- Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2023
- Таваррум дар моҳи август0,6%
- 4,2%
- Пулҳои захиравӣ (август) млрд. сомонӣ34,5
- Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат6% (±2)
- Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
(% солона) - Меъёри бозтамвил
(аз 01 майи с.2023)10,0 - Меъёри фоизи қарзи
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ - Меъёри фоизи амонати
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0 - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0 - Меъёри миёнавазни коғазҳои
қиматноки БМТ (август)8,38%
- Меъёри фоизӣ дар соли 2023
- Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ-август)12,86 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ-август)23,22 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ-август)15,84 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (август)20,71%
- Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (август)23,04%
- Қурби расмии асъор нисбат ба сомонӣ
-
дар 25.09.2023 1 USD 10.9608 1 EUR 11.6656 1 RUB 0.1140
- Ҳисоботҳои молиявӣ
- Соли молиявии 2022
- Соли молиявии 2021
- Ҳисоботи молиявии солҳои гузашта
- Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ
-
Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
44-600-32-77, 44-600-32-48
- Тақвими ахбор
Вохӯрии Ҳоким Холиқзода бо раиси Бонки миллии Швейтсария Томас Йордан дар ҷаласаҳои баҳории ХБА ва Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ дар шаҳри Вашингтони ИМА
Дар ҳошияи ҷаласаҳои баҳорӣ рӯзи 11 апрели соли 2023 раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо раиси Бонки миллии Швейтсария Томас Йордан мулоқот анҷом дод.
Дар оғози мулоқот раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз сатҳу сифати ҳамкорӣ бо Бонки миллии Швейтсария дар соҳаи бонкдорӣ, аз қабили расонидани кумакҳои техникӣ ва машваратӣ изҳори қаноатмандӣ намуд.
Қайд гардид, ки моҳи октябри соли сипаришуда ташрифи ҳайати Бонки миллии Швейтсария ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Бонки миллии Тоҷикистон сурат гирифт ва як қатор мулоқоту вохӯриҳои муфид ва самарабахш анҷом дода шуд.
Дар рафти мулоқот Ҳоким Холиқзода диққати Томас Йорданро ба иштироки сармояи хориҷӣ дар сармояи оинномавии ташкилотҳои қарзии кишвар ва кушодани филиалу намояндагиҳои бонкҳои Швейтсария дар қаламрави кишвар ҷалб намуд.
Таъкид гардид, ки новобаста ба вазъи мураккаби сиёсӣ дар минтақа ва ҷаҳон рушди нишондиҳадаҳои фаъолияти низоми бонкӣ тамоюли мусбат дошта, дар семоҳаи якуми соли 2023 дороиҳо ва сармояи ташкилотҳои қарзии молиявии кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 25,9 фоиз ва 24,7 фоиз зиёд мебошад. Ба санаи 31 марти соли 2023 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 64 ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла 15 бонк ва 49 ташкилоти маблағгузории хурд амал мекунанд.
Ҳамзамон, дар давоми солҳои ҳамкорӣ аз ҷониби Бонки миллии Швейтсария кумакҳои техникӣ ва машваратҳои методӣ дар самти идоракунии захираҳои байналмилалӣ, сиёсати пулию қарзӣ ва таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба идоракунии захираҳои байналмилалӣ амалӣ карда шуд.
Дар идомаи мулоқот аз ҷониби раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода таъкид карда шуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон ба сифати як ниҳоди муҳим дар баробари дигар самтҳо ба идоракунии хавфҳои амалиётӣ низ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда, дар ин самт ба стандартҳои муосир ва таҷрибаи бонкҳои марказии пешқадам такя менамояд. Азбаски Бонки миллии Швейтсария дар ин самт ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст, бинобар ин омӯхтани таҷрибаи бонки номбурда барои Бонки миллии Тоҷикистон аз манфиат холӣ нахоҳад буд.
Дар назар аст, ки зимни ҳамкорӣ ба масъалаҳои таҳияи нишондиҳандаҳои калидии хавфи амалиётӣ, истифодаи ченаки арзиш дар хавф (VAR) дар раванди идоракунии хавфи амалиётӣ, идорасозии мунтазамии фаъолият, идорасозии хавфи тарафҳои сеюм, хавфҳои киберамният, хавфҳои қаллобӣ, гузаронидани фишор санҷиши хавфҳои амалиётӣ, баҳодиҳии раванди идоракунии хавфи амалиётӣ аз ҷониби аудити дохилӣ ва ғайра таваҷуҳи хос зоҳир карда мешавад.
Ҳоким Холиқзода ҳамчунин оид ба масъалаи ноустувории молиявӣ дар ҷаҳон андешаронӣ карда, иброз дошт, ки раванди мазкур барои ба роҳ мондани азнавбаҳодиҳии хавфҳои эҳтимолӣ, беҳтарсозии фаъолияти низоми бонкӣ ва роҳу воситаҳои нави рушди минбаъда имкон фароҳам меорад. Вобаста ба ин, аз нав барқарор кардани равобити мустақими муросилотӣ бо бонкҳои аврупоӣ яке аз самтҳои муҳимми муносибатҳои дуҷониба арзёбӣ мегардад.
Дар ҷараёни мулоқот Томас Йордан оид ба ҳамкории техникӣ дар самти муносибатҳои байналмилалӣ ва идоракунии хавфҳо омодагии хешро баён намуд. Ҳамчунин номбурда иброз намуд, ки Бонки миллии Швейтсария омодааст дар давоми соли равон ҷиҳати баланд бардоштани дониш ва малакаи тахассусии кормандони Бонки миллии Тоҷикистон семинар ва дигар курсҳои омузиширо барои бахшҳои муҳим, аз қабили сиёсати пулию қарзӣ, ҳисобдорӣ ва дигар самтҳои афзалиятноки низоми бонкии кишвар ташкил ва баргузор намояд.
Дар анҷоми мулоқот раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ба раиси Бонки миллии Швейтсария Томас Йордан барои ҳамкории судманд дар самти бонкдорӣ изҳори сипос намуда, омодагии худро барои идома ва густариш додани муносибатҳои мутақобила баён дошт.
Шуъбаи матбуоти
БМТ
Диданд: 852
-
Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
Э.Раҳмон
- Шуъбаи матбуот
- Ахбор
- Нашрия ва интишорот
- Суолҳои бештар пешниҳодшаванда
- Шарҳи интишорот
- Видео ва Аудио
- Заминаи меъёрии ҳуқуқӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба қонунигардонии маблағҳо
- Қонунҳои соҳаи бонкӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи суғурта
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ оид ба бонкдории исломӣ
- Дигар санадҳо
- Лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Стратегияи БМТ