Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи январ
    0,4%
  • 3,8%
  • Пулҳои захиравӣ (январ) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (январ)5,21%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ)
    13,46 %
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ)
    23,54 %
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ)
    13,00%
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (январ)
    20,77%
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (январ)
    23,19%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 26.02.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3661.05 3735.01
10 7202.61 7348.11
20 14271.75 14560.07
50 35450.02 36166.18
100 70780.69 72210.60

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Декабр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    28 29 30 1 2 3 4
    5 6 7 8 9 10 11
    12 13 14 15 16 17 18
    19 20 21 22 23 24 25
    26 27 28 29 30 31 1
  • Яндекс.Метрика

Модар гаҳвораву оламро бо ҳам мепайвандад

07.03.2023

Ба ифтихори таҷлили ҷашни фархундаи Рӯзи Модар 7 марти соли 2023 дар Бонки миллии Тоҷикистон таҳти раёсати раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло ва иштироки кормандони бонк чорабинии бошукуҳ баргузор гардид.

NBTL7178-1.JPG

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода нахуст бонувонро бо фарорасии фасли нозанини баҳор ва Рӯзи фархундаи Модар, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо ҷашни расмӣ эълон шудааст, самимона муборакбод гуфта, иброз дошт, ки Модар азизтарин вуҷуди рӯи замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз гирифта, дар ҳамаи давру замон рамзи бақову сарсабзии зиндагии инсон аст

Бинобар ин, дар айёми баҳори сарсабз ва дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз мутобиқ омадани ҷашни Рӯзи Модар беҳикмат нест ва ин алоқамандиро собит менамояд.

NBTL7123-002.JPG

Воқеан маҳз мақоми баланди модар, заҳматҳои шабонарӯзӣ ва рафтори неку пур аз муҳаббати ӯ сабаб гардид, ки инсоният дар ҳама давру замон модарро ба сифати бузургтарин ва муқаддастарин инсон ҳамеша дӯст дорад ва азиз шуморад. Бинобар ин, мо ҳам ҳамеша рӯйи ниёз ба сӯйи модар дорем ва ҳангоми пеш омадани ҳар гуна мушкилот аз модарон мадад меҷӯем.

Ҳоким Холиқзода таъкид намуд, ки ҷашни расмии давлатӣ эълон шудани Рӯзи Модар дар Тоҷикистон барои боз ҳам баланд шудани мақоми зан – модар дар ҷомеаи мо шароити мусоид муҳайё намуд. Ҳамчунин боиси хурсандист, ки Пешвои муаззами миллат дар ҳар суҳбату мулоқот ва суханрониҳои худ ба масъалаҳои марбут ба модарон ва занону бонувон таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, ин қишри ҷомеаро ҳамчун неруи ташаббускор, масъулиятшинос ва кордону заҳматписанд эҳтиром, эътироф ва ҳамаҷониба дастгирӣ мекунанд.

NBTL7172-3.JPG

Тавре дар Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии занону бонувон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа бисёр тадбирҳои судмандро амалӣ намуд. Таъкид гардид, ки ҳоло аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 25 фоиз, аз ҷумла кадрҳои роҳбарикунанда қариб 20 фоизро бонувону занон ташкил медиҳанд. Ҳамзамон, теъдоди бонувону занон дар соҳаи маориф ба 73 фоиз, тандурустӣ 71, фарҳанг 47, бонкдорӣ 39, алоқа 25, аз ҷумла дар соҳаи хизматрасонии иттилоотӣ қариб 40 фоиз баробар шудааст.

Дар робита ба масъалаи модарон номбурда қайд намуд, ки аз ҷониби муассисаҳои бонкӣ дар соли 2022 ба зиёда аз 600 ҳазор занону бонувон маблағи беш аз 3 миллиарду 400 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба соли 2018-ум 2,4 баробар зиёд мебошад. Бешубҳа, рақамҳои зикршуда гувоҳи равшани фаъол будани занону бонувон дар рушди иқтисодиёти кишвар ба шумор меравад.

                                                                                                                                  NBTL7272-4.JPG

“Бояд гуфт, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон барои баланд бардоштани сатҳи тахассусии кормандон аз ҳисоби занон, таълим ва такмили ихтисоси онҳо, интихоб ва ҷобаҷогузории бонувони кордону соҳибмаърифат ба вазифаҳои роҳбарикунанда таваҷҷуҳи хос зоҳир карда мешавад. Дар айни замон занон 242 нафар ё 29%-и кормандони Бонки миллии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Аз ин шумора 38 нафари онҳо дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият мекунанд.

Соли гузашта 104 нафар мутахассиси бонк ба вазифаҳои баландтар гузаронида шуданд, ки аз ин шумора 27 нафарашон бонувон мебошанд. Бояд гуфт, ки дар оянда низ ҳангоми интихобу ҷобаҷогузорӣ ва қабули кормандон ба занону духтарони кордону болаёқат афзалияти бештар дода мешавад” – таъкид намуд Ҳ.Холиқзода.

Сипас, дар назди ҳозирин сардори шуъбаи тарҷумаи Бонки миллии Тоҷикистон Султон Ҳасан Баротзода дар мавзуи “Мақоми зан-модар дар даврони Истиқлоли давлатӣ” маъруза намуда, бонувонро бо ҷашни зебою нотакрори Рӯзи Модар муборакбод гуфт.

NBTL7160-5.JPG 

Дар рӯзгори мо занону бонувони мамлакат дар баробари фаъолият дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, тандурустӣ, хизмати давлатӣ, инчунин, дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, алоқа, сохтмону меъморӣ, бонкдорӣ, кишоварзӣ ва саноат, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар низ софдилонаву содиқона фаъолият доранд. Мо имрӯз дар байни бонувони тоҷик занони соҳибунвону соҳибрутба, аз ҷумла нахустин генерал бонувони тоҷикро мебинем, ки рӯзгоре пештар аз ин ба қавли устод Турсунзода “Қиссаи модаркалон буду хаёлу хоб буд”.

Мавсуф қайд намуд, ки занону модарони кишвар дар амалӣ шудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки ба хотири таълиму тарбияи насли наврас дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳову муқаддасоти миллӣ, худшиносию худогоҳӣ, гиромидошти таъриху фарҳанг, баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии сокинони мамлакат, ба танзим даровардани хароҷоти беасоси шаҳрвандон ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар ба тасвиб расидаанд, саҳми бештару арзандатар мегузоранд.

NBTL7246-6.JPG

Дар идомаи чорабинии тантанавӣ роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва намояндагони созмони ҷавонони бонк дар васфи модар, ки азизтарин вуҷуди рӯи замин буда, зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегирад, шеърҳо қироат намуданд.

Барномаи фарҳангию фароғатӣ аз ҷониби шогирдони Муассисаи давлатии “Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе”, ки асосан ба васфи зан-модар бахшида шуда буданд, хотири аҳли нишастро болида гардонид.

Дар фарҷоми чорабинӣ раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бори дигар занону духтарони бонк ва дар симои онҳо тамоми бонувони ҷумҳуриро бахшида ба ҷашни пуршукуҳ-Рӯзи Модар табрику таҳният гуфта, барояшон рӯзгори осуда ва саодати зиндагиро орзу намуданд.

Шуъбаи матбуоти
БМТ


Диданд: 1824

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ