Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 19.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3898.27 3977.03
10 7677.05 7832.15
20 15220.64 15528.13
50 37822.25 38586.33
100 75525.14 77050.90

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Эълони Озмун

25.08.2022

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
барои ишғоли вазифаҳои холии зерин
О З М У Н
ЭЪЛОН МЕНАМОЯД


Департаменти сиёсати монетарӣ, тадқиқотӣ ва рушд
I
мутахассиси дараҷаи I шуъбаи таҳлили макроиқтисодӣ - (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • таҳсилоти олӣ дар самти иқтисодиёт, молия ва бонкдорӣ;
  • сатҳи кофии дониш дар соҳаи назарияи иқтисодӣ (макроиқтисодиёт), бахши молиявӣ-бонкӣ ва риёзиёт;
  • таҷрибаи корӣ дар самти таҳлилҳои макроиқтисодӣ, аз ҷумла бозори сармоя ва низоми бонкӣ афзалият дорад;
  • доштани қобилияти баланди таҳлиливу тадқиқотӣ ва хулосабарорӣ, маҳорати тайёр ва пешниҳод намудани рӯнамо дар таҳия ва омода намудани мавзуҳои таҳлилӣ, инчунин маҳорати баланди ибрози андеша тариқи хаттӣ ва шифоҳӣ;
  • пешбурди муросилот ва дигар ҳуҷҷатгузорӣ дар сатҳи баланд;
  • маҳорати баланди кор дар компиютер, донистани ҳатмии Ms Office (Excel, Word ва Power Point);
  • маҳорати омода намудани ҷадвалҳо, диаграммаҳо, ҳисобот маърузанависӣ ва ғайра;
  • доштани унвони илмҳои иқтисодӣ (Master’s in Finance or in Economics, PhD) афзалият дорад;
  • донистани забонҳои давлатӣ, англисӣ ва русӣ ҳатмист.

II
мутахассиси пешбари шуъбаи тадқиқотӣ ва моделсозӣ - (2 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • таҳсилоти олии иқтисодӣ, молиявӣ ва бонкдорӣ;
  • доштани дониши хуб дар соҳаи назарияи иқтисодӣ (макроиқтисодиёт), бахши молиявӣ-бонкӣ ва риёзиёт;
  • доштани дониши базавии эконометрикӣ афзалият дорад;
  • таҷрибаи корӣ дар соҳаи иқтисодиёт, аз ҷумла низоми бонкӣ, афзалият дорад;
  • доштани қобилияти кофии таҳлиливу тадқиқотӣ ва хулосабарорӣ, маҳорати тайёр ва пешниҳод намудани рӯнамову маъруза дар таҳия ва омода намудани мавзуҳои таҳлилӣ;
  • пешбурди муросилот ва дигар ҳуҷҷатгузорӣ дар сатҳи баланд;
  • малакаи касбии кор бо компиютер, донистани Ms Office (Excel, Word ва Power Point) ҳатмӣ ва донистани барномаҳои MATLAB ва Eviews афзалият дорад;
  • маҳорати омода намудани мукотибот, ҳисобот, пайнавиштҳо, лоиҳаҳо, ҳамчунин омода намудани ҷадвалҳо, диаграммаҳо ва ғайра;
  • доштани унвони илмҳои иқтисодӣ (Master’s in Finance or in Economics, PhD) афзалият дорад;
  • донистани забонҳои давлатӣ, англисӣ ва русӣ ҳатмист.

III
мутахассиси дараҷаи I шуъбаи тадқиқотӣ ва моделсозӣ - (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • таҳсилоти олӣ дар самти иқтисодиёт, молия ва бонкдорӣ;
  • сатҳи кофии дониш дар соҳаи назарияи иқтисодӣ (макроиқтисодиёт), бахши молиявӣ-бонкӣ ва риёзиёт;
  • таҷрибаи корӣ дар соҳаи иқтисодиёт, аз ҷумла низоми бонкӣ, афзалият дорад;
  • доштани қобилияти баланди таҳлиливу тадқиқотӣ ва хулосабарорӣ;
  • пешбурди муросилот ва дигар ҳуҷҷатгузорӣ дар сатҳи баланд;
  • маҳорати баланди кор дар компиютер, донистани Ms Office (Excel, Word ва Power Point) ҳатмӣ ва донистани барномаҳои MATLAB ва Eviews афзалият дорад;
  • маҳорати омода намудани мукотибот, ҳисобот, пайнавиштҳо, лоиҳаҳо, маърузанависӣ, ҳамчунин омода намудани ҷадвалҳо, диаграммаҳо ва ғайра. (дар Ms Office ва MacOS);
  • доштани унвони илмҳои иқтисодӣ афзалият дорад;
  • донистани забонҳои давлатӣ, англисӣ ва русӣ ҳатмист.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
  • ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
  • маълумотнома (справка-объективка);
  • варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
  • тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
  • расм 3 дона андозаи 3х4;
  • нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
  • нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
  • маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
  • маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
  • нусхаи билети ҳарбӣ;
  • нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).
Ҳуҷҷатҳоро дар нишонии зерин қабул менамоянд:
  • ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 38/1, Идораи кормандон
  • Барои маълумот - тел: + 992 (44) 600-32-32; +992 (44) 600-31-38
  • муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то санаи 14.09. 2022




Диданд: 548

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ