Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2023
  • Таваррум дар моҳи апрел
    0,5%
  • 3,4%
  • Пулҳои захиравӣ (апрел), млрд. сомонӣ
    34,9
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 01 майи с.2023)10,0
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (апрел)9,93%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2023
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ-апрел)
    12,55 %
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ-апрел)
    23,13 %
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ-апрел)
    15,19 %
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (апрел)
    20,74 %
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (апрел)
    22,47 %




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 07.06.2023

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3547.22 3618.88
10 6974.95 7115.85
20 13816.43 14095.55
50 34311.71 35004.88
100 68504.06 69887.98

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Феврал      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    30 31 1 2 3 4 5
    6 7 8 9 10 11 12
    13 14 15 16 17 18 19
    20 21 22 23 24 25 26
    27 28 1 2 3 4 5
  • Яндекс.Метрика

Ду миллиарду 335,4 млн. сомонӣ

06.02.2023

Чунин аст натиҷаи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Тавре ҳамватанони азиз иттилоъ доранд, дуюми июли соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» имзо гузошта буданд. Фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармояи шаҳрвандон ба иқтисодиёти миллӣ, таъмин намудани шаффофият, коҳиш додани ҳиссаи иқтисодиёти пинҳонӣ, бозгардонии дороӣ ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иқтисодиёти миллии Тоҷикистон, фаъол намудани сармоягузорӣ барои рушди соҳибкорӣ ҳадафҳои ин санади меъёрии ҳуқуқӣ маҳсуб шуда, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дороӣ ва маблағҳояшонро тибқи он қонунӣ гардониданд, барои ҳуқуқвайронкунии содиршудаи ба ин дороӣ ва маблағҳо алоқаманд аз ҷавобгарии ҷиноятӣ, маъмурӣ ва интизомӣ озод карда шуданд.

Лозим ба ёдоварист, ки гурӯҳи кории байниидоравӣ аз намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон, вазоратҳои адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо, кумитаҳои давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, идораи замин ва геодезӣ, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Прокуратураи генералӣ, Суди Олии иқтисодӣ таъсис дода шуд ва онҳо ду моҳ заҳмат кашиданд. Таклифу пешниҳод ва эродҳо зиёд буданд ва аъзои гурӯҳ онҳоро дар алоҳидагӣ мавриди омӯзиш қарор дода, фикри аксариятро ба назар гирифтанд.

- Татбиқи қонуни зикршуда чӣ натиҷа дод? — бо ин савол ба раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода муроҷиат намудем.

Бино ба гуфти номбурда, аз 30- юми августи соли 2021 то 31- уми декабри соли 2022 маблағи қонунигардонидашуда ду миллиарду 335,4 млн. сомониро ташкил додааст. Маълум гардид, ки аз ин маблағ 501,1 млн. сомонӣ амонати муҳлатнок, 904,6 млн. сомонӣ сармоягузорӣ ва 929,7 млн. сомонӣ ба самтҳои дигар рост меояд.

Бамаврид аст аз қонуни соли 2002 қабулгардида ёдовар шавем. Дар заминаи он ҳамагӣ 528 миллион сомонӣ қонунӣ гардонида шуд, ки ба 15,6 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилии он вақт баробар буд. Зиёда аз 80 фоизи ин маблағ бо доллари ИМА буда, дар он марҳила пасандози аҳолӣ зиёд гардид.

Ҳоким Холиқзода аз он ёдовар шуд, ки ҳангоми таҳияи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз таҷрибаи солҳои гузашта оид ба қонунигардонии маблағҳо, ки бо қонунҳои алоҳидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2002 ва 2010 амалӣ гардида буданд, инчунин таҷрибаи қонунигардонии молу мулк, ки бо қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2007 амалӣ гардида буд, ба назар гирифта шуданд. Ҳамзамон, дар консепсияи қонуни амалкунанда, таҷрибаи муваффақи давлатҳои алоҳида низ мадди назар қарор дошт. Хусусияти фарқкунандаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз қонунҳои қаблан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулшуда ҷиҳати амалӣ намудани қонунигардонӣ дар он аст, ки:

- маблағ ва дороиҳоро фаро гирифта, инчунин ба шаҳрвандон имконияти қонунигардонии маблағу дороиҳои дар хориҷа доштаи худро низ медиҳад;

- манфиати иқтисодии қонунигардонии номгӯи муайяни дороиҳо ва маблағ ҳамчун асос ба назар гирифта шудааст. Аз ин лиҳоз, мақcади қонун фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармояи шаҳрвандон ба иқтисоди миллӣ, таъмин намудани шаффофият, коҳиш додани ҳиссаи иқтисоди пинҳонӣ, бозгардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иқтисоди миллӣ, фаъол намудани сармоягузорӣ барои рушди соҳибкорӣ муқаррар шудааст, ки ба мақсадҳои таҷрибаи ҷаҳонии барномаҳои авфи дороиҳо мутобиқ мебошад;

- авфи шаҳрвандонро барои ҳуқуқвайронкунии ҷиноятӣ, маъмурӣ ва интизомӣ вобаста ба дороиҳо ва маблағҳо то қабули ин санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ менамояд;

- доираи имтиёзу кафолатҳои бештарро муқаррар мекунад;

- қайд кардан зарур аст, ки аз соли 2004 Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узв ба Гурӯҳи АвруОсиё оид ба муқовимат ба қонунигардони даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм шомил мебошад. Лозим ба ёдоварист, ки ҷаласаи пленарии ФАТФ моҳи октябри соли 2012 санади «Таҷрибаи пешқадами идорасозии таъсири барномаи ихтиёран риоя намудани қонунгузории андоз аз нигоҳи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада ва маблағгузории терроризм» ва соли 2014 «Қоидаҳо барои кор бо барномаи ихтиёрии риояи қонунгузории андоз ва шарҳи он» — ро қабул намуд. 

Бинобар ин, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» принсипҳои асосӣ ва талаботи ин санадҳои ФАТФ ба назар гирифта шуданд.

Зери мафҳуми «маблағҳои шаҳрвандон», ки дар қонун қайд гардидааст, манзур пули миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, асъоре, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ё берун аз он дар шакли нақдӣ ё ғайринақдӣ қарор доранд, мебошад. Қонунигардонии маблағҳои шаҳрвандон тавассути бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, ҳангоми риоя гардидани тартиб ва шартҳои қонун бо шаҳодатномаи шакли муқарраргардида, ки бонкҳо пешниҳод менамоянд, тасдиқ карда мешавад.

Раиси Бонки миллӣ гуфт, ки металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни риояи талаботи қонунгузорӣ истихроҷ шудаанд ё бо маблағи дар эъломияи даромад ё объекти андозбандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондоданашуда харидорӣ шудаанд, металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, коғазҳои қиматнок, ҳиссаи иштирок дар сармояи оинномавии шахсони ҳуқуқӣ, инчунин, ҳама гуна молу мулки манқул ва ғайриманқул, ки берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағи дар эъломияи даромад ё объекти андозбандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондоданашуда харидорӣ гардида, таҳти ҳуқуқи моликияти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа қарор доранд ва молу мулки ғайриманқули худсарона сохташудаи шахсӣ ё дар фаъолияти соҳибкорӣ истифодашаванда дороиҳои аз муқаррароти қонун бархӯрдор ба ҳисоб мераванд.

Бо мақсади татбиқи муқаррароти қонун оид ба қонунигардонии маблағҳо бо қарори раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 6 — уми августи соли 2021 таҳти №126 санад ва ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи қонун тасдиқ карда шуда, қарори мазкур дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайди давлатӣ гирифта шудааст.

Ҷиҳати иҷрои муқаррароти қонун ва қарори ишорашудаи раёсати Бонки миллии Тоҷикистон, аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон корҳои муайян амалӣ гардиданд. Аз ҷумла, дар сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон дар қисмати заминаи меъёрии ҳуқуқӣ бахши алоҳида бо номи «Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба қонунигардонии маблағҳо» ташкил карда шуд, ки дар он санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор оид ба қонунигардонии маблағҳо ва роҳнамо дар шакли рӯнамои «Раванди қонунигардонии маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бонкҳо» барои дастрасии озод ҷойгир карда шуданд (https://nbt.tj/tj/amnesty);

Илова бар ин, моҳияти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба қонунигардонии маблағҳо ба бонкҳои ваколатдор дар шакли рӯнамо шарҳу тавзеҳ дода шуда, варақаҳои махсус (шаҳодатномаҳо) оид ба қонунигардонии маблағҳо нашр гардида, ба бонкҳои ваколатдор тақсим гардид.

Илова бар ин, ҳар моҳ тавассути идораи омор ва департаменти мониторинги молиявӣ ҳисоботи бонкҳои ваколатдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, инчунин ноҳияҳои шаҳри Душанбе оид ба қонунигардонии маблағҳо ҷамъоварӣ ва таҳлил мешаванд. Ҷиҳати қабули муроҷиати бонкҳои ваколатдор ва шаҳрвандон аз рӯи масъалаҳои марбут ба қонунигардонии маблағҳо ва додани шарҳу тавзеҳот ба онҳо хатти доимоамалкунанда низ фаъол мебошад.

Дороиҳо ва маблағе, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муомилоташон маҳдуд гардидааст ва ё аз муомилот гирифта шудаанд, инчунин, дороиҳо ва маблағҳое, ки то санаи мавриди амал қарор гирифтан ё дар давраи амали ин қонун ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба онҳо мавриди муҳокимаи судӣ қарор дорад, аз ин иқдом дар канор хоҳанд монд.

- Оё ҳолатҳое буданд, ки шаҳрвандон бинобар огоҳ набудан аз моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои қонунигардонии чунин дороиҳо ва маблағ муроҷиат карданд? — пурсидем аз раиси Бонки миллӣ.

- Бо чунин мазмун ба Бонки миллии Тоҷикистон муроҷиатҳо ворид нашудаанд, — гуфт номбурда.

- Ҷанбаи пурмоҳият махфияти маълумот оид ба қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳо, ки моддаи 4 муқаррар кардааст, маҳсуб мешавад. Тибқи он, «маълумот оид ба дороиҳо ва маблағҳои қонунигардонидашаванда, инчунин соҳибони онҳо махфӣ мебошад. Ифшои чунин маълумот танҳо аз ҷониби суд иҷозат дода мешавад, — афзуд ҳамсуҳбатам.

Омили дигари муҳим он аст, ки қонун барои шаҳрвандон имтиёзҳои андозӣ ва кафолатҳои давлатиро пешбинӣ менамояд. Онҳо кадомҳоанд?

Тавре Ҳоким Холиқзода гуфт, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дороиҳо (ба истиснои молу мулки ғайриманқул) ва маблағҳои худро тибқи ин санади меъёрии ҳуқуқӣ қонунӣ мегардонанд, дар давраи то амалӣ гардидани қонунигардонӣ ва давоми се соли пас аз мавриди амал қарор гирифтани қонун аз пардохти андозҳо, дигар пардохтҳои ҳатмӣ ва фоизу ҷаримаҳои ба чунин дороиҳо ва маблағҳои қонунигардонидашуда дахлдошта, инчунин, ба даромад аз онҳо, ба маблағҳои аз фурӯши дороиҳои қонунигардонидашуда дахлдошта озод мешаванд.

Ба ғайр аз ин, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки маблағи қонунигардонидашуда, аз ҷумла маблағ аз фурӯши дороиҳои қонунигардонидашударо дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ ҳамчун пасандози муҳлатнок ва ё амонати исломии муҳлатнок мегузоранд, ба объекти андозбандишавандаи шаҳрвандон дохил намешаванд.

Сокинони мамлакат, онҳое, ки молу мулки ғайриманқулро тибқи қонуни мазкур қонунӣ мегардонанд, дар давраи то амалӣ гардидани қонунигардонӣ тибқи қонун аз андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, инчунин, фоизҳо ва ҷаримаҳои ба чунин молу мулки ғайриманқул дахлдошта озод мешаванд ва дар ин давра молу мулки ғайриманқули қонунигардонидашуда мавриди андозбандӣ қарор намегирад.

Бо назардошти муҳимияти масъала, татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи январи соли 2022 натиҷагирӣ шуда, дар заминаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 20- уми июни соли 2022 қонунигардонӣ ба муҳлати як сол тамдид гардид.

Бо истинод ба суханони раиси Бонки миллӣ метавон хулоса намуд, ки татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» натиҷаҳои мусбат, аз ҷумла ворид гардидани сармояи иловагӣ ба низоми молиявӣ — бонкӣ ва ба ин васила, бештар гардидани маблағгузорӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти миллӣ, таъсис ёфтани ширкатҳои нав, беҳтар гардидани сармояи ширкатҳои амалкунанда, таъсиси ҷойҳои кории нав ва ба иқтисодиёти расмӣ баргардонида шудани маблағҳои андозсупорандагон аз иқтисодиёти пинҳонӣ, коҳиш ёфтани сатҳи иқтисодиёти ғайрирасмиро ба бор овардааст.

Илова бар ин, вусъат ёфтани гардиши қоғазҳои қиматнок, рушди маблағгузории сохтмони молу мулки ғайриманқул, маблағгузории хоҷагиҳои деҳқонӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, саноатӣ, инфрасохтори сайёҳӣ, минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва воридшавии сармоя аз хориҷи кишвару беҳтар гардидани мавқеи тавозуни пардохти ҷумҳурӣ пайомадҳои мусбати ин иқдом мебошанд.

Далер АБДУЛЛО,

№18 (4601) 31.01.2023, «Садои мардум»

https://sadoimardum.tj/i-tisod/du-milliardu-335-4-mln-somon/


Диданд: 790

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ