Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2023
  • Таваррум дар моҳи октябр
    -0,3%
  • 4,4%
  • Пулҳои захиравӣ (октябр) млрд. сомонӣ
    33,8
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 01 майи с.2023)10,0
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (октябр)7,38%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2023
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ-октябр)
    12,95 %
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ-октябр)
    23,35 %
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ-октябр)
    15,00%
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (октябр)
    20,66%
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (октябр)
    22,91%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 11.12.2023

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3681.94 3756.32
10 7244.38 7390.73
20 14355.30 14645.31
50 35658.90 36379.28
100 71198.44 72636.79

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Декабр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    27 28 29 30 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Мулоқоти Ҳоким Холиқзода бо Талеҳ Казимов дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон

24.06.2023

Рӯзҳои 20-21 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон вохӯрии Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло бо раиси Бонки марказии Ҷумҳурии Озарбойҷон Казимов Талеҳ Таҳир баргузор гардид.

photo_2023-06-24_15-16-20.jpg

Мулоқоти мазкур бо мақсади тақвияти ҳамкории байнибонкӣ тавассути мубодилаи маълумот ва таҷриба, шиносоӣ бо ислоҳоти дар низоми бонкии Ҷумҳурии Озарбойҷон роҳандозишуда, ҳамчунин баррасии масъалаҳои муҳимми низоми бонкӣ ва тавсеи ҳамкории минбаъдаи байнибонкӣ баргузор гардид.

Дар ибтидо, ҷонибҳо аз фазои сиёсиву иқтисодии фароҳамгардида, ки ба густариши робитаҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон мусоидат мекунад, изҳори хушнудӣ намуда, як қатор масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

photo_2023-06-24_15-15-27.jpg

Аз ҷумла, фаъолияти босуботи низоми бонкӣ, омӯхтани таҷрибаи Бонки марказии Ҷумҳурии Озарбойҷон дар самтҳои низоми назорати суғуртавӣ, рушди бозори сармоя, ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ (СБҲМ), рушди бонкдории исломӣ, кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ ва дурнамои гузариши пайдарпай ба ҳисоббарбаркуниҳо бо асъорҳои миллии ҳарду кишвар аз масъалаҳое буданд, ки мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор гирифт.

Раиси Бонки марказии Ҷумҳурии Озарбойҷон Талеҳ Казимов дар идомаи мулоқот оид ба омӯзиши таҷрибаи роҳандозии бонкдории исломӣ дар низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавасмандии худро зоҳир намуд.

Дар навбати худ Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода қайд кард, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди бонкдории исломӣ фазои мусоид фароҳам оварда шуда, заминаи ҳуқуқии танзими фаъолияти ташкилотҳои қарзии исломӣ таҳия гардидааст ва минбаъд низ такмил дода мешавад.

photo_2023-06-24_15-16-26.jpg

Ҳоким Холиқзода дар зимн аз ҳамтои худ даъват ба амал овард, ки кормандон ва мутахассисони Бонки марказии Ҷумҳурии Озарбойҷон метавонанд ба курсҳои омӯзишии Бонки миллии Тоҷикистон дар самтҳои бонкдории исломӣ, ташкили баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ дар бонкҳои марказӣ (миллӣ) ва ташкили ҳуҷҷатгузории электронӣ ва идоракунии он, ки баргузории онҳо дар моҳи августи соли ҷорӣ дар маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон ба нақша гирифта шудааст, иштирок намоянд.

Дар маҷмӯъ, вохӯрии мазкур барои тақвияти ҳамкорӣ миёни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Ҷумҳурии Озарбойҷон тавассути табодули андеша ва баррасии масъалаҳои муҳимми бахши молиявӣ ва низоми бонкӣ заминаи мусоид фароҳам овард.


Шуъбаи матбуоти
БМТ


Диданд: 1265

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ