Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2022
  • Таваррум дар моҳи октябр
    0,4%
  • 5,2%
  • Пулҳои захиравӣ (октябр), млрд. сомонӣ
    36,5
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 01 ноябри с.2022)13,0
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (октябр)12,0%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2022
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ-октябр)
    10,62 %
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ-октябр)
    23,44 %
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ-октябр)
    23,86 %
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (октябр)
    20,01 %
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (октябр)
    17,93 %




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 08.12.2022

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3012.84 3073.71
10 5938.55 6058.52
20 11730.75 11967.73
50 29088.23 29675.87
100 58011.40 59183.34

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Декабр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    28 29 30 1 2 3 4
    5 6 7 8 9 10 11
    12 13 14 15 16 17 18
    19 20 21 22 23 24 25
    26 27 28 29 30 31 1
  • Яндекс.Метрика

Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом

01.11.2022

Санаи 01 ноябри соли 2022, дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) таҳти роҳбарии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Ализода Зариф (Раиси Комиссия), муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Салимзода Алиҷон бо иштироки намояндагони мақомоти дахлдори кишвар ва департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон (Департамент) баргузор гардид. 

NBTL3029.JPG

Раиси Комиссия дар оғози ҷаласа оид ба масъалаҳои марбут ба таҳдидҳо, аз қабили терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва аслиҳа, даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, нооромиҳои вақтҳои охир дар ҷаҳон ва зиёд шудани дигар шаклҳои ҷинояткорӣ, ки ҷомеаи ҷаҳониро нигарон намудааст, сухан ронда, ҳозиринро ҷиҳати пешгирӣ намудани ҳолатҳои номатлуб ва софдилона иҷро намудани вазифаҳои худ таъкид намуд.

Тибқи рӯзномаи ҷаласа аз ҷониби роҳбарияти Департамент вобаста ба иҷрои қарорҳои Пайнавишти ҷаласаи қаблии Комиссия маълумот пешниҳод гардид. Дар идома қайд карда шуд, ки аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор бандҳои “Нақшаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафъи камбудиҳои мутобиқати техникӣ ва баланд бардоштани самаранокии низоми МҚД/МТ/МПСҚО” амалӣ шуда истодааст. 

Ализода Зариф қайд намуд, ки гарчанде аз ҷониби мақомоти марбутаи кишвар қисмате аз бандҳои Нақшаи зикршуда иҷро шуда бошанд ҳам, аммо вазорату идораҳои дахлдорро лозим аст ҷиҳати иҷрои пурраи бандҳои вобастаи самти худ пайваста чораҷӯӣ намоянд. Ҳамзамон, намояндаи вазорати адлия фикру мулоҳизаҳои худро дар мавриди корбарӣ бо ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ дар доираи гурӯҳи кории байниидоравӣ ва корҳои иҷрошуда иброз намуд. 

NBTL3017.JPG

Сипас аз ҷониби намояндаи Департамент маълумот оид ба баргузории масъалаҳои марбутаи ҷаласаҳои Гурӯҳи Авруосиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда (ГАО) ва натиҷаҳои бадастовардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт манзур карда шуд. 

Қобили қайд аст, ки тибқи Рӯзномаи ҷаласа, яке аз масъалаҳои муҳими баррасишаванда баргузории ҷаласаи 37-уми пленарии ГАО дар кишварамон моҳи ноябри соли равон ба ҳисоб меравад.

Роҳбари Комиссия дар баррасии масъалаҳо оид ба тадбирҳои тадорукотӣ-ташрифотӣ барои омодагӣ ба баргузории ҷаласаи 37-уми ГАО, ки аз 21 то 25-уми ноябри соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст, аъзои Комиссия ва намояндагони вазорату идораҳои мутасаддиро барои дар сатҳи лозимӣ баргузор намудани чорабинӣ таъкид намуд.

Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Салимзода Алиҷон вобаста ба раванди тадорукотӣ-ташрифотӣ ва баргузории маъракаи сиёсӣ ибрози ақида намуд, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахдори кишвар, тибқи нақша иҷроиши чорабиниҳои тасдиқшуда пайгирӣ карда мешаванд.

Дар интиҳо, Раиси Комиссия иштирокчиёни ҷаласаро ба рӯзи қабули Қонуни асосӣ ва ҳуҷҷати сарнавиштсоз – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 6-уми ноябр дар тамоми кишвар ҳамчун санаи таърихӣ ҷашн гирифта мешавад, табрик намуд.

Лозим ба ёдоварист, ки Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти дахлдори давлатӣ дар татбиқи стандартҳои МҚД/МТ/МПСҚО аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдор бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2013, таҳти №443 таъсис дода шудааст.


Департаменти мониторинги молиявӣ


Диданд: 590

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ