Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2022
  • Таваррум дар моҳи декабр
    0,2%
  • 4,2%
  • Пулҳои захиравӣ (декабр), млрд. сомонӣ
    38,4
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 06 феврали с.2023)11,0
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (декабр)11,49%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2022
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ-декабр)
    10,43 %
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ-декабр)
    23,34 %
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ-декабр)
    16,15 %
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (декабр)
    19,97 %
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (декабр)
    17,57 %




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 07.02.2023

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3212.86 3277.77
10 6338.60 6466.65
20 12530.83 12783.98
50 31088.45 31716.50
100 62011.84 63264.61

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Феврал      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    30 31 1 2 3 4 5
    6 7 8 9 10 11 12
    13 14 15 16 17 18 19
    20 21 22 23 24 25 26
    27 28 1 2 3 4 5
  • Яндекс.Метрика

Рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ як қатор бартариятҳоро фароҳам меоварад

01.12.2022

Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат ҷиҳати вусъат бахшидани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар муомилоти пулии кишвар дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои давлатӣ, ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва шарикони рушд мунтазам тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст.

Бо ин мақсад як қатор ташкилотҳои қарзии молиявии ватанӣ технологияҳои муосири пардохтиро татбиқ намуда, ба аҳолӣ имкониятҳои осон, дастрас ва ба таври ғайринақдӣ пардохт намудани молу хизматрасониҳоро пешниҳод менамоянд. Дар баробари ин, ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар амал татбиқ намудани технологияҳои муосири хизматрасониҳои фосилавии бонкӣ, аз қабили кортҳои пардохтии бонкӣ, ҳамёнҳои электронӣ, бонкдории мобилӣ, Интернет-бонкинг ва пардохтҳо тавассути POS – терминал ва QR-рамзро дар сатҳи зарурӣ идома медиҳанд. Аз ҷониби ташкилотҳои мазкур мунтазам корҳои ҳавасмандгардонии муштариён барои истифодабарии воситаҳои электронии пардохтӣ ва вусъат додани пардохтҳои ғайринақдӣ анҷом дода мешаванд, ки пешниҳоди “Cash back”, яъне баргардонидани маблағи муайян ба муштарӣ дар мавриди пардохти ғайринақдӣ, аксияҳои бурднок, бонусҳо, пешниҳоди фоиз ба бақияи суратҳисобҳои кортҳои пардохтӣ ва ғайра аз қабили онҳо мебошанд.

Қобили қайд аст, ки дар айни замон шабакаи терминалии ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ васеъ паҳн гардида, кортҳои пардохтии бонкии низоми пардохтии миллии “Корти миллӣ”, инчунин низомҳои пардохтии байналмилалии Visa, Mastercard, UnionPay ва American Express – ро хизматрасонӣ менамояд. Ин дастовард ба аҳолӣ имкон медиҳад, ки амалиёти пардохти ғайринақдии молу хизматрасонӣ, гирифтани пули нақд ва дигар хизматрасониҳоеро, ки аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявии кишвар роҳандозӣ гардидаанд, бе мамоният анҷом диҳад.

Тазаккур бояд дод, ки ба санаи 31 октябри соли 2022 аз ҷониби 21 ташкилоти қарзии молиявӣ дар маҷмуъ 4 821,2 ҳаз. адад кортҳои пардохтии бонкӣ ба муомилот бароварда шуданд, ки шумораи онҳо нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 50,1 фоиз зиёд мебошад.

Ташкилотҳои қарзии молиявӣ барои бо пули нақд таъмин кардани дорандагони кортҳои пардохтии бонкӣ 1 602 адад банкомат ва 2 074 адад терминали электронӣ насб намудаанд. Нишондиҳандаҳои мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 мувофиқан 21,1 фоиз ва 13,8 фоиз зиёд мебошанд. Илова бар ин, барои қабули пардохтҳои ғайринақдии молу хизматрасонӣ дар нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ 3 933 адад POS - терминал ва 16 861 адад QR–рамз насб карда шуданд, ки назар ба ҳамин давраи соли 2021 теъдоди онҳо мувофиқан 29,6 фоиз ва 61,2 фоиз зиёд мебошанд.

Ҳамзамон қайд намудан бамаврид аст, ки дар амал татбиқ кардани технологияи интиқоли маблағҳои электронӣ яке аз равандҳои муосир дар низоми бонкии кишвар маҳсуб ёфта, аз соли 2018 инҷониб ташкилотҳои қарзии молиявӣ ин усули пардохтҳои ғайринақдиро ба муштариёни худ пешниҳод менамоянд. 

Боиси хурсандист, ки дар айни замон, 17 ташкилоти қарзии молиявӣ хизматрасонии ҳамёни электрониро ба аҳолӣ роҳандозӣ намудаанд ва теъдоди умумии ҳамёнҳои электронӣ ба 6,14 млн. адад баробар гардидааст, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса ба санаи 31 октябри соли 2021 ба андозаи 3,08 млн. адад ё 2,0 маротиба зиёд мебошад.

Бо истифода аз маблағҳои электронӣ муштариён имкон пайдо карданд, ки як қатор хизматрасониҳоро, аз қабили пардохти молу хизматрасониҳо дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ, пардохти ҳаққи хизматрасониҳои коммуналӣ, баъзе аз намудҳои андоз, пардохти қарз, интиқоли маблағ ба дигар ҳамёни электронӣ, пардохти хизматрасониҳои алоқа ва ғайра, тавассути смартфонҳо ба таври ғайринақдӣ анҷом диҳанд.

Ба ин тартиб, дар моҳҳои январ-октябри соли 2022 бо истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ (кортҳои пардохтии бонкӣ ва ҳамёнҳои электронӣ) 26,3 млн. адад амалиётҳои ғайринақдӣ ба маблағи 6,08 млрд. сомонӣ гузаронида шуданд, ки ин нишондиҳандаҳо назар ба ҳамин давраи соли 2021 аз рӯи шумора 41,9% фоиз ва аз рӯи ҳаҷми амалиёти гузаронидашуда 2,2 маротиба зиёд мебошад.

Инчунин, бо васеъ намудани имкониятҳои истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ ҳангоми пардохт намудани хизматрасониҳои давлатӣ аз ҷониби аҳолӣ ва аз байн бурдани омилҳои инсонӣ ҳангоми ҳисоббаробаркуниҳо, дар заминаи татбиқи “Стратегияи рушди низоми пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2025” қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2018, №565 “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ” ба тавсиб расидааст.

Дар робита ба иҷрои талаботи қарори мазкур шуруъ аз соли 2019 аз ҷониби вазорату идораҳо, корхонаю муассисаҳои давлатӣ, ки хизматрасониҳои пулакиро ба аҳолӣ пешниҳод менамоянд, дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои қарзии молиявӣ имконияти пардохти ғайринақдии як қатор хизматрасониҳои давлатӣ, аз қабили пардохти ҳаққи истифодаи қувваи барқ, об ва дигар хизматрасониҳои коммуналӣ, нақлиёти ҷамъиятӣ, пардохти маблағи раводид, бозрасии давлатии автомобилӣ (қисман), тандурустӣ (қисман), алоқаи телефони шаҳрӣ, пардохти маблағҳои андоз тавассути Интернет эквайринг, бонкдории мобилӣ ва терминалҳои электронӣ бо истифодаи кортҳои пардохтии бонкӣ ва ҳамёнҳои электронӣ таъмин карда шуда истодааст.

Бояд қайд кард, ки оммавӣ гаштани истифодабарии воситаҳои электронии пардохтӣ (кортҳои пардохтии бонкӣ, ҳамёнҳои электронӣ ва ғ.) ҳангоми пардохти молу хизматрасониҳо барои вусъат ёфтани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар муомилоти пулии кишвар мусоидат намуда, як қатор бартариятҳоро фароҳам меоварад, аз ҷумла:
- дар иқтисодиёт ҷараёнҳои молиявӣ шаффоф гардида, ҳаҷми иқтисодиёти ғайрирасмӣ коҳиш меёбад ва боиси зиёдшавии воридоти маблағҳои андоз мегардад, инчунин барои ҷалби сармояи хориҷӣ шароити мусоид фароҳам меоварад;
- пардохти молу хизматрасонӣ, аз ҷумла пардохтҳои давлатӣ осон ва дастрас (24/7) гардида, талаботи аҳолӣ ба пули нақд коҳиш меёбад. Дар натиҷа, навбатпоӣ дар назди банкоматҳо ва хазинаҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ барои гирифтани пули нақд кам шуда, боиси сарфаи вақту хароҷоти роҳкирои аҳолӣ мегардад;
- ташкилотҳои қарзии молиявӣ имкон пайдо мекунанд, ки амалиётҳои иловагиро коҳиш дода, вақтро сарфа намоянд ва бо тезонидани суръати пешниҳоди хизматрасониҳои бонкӣ муштариёни навро ҷалб кунанд.


Шуъбаи матбуоти
БМТ.


Диданд: 813

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ