ-июни соли 2022 дар муассисаҳои савдою хизматрасонии кишвар тавассути воситаҳои электронии пардохтӣ (кортҳои пардохтӣ ва ҳамёнҳои электронӣ) 14,3 млн. адад амалиётҳои ғайринақдии пардохти молу хизматрасониҳо ба маблағи 2,9 млрд. сомонӣ анҷом дода шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 аз рӯи шумора 31,2 фоиз ва аз рӯи ҳаҷми амалиёти гузаронидашуда 96,9 фоиз афзоиш ёфтаанд.

Дар ин давра таносуби ҳаҷми амалиётҳои гирифтани пули нақд ва пардохти ғайринақдии молу хизматрасониҳо бо истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ (кортҳои пардохтӣ ва ҳамёнҳои электронӣ) 89,1 фоиз ба 10,9 фоизро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ ҳиссаи амалиётҳои ғайринақдӣ 1,2 банди фоизӣ зиёд гардидааст.

Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон” дар давоми моҳҳои январ-июни соли 2022 қабули муроҷиати шаҳрвандонро тариқи шифоҳӣ, телефонӣ, хаттӣ ва тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ мондааст, ки дар маҷмӯъ 734 адад, аз ҷумла 33 адад ба воситаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомотҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 74 адад тариқи хаттӣ бевосита ба Бонки миллии Тоҷикистон, 351 адад тариқи телефони боварӣ ва 276 адад ҳангоми қабули шаҳрвандон ворид гардиданд ва нисбати онҳо дар доираи салоҳият чораҳои дахлдор андешида шуд.

Дар рафти нишасти матбуотӣ намояндагони воситаҳои ахбори оммаи дохилию хориҷӣ бештар ба масъалаҳо вобаста ба дастуру супоришҳо аз Паёми Пешвои миллат оид ба ҷалби бештари сармояи дохиливу хориҷӣ ба низоми бонкӣ, пешниҳоди хизматрасониҳои дастрасу босифат, тавсеа бахшидани қарздиҳӣ ба соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, аз қабили саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, тақвият бахшидани низоми идоракунии хавфҳо, гузариш ба ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, инчунин ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои бонкӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, махсус дастгирии барномаи ХБА ва муносибатҳои муросилотӣ ва ғайра таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ба суолҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

  

Шуъбаи матбуот


Диданд: 100

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ