- Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2023
- Таваррум дар моҳи апрел0,5%
- 3,4%
- Пулҳои захиравӣ (апрел), млрд. сомонӣ34,9
- Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат6% (±2)
- Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
(% солона) - Меъёри бозтамвил
(аз 01 майи с.2023)10,0 - Меъёри фоизи қарзи
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ - Меъёри фоизи амонати
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0 - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0 - Меъёри миёнавазни коғазҳои
қиматноки БМТ (апрел)9,93%
- Меъёри фоизӣ дар соли 2023
- Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ-апрел)12,55 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ-апрел)23,13 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ-апрел)15,19 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (апрел)20,74 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (апрел)22,47 %
- Қурби расмии асъор нисбат ба сомонӣ
-
дар 05.06.2023 1 USD 10.9130 1 EUR 11.7446 1 RUB 0.1345
- Ҳисоботҳои молиявӣ
- Соли молиявии 2021
- Соли молиявии 2020
- Ҳисоботи молиявии солҳои гузашта
- Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ
-
Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
44-600-32-77, 44-600-32-48
- Тақвими ахбор
Оғози раванди гузаронидани “Баҳодиҳии хавфи миллии қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм” (БХМ ҚД/МТ)-и навбатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар доираи ҳамкориҳое, ки бо шарикони рушд, бахусус бо Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар Душанбе ба роҳ монда шуданд, имкон пайдо гардид, ки Баҳодиҳии хавфи миллии қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (БХМ ҚД/МТ)-и навбатӣ бо ҷалби коршиноси сатҳи байналмилалӣ оғоз гардад.
Бо ин мақсад, рӯзҳои 25 - 27 апрели соли 2023 коршиноси ҷалбгардидаи сатҳи байналмилалӣ Бярне Хансен дар Тоҷикистон қарор дошт.
Аз ҷумла, дар Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар мақомоти дахлдори кишвар як қатор вохӯриҳои дуҷонибаю бисёрҷониба баргузор шуда, раванди баҳодиҳӣ, методологияи гузаронидани он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешниҳодҳо вобаста ба қадамҳои минбаъдаи ҷонибҳо муҳокима гардиданд.
Ҳамзамон бо ин, таҳти роҳбарии Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – роҳбари Гурӯҳи корӣ оид ба БХМ ҚД/МТ Сироҷзода Сайфиддин дар ҷараёни вохӯриҳои коршиноси байналмилалӣ ҷаласаи навбатии гурӯҳи кории мазкур бо иштироки аъзо аз вазорату идораҳои дахлдори кишвар баргузор гардид.
Қайд гардид, ки азбаски баҳодиҳии хавфи миллӣ самтҳои гуногун, аз ҷумла самтҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, коррупсия, мубориза бар зидди қочоқи маводи мухаддир, амният ва бахусус хавфҳои қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастовардаро инъикос менамояд, гурӯҳи кории болозикр дар баҳодиҳӣ нақши ниҳоят муҳим мебозад.
Таъкид карда шуд, ки департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон якҷо бо аъзои Гурӯҳи кории БХМ ҚД/МТ бо коршиноси байналмилалӣ ҳамкориро вусъат бахшида, табодули иттилоотро тибқи тартиби муқарраргардида ба роҳ монад.
Боиси зикр аст, ки бори нахуст БХМ ҚД/МТ тибқи талаботи тавсияи якуми гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявӣ (ФАТФ) дар доираи кумаки техникии Бонки Осиёии Рушд солҳои 2015-2017 гузаронида шуда, Ҳисоботи он 18 сентябри соли 2017 дар ҷаласаи Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, ки таҳти роҳбарии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ амал менамояд, тасдиқ гардида буд.
Департаменти мониторинги молиявӣ
Диданд: 538
-
Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
Э.Раҳмон

- Шуъбаи матбуот
- Ахбор
- Нашрия ва интишорот
- Суолҳои бештар пешниҳодшаванда
- Шарҳи интишорот
- Видео ва Аудио
- Заминаи меъёрии ҳуқуқӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба қонунигардонии маблағҳо
- Қонунҳои соҳаи бонкӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи суғурта
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ оид ба бонкдории исломӣ
- Дигар санадҳо
- Лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Стратегияи БМТ