Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2022
  • Таваррум дар моҳи октябр
    0,4%
  • 5,2%
  • Пулҳои захиравӣ (октябр), млрд. сомонӣ
    36,5
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 01 ноябри с.2022)13,0
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (октябр)12,0%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2022
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ-октябр)
    10,62 %
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ-октябр)
    23,44 %
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ-октябр)
    23,86 %
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (октябр)
    20,01 %
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (октябр)
    17,93 %




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 02.12.2022

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3026.51 3087.65
10 5965.88 6086.40
20 11785.40 12023.49
50 29224.87 29815.28
100 58284.68 59462.15

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Декабр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    28 29 30 1 2 3 4
    5 6 7 8 9 10 11
    12 13 14 15 16 17 18
    19 20 21 22 23 24 25
    26 27 28 29 30 31 1
  • Яндекс.Метрика

Ҳамкориҳо байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ баррасӣ гардиданд

10.11.2022

8 ноябри соли 2022 раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло бо ноиби Президенти минтақавии Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ дар Шарқи наздик, кишварҳои Осиёи Марказӣ, Туркия, Афғонистон ва Покистон Ҳела Шейхроухи мулоқот анҷом дод.

Дар ибтидо раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким ҳайати Корпоратсияи Байналмилалии Молиявиро ба Бонки миллии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, аз ҳамкории дуҷониба дар самти рушди низоми бонкии кишвар изҳори сипос намуд.

01-min.JPG

Дар доираи вохӯрӣ раиси Бонки миллии Тоҷикистон диққати  намояндагони КБМ-ро ба масъалаҳои рушди самтҳои афзалиятноки кишвар, аз қабили рушди бозорҳои молиявӣ, инфрасохтор, истеҳсолот, саноат, соҳибкории кишоварзӣ ҷалб намуда, изҳор дошт, ки барои рушди ин соҳаҳо зиёд намудани ҳаҷми қарздиҳии имтиёзноки дарозмуддат, бахусус ба бахшҳои соҳибкории хурд ва миёна, ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон ва махсусан занони соҳибкор муҳим аст.

Ҳоким Холиқзода нақши муҳими шарикони рушд, бахусус Корпоратсияи Байналмилалии Молиявиро дар таъмини рушди устувори низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуда, қайд кард, ки айни замон иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар вазъи мураккаби геосиёсӣ ба ҳамкориҳои самаровар бо созмонҳои молиявии байналмилалӣ ҳавасманд мебошад.  

02-min.JPG

Бо назардошти он, ки солҳои охир фаъолияти бонкҳои тиҷоратӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон густариш ёфта истодааст, барои мо масъалаи ба роҳ мондани муносибатҳои бевоситаи муросилотӣ муҳим аст. Дар ин самт ҳамкории мутақобилан судманди шарикони рушдро барои мусоидат дар ташкили муколама байни ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон ва бонкҳои Аврупо ва Амрико зарур шуморида, пешниҳоди тавсияҳоро дар ин самт истиқбол хоҳем кард, – таъкид намуд раиси Бонки миллии Тоҷикистон.

03-min.JPG

Ноиби Президенти минтақавии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Шарқи наздик, кишварҳои Осиёи Марказӣ, Туркия, Афғонистон ва Покистон Ҳела Шейхроухи дар навбати худ изҳори хушнудӣ кард, ки низоми бонкии Тоҷикистон сол то сол рушд намуда, ба комёбиҳои назаррас ноил гашта истодааст. Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ, - гуфт номбурда, - нақша дорад дар татбиқи лоиҳаҳои зиёд дар Тоҷикистон саҳм гузорад ва доираи ҳамкориҳои худро дар ин кишвари зебоманзар, ки дорои фарҳанги куҳанбунёд мебошад, амиқтар намояд. Ба андешаи Ҳела Шейхрухоу, тавре таҷрибаи чандсолаи ҳамкории дуҷониба нишон дод, Бонки миллии Тоҷикистон дар самти рушди иқтисоди мамлакат нақши назаррас гузоштааст.

Зимни мулоқоти судманд ҷонибҳо ҷиҳати тавсеаи бештари ҳамкориҳои техникӣ дар самтҳои рушди бахши суғурта, ҷалби мушовирони дарозмуддат дар бахши суботи молиявӣ, таҳкими минбаъдаи механизмҳои танзим ва назорати фаъолияти ташкилотҳои молиявии қарзӣ, аз ҷумла муайян, идоракунӣ ва кам кардани таъсири хавфҳои молиявӣ, гузаронидани стресс-тестҳои фаъолияти бонкҳо ва низоми назорати бонкӣ дар доираи стандартҳои Базел, такмили методология ва истифодаи технологияҳои ҷамъоварӣ ва таҳлили иттилоот дар соҳаи низоми пардохт, таҳияи консепсияи ҷорӣ намудани рақами ягонаи мушаххаси бонкӣ, таъсиси Маркази байнибонкии мушаххаскунии назди БМТ, таҳкими минбаъдаи механизмҳои танзим ва назорати фаъолияти субъектҳои низоми пардохтӣ дар самти пешниҳоди хизматрасониҳои пардохти фосилавӣ, дастгирии консепсияи пардохти ғайринақдӣ барои хизматрасониҳои давлатӣ, таҳияи заминаи меъёрӣ оид ба ҷорӣ намудани коммутатори ягона барои иштирокчиёни бозори пардохт ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ ибрози назар намуданд.

04-min.JPG

Қайд кардан бамаврид аст, ки дар ҷараёни суҳбат тарафҳо оид ба рушди пардохти ғайринақдӣ сухан ронда, иброз намуданд, ки сол то сол Тоҷикистон дар ин соҳа ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил гашта,  дар рушди иқтисодиёти кишвар натиҷаи мусбии худро гузошта истодааст.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким бори дигар ҳавасмандии худро барои идомаи ҳамкориҳои судманд иброз намуда, қайд кард, ки ҷиҳати таъмини рушди иқтисодӣ ва тавсеаи низоми бонкии Тоҷикистон ташаббусҳои созандаи ин созмони бонуфузи ҷаҳониро дастгирӣ ва барои татбиқи он тадбирҳои судмандро амалӣ хоҳад кард.

Дар фарҷоми мулоқот ҳамкориҳои дуҷонибаи Бонки миллии Тоҷикистон ва Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ, дурнамои рушди бахши молиявии кишвар, ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ба бахши молиявии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои мавриди назарро баррасӣ намуданд.

Шуъбаи матбуоти

БМТ


Диданд: 565

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ