- Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2023
- Таваррум дар моҳи апрел0,5%
- 3,4%
- Пулҳои захиравӣ (апрел), млрд. сомонӣ34,9
- Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат6% (±2)
- Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
(% солона) - Меъёри бозтамвил
(аз 01 майи с.2023)10,0 - Меъёри фоизи қарзи
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ - Меъёри фоизи амонати
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0 - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0 - Меъёри миёнавазни коғазҳои
қиматноки БМТ (апрел)9,93%
- Меъёри фоизӣ дар соли 2023
- Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ-апрел)12,55 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ-апрел)23,13 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ-апрел)15,19 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (апрел)20,74 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (апрел)22,47 %
- Қурби расмии асъор нисбат ба сомонӣ
-
дар 05.06.2023 1 USD 10.9130 1 EUR 11.7446 1 RUB 0.1345
- Ҳисоботҳои молиявӣ
- Соли молиявии 2021
- Соли молиявии 2020
- Ҳисоботи молиявии солҳои гузашта
- Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ
-
Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
44-600-32-77, 44-600-32-48
- Тақвими ахбор
БМТ: Вохӯрӣ бо соҳибкорон ва намояндагони Палатаи байналмилалии савдо ва саноати Малайзия
5 майи соли 2023 вохӯрии муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо соҳибкорон ва намояндагони Палатаи байналмилалии савдо ва саноати Малайзия таҳти роҳбарии Президенти палатаи мазкур хонум Кристина Ти баргузор гардид, ки дар рафти он масъалаҳои муҳими низоми бонкӣ ва сармоягузорӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар оғози мулоқот Фирдавс Толибзода ташрифи меҳмононро ба Бонки миллии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, бо қаноатмандӣ иброз намуд, ки дар чунин як шароити душвор барои кишварҳои минтақа, соҳибкорони Малайзия ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд.
Сипас, номбурда аҳли нишастро бо вазъи феълии макроиқтисодии ҷумҳурӣ ва низоми бонкии кишвар шинос намуда, қайд кард, ки иқтисодиёти Тоҷикистон рушд намуда, нишондиҳандаҳои макроиқтисодии он аз оғози сол ба таври мусбат ҷамъбаст гардиданд.
Зимни мулоқот Президенти палатаи байналмилалии савдо ва саноати Малайзия хонум Кристина Ти ва соҳибкорони кишвари мазкур ба масъалаҳои амалӣ намудани имкониятҳои сармоягузорӣ ба лоиҳаҳо ва самтҳои афзалиятноки иқтисодӣ, кушодани намояндагиҳои ташкилотҳои молиявӣ, рушди соҳаи суғурта ва ғайра таваҷҷуҳ намуда, андешаҳои худро баён карданд.
Аз ҷумла, роҳбари ҳайати меҳмонон иброз дошт, ки омодааст дар самти ба роҳ мондани ҳамкориҳои барои ҳарду ҷониб судманд саҳми худро гузорад.
Муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода иброз дошт, ки Бонки миллии Тоҷикистон ширкати сармояи хориҷиро дар сармояи оинномавии ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд ва дар робита ба ин, доираҳои тиҷоратии Малайзияро ҷиҳати баррасии имкониятҳои иштирок дар сармояи оинномавии ташкилотҳои қарзии молиявии Тоҷикистон даъват намуд.
Дар интиҳои мулоқот мавсуф бо боварӣ изҳор намуд, ки ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд барои боз ҳам инкишоф ёфтани низоми молиявии ҳарду кишвар мусоидат хоҳанд кард.
Шуъбаи матбуоти
БМТ
Диданд: 537
-
Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
Э.Раҳмон

- Шуъбаи матбуот
- Ахбор
- Нашрия ва интишорот
- Суолҳои бештар пешниҳодшаванда
- Шарҳи интишорот
- Видео ва Аудио
- Заминаи меъёрии ҳуқуқӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба қонунигардонии маблағҳо
- Қонунҳои соҳаи бонкӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи суғурта
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ оид ба бонкдории исломӣ
- Дигар санадҳо
- Лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Стратегияи БМТ