Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2022
  • Таваррум дар моҳи октябр
    0,4%
  • 5,2%
  • Пулҳои захиравӣ (октябр), млрд. сомонӣ
    36,5
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 01 ноябри с.2022)13,0
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (октябр)12,0%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2022
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ-октябр)
    10,62 %
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ-октябр)
    23,44 %
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ-октябр)
    23,86 %
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (октябр)
    20,01 %
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (октябр)
    17,93 %




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 02.12.2022

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3026.51 3087.65
10 5965.88 6086.40
20 11785.40 12023.49
50 29224.87 29815.28
100 58284.68 59462.15

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Декабр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    28 29 30 1 2 3 4
    5 6 7 8 9 10 11
    12 13 14 15 16 17 18
    19 20 21 22 23 24 25
    26 27 28 29 30 31 1
  • Яндекс.Метрика

Мулоқоти маҷозии низомҳои бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон баргузор шуд

11.11.2022

4 ноябри соли ҷорӣ мулоқоти маҷозии роҳбарони воҳидҳои сохтории Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзии молиявии ҷумҳурӣ бо  мушовири калони бонкдории корпоративӣ ва байналмилалии Ассотсиатсияи бонкҳои Ҳиндустон ҷаноби В. Чандрасекар баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ инчунин, намояндагони як қатор бонкҳои Ҷумҳурии Ҳиндустон, аз қабили бонкҳои давлатӣ, бонкҳои хусусӣ, намояндагиҳои бонкҳои хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Ҳиндустон фаъолият менамоянд ва намояндагони Бонки захиравии Ҳиндустон, ки бонки танзимкунанда дар ин кишвар маҳсуб меёбад, ширкат варзиданд.

Нахуст намояндаи масъули Бонки миллии Тоҷикистон ба Ассотсиятсияи бонкҳои Ҳиндустон барои омодагӣ дар ташкили мулоқоти мазкур бо бонкҳои Ҷумҳурии Ҳиндустон миннатдорӣ баён намуда, аҳли нишастро мухтасар бо вазъи низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос кард.

Иттилоъ дода шуд, ки баъди давраи бемории сироятии COVID-19 барқароршавии иқтисодиёти кишвар, аз ҷумла низоми бонкӣ қаноатбахш буда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 дороиҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба 19,9 фоиз, сармояи тавозунии ташкилотҳои қарзии молиявӣ 25,9 фоиз ва дигар нишондиҳандаҳои асосии молиявӣ афзоиш ёфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот қайд гардид, ки Бонки миллии Тоҷикистон ҳавасмандии худро ҷиҳати густариши муносибатҳои низоми бонкӣ бо  Ҷумҳурии Ҳиндустон, аз ҷумла дар самти барпо кардани муносибатҳои муросилотӣ байни бонкҳои тиҷоратии ду кишвар, кушодани суратҳисобҳои муросилотии бонкҳои кишвар дар бонкҳои Ҷумҳурии Ҳиндустон, тавсеаи ҳамкории мутақобилаи низомҳои пардохтӣ, имконияти таъсис додани намояндагиҳои бонкҳои Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор менамояд.

сомона-min.JPG

Таъкид карда шуд, ки бо назардошти низоми бонкии рушдёфтаи Ҷумҳурии Ҳиндустон ва амалияи пешрафтаи он, вусъат додани муносибатҳои боэътимод бо бонкҳои Ҳиндустон ба манфиати кор буда, афзоиши гардиши савдо байни ҳарду кишвар дар солҳои охир тарафҳоро водор месозад, ки баҳри тақвият бахшидани муносибатҳои байнибонкӣ ва дар ин робита боз ҳам зиёд намудани ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни кишварҳои Тоҷикистону Ҳиндустон чораҳои дахлдор андешида шаванд.

Зимни суханронии худ мушовири калони бонкдории корпоративӣ ва байналмилалии Ассотсиатсияи бонкҳои Ҳиндустон В. Чандрасекар оид ба имкониятҳои низоми бонкии Ҳиндустон ба иштирокчиён маълумоти муфассал дод. Мавсуф иброз дошт, ки бонкҳои Ҳиндустон, аз ҷумла Бонки давлатии Ҳиндустон, Бонки Барода, Бонки Ҳиндустон ва Юнион Бонк ба низоми байналмилалии SWIFT пайваст мебошанд ва метавонанд хизматрасониҳои бонкӣ ва амалиёти пешрафтаи байналмилалиро ба анҷом расонанд. Илова бар ин, бонкҳои Ҳиндустон хизматрасониҳоро дар бахшҳои муносибатҳои муросилотӣ, хизматрасониҳои пардохтӣ,  маблағгузории савдо, интиқоли пулӣ ва ғайра амалӣ менамоянд ва омодаанд  ҳамкориро бо ташкилотҳои қарзии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намоянд.

Дар робита ба ин, намояндагони ташкилотҳои қарзии молиявии Тоҷикистон ҳавасмандии худро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо бонкҳои Ҳиндустон изҳор намуда, қайд карданд, ки бонкҳои ҷониби Тоҷикистон дар ин самт аллакай қадами аввалро гузошта, барои кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ ба бонкҳои Ҳиндустон дархост ирсол кардаанд.

Дар ҷавоб ба дархосту пешниҳодҳои зикршуда намояндагони бонкҳои Ҳиндустон низ, омодагии худро барои ҳамкорӣ бо бонкҳои Тоҷикистон ва баррасии дархостҳои онҳо ҷиҳати кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ изҳор доштанд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки дар ҷараёни мулоқот имконияти кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ бо истифодаи асъорҳои ҳарду кишвар низ баррасӣ гардид. Дар робита ба ин, қайд карда шуд, ки татбиқи ҳисоббаробаркуниҳо бо асъорҳои миллӣ метавонад ба тезонидани раванди амалисозии пардохтҳо мусоидат намояд.

Дар қисмати ҷамъбастии мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои рушди бемайлони ҳамкориҳо байни низомҳои бонкии Ҳиндустону Тоҷикистон, ташкилотҳои қарзии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархостҳои худро барои кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон барои ирсоли минбаъдаи онҳо ба ҷониби Ҳиндустон тавассути сафорати ин кишвар дар Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

Шуъбаи матбуоти

БМТ


Диданд: 409

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ