- Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2023
- Таваррум дар моҳи октябр-0,3%
- 4,4%
- Пулҳои захиравӣ (октябр) млрд. сомонӣ33,8
- Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат6% (±2)
- Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
(% солона) - Меъёри бозтамвил
(аз 01 майи с.2023)10,0 - Меъёри фоизи қарзи
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ - Меъёри фоизи амонати
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0 - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0 - Меъёри миёнавазни коғазҳои
қиматноки БМТ (октябр)7,38%
- Меъёри фоизӣ дар соли 2023
- Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ-октябр)12,95 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ-октябр)23,35 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ-октябр)15,00%
- Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (октябр)20,66%
- Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (октябр)22,91%
- Қурби расмии асъор нисбат ба сомонӣ
-
дар 01.12.2023 1 USD 10.9515 1 EUR 11.9503 1 RUB 0.1235
- Ҳисоботҳои молиявӣ
- Соли молиявии 2022
- Соли молиявии 2021
- Ҳисоботи молиявии солҳои гузашта
- Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ
-
Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
44-600-32-77, 44-600-32-48
- Тақвими ахбор
Конфронси сатҳи баланд таҳти унвони “Роҳҳо ба Париж”
Бо ибтикори Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) ва дастгирии Фонди ҷаҳонии муҳити зист (GEF) рӯзҳои 6-7 июни соли 2023 дар шаҳри Венаи Ҷумҳурии Австрия конфронси сатҳи баланд дар мавзуи “Роҳҳо ба Париж” баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 200 намояндаи бонкҳои марказӣ/миллӣ, созмонҳои байналмилалии молиявӣ, танзимгарони молиявӣ, бонкҳои тиҷоратӣ, сармоягузорон ва дигар тарафҳои манфиатдори бозорҳои сармояи Осиё, Аврупо ва Африқои Шимолӣ ширкат варзиданд.
Дар чорабинии мазкур дар доираи ҳамкорӣ бо БАТР намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс Назримад низ иштирок доштанд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки баргузории конфронс барои мушаххас намудани масирҳои нав ва омӯзиши таҷрибаи беҳтарин дар самти танзими идоракунии хавфҳо вобаста ба тағйирёбии иқлим, тақвияти иқтидори муассисаҳои молиявӣ ва идоракунии корпоративии иқлим зимни вокуниш ба тағйирёбии он, банақшагирии гузариш ва вусъат додани амалиёти молиявии сабз имконияти васеъ фароҳам овард.
Чорабиниро мудири идорӣ, роҳбари Гурӯҳи ташкилотҳои молиявӣ дар БАТР Франсиз Малиҷе ифтитоҳ намуда, диққати ҳозиринро ба як қатор масъалаҳои муҳим, аз қабили дурнамои танзиму назорат дар пасманзари имконияту хатарҳои марбут ба иқлим, пешбурди ҳадафҳои Созишномаи Париж (Paris Agreement) тавассути ифшои маълумот оид ба иқлим ва рушди устувор ҷалб намуд.
Дар идомаи ҳамоиш миёни намояндагони бонкҳои марказии/миллии Аврупо, Гурҷистон, Ҷумҳурии Мисри Араб, Арманистон, Шоҳигарии Марокаш, Монтенегро, Комиссияи Аврупо, Шабакаи бонкҳои марказӣ ва нозирони масоили сабзгардонии низоми молиявӣ (NGFS), Биржаи коғазҳои қиматноки Варшава, Шурои байналмилалии меъёрҳои устуворӣ (ISSB), “Bank al Etihad” (ташкилоти қарзии давлати Урдун) “JP Morgan”, “Goldman Sachs”, Бонки Африқо, Бонки Шветсия ва Агентии танзиму назорати бонкии Туркия мубодилаи афкор сурат гирифт.
Дар баробари ин, масъалаҳои таҳияи стратегияҳои мутобиқшавӣ ба иқлим, омода намудани нақшаҳои гузариш (transition plans) ва дастгирии гузариш ба иқтисоди сабз, идоракунии хавфҳо ва имкониятҳои ҷойдошта дар самти истифодаи навовариҳо ва технологияҳои иттилоотӣ, рушди бозори коғазҳои қиматноки сабз, суръатбахшии афзоиши иқтидори бозорҳои сармоягузорӣ ва қарзии сабз дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ ва инчунин зарурати дастгирии молиявии масъалаҳои зикргардида аз ҷониби муассисаҳои молиявии пешқадам мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Дар идомаи чорабинии мазкур Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи Бонки “Арванд”, ки дар озмуни солонаи БАТР оид ба рушди устувор ва ҳалли масъалаҳои муҳити зист ва иҷтимоӣ, афзоиши самарабахшии энергия ва муқовимат бо тағйирёбии иқлим ғолиб ва сазовори ҷоизаи нуқра гардид.
Маврид ба ёдоварист, ки иштирок дар чорабинии мазкур бо назардошти Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Стратегияи рушди иқтисоди сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 ва Созишномаи Париж оид ба иқлим дар таҳияи нақшаи гузариш ҷиҳати тобоварӣ ба хатарҳои марбут ба иқлим, омӯзиши таҷрибаи бонкҳои марказӣ ва муассисаҳои молиявӣ дар самти татбиқи стратегияҳои иқтисоди сабз, эҷоди тиҷорати устувори молиявии сабз, баҳогузорӣ ва идоракунии хавфҳои дигаргунии иқлим заминаи мусоид фароҳам овард ва Бонки миллии Тоҷикистон доир ба ин масъалаҳо дар доираи ҳамкорӣ бо шарикони рушд чораандешӣ хоҳад кард.
Шуъбаи матбуоти БМТ
Диданд: 868
-
Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
Э.Раҳмон
- Шуъбаи матбуот
- Ахбор
- Нашрия ва интишорот
- Суолҳои бештар пешниҳодшаванда
- Шарҳи интишорот
- Видео ва Аудио
- Заминаи меъёрии ҳуқуқӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба қонунигардонии маблағҳо
- Қонунҳои соҳаи бонкӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи суғурта
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ оид ба бонкдории исломӣ
- Дигар санадҳо
- Лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Стратегияи БМТ