Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2023
  • Таваррум дар моҳи октябр
    -0,3%
  • 4,4%
  • Пулҳои захиравӣ (октябр) млрд. сомонӣ
    33,8
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 01 майи с.2023)10,0
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (октябр)7,38%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2023
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ-октябр)
    12,95 %
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ-октябр)
    23,35 %
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ-октябр)
    15,00%
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (октябр)
    20,66%
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (октябр)
    22,91%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 05.12.2023

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3743.06 3818.67
10 7366.62 7515.44
20 14599.77 14894.72
50 36270.08 37002.81
100 72420.80 73883.84

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Декабр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    27 28 29 30 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Ҳамкориҳои судманд бо БАТР идома хоҳанд ёфт

22.08.2023

22 августи соли 2023 мулоқоти муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо аъзои ҳайати Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) - роҳбари навтаъйиншудаи Намояндагии БАТР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Холгер Вифел, роҳбари Департаменти БАТР оид ба кор бо ташкилотҳои қарзӣ дар Осиёи Марказӣ Ҷаҳонгир Шамсиев, бонкдори пешбари Департаменти БАТР оид ба кор бо ташкилотҳои қарзӣ Дмитрий Дмитриев ва бонкдори пешбари Департаменти БАТР оид ба кор бо ташкилотҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Юсупов баргузор гардид, ки дар ҷараёни он тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба ва дурнамои рушди он мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

NBTL0429.JPG

Муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода ба ҳайати БАТР барои ҳамкории самарабахши бисёрсола ва дастгирии доимӣ дар рушди иқтисодиёти кишвар, бахусус пешниҳоди кумакҳои молиявию техникӣ ба низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи сипос намуда, саҳми БАТР-ро дар ислоҳоти низоми бонкӣ, баланд бардоштани сатҳи идоракунии корпоративӣ, низоми пардохт, рушди бахши низоми суғурта, инчунин баланд бардоштани ихтисоси кормандони низоми бонкии мамлакат назаррас арзёбӣ намуд. 

Дар идомаи мулоқоти судманд роҳбари намояндагии БАТР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Холгер Вифел изҳор дошт, ки ташкилоти онҳо аз ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон ва низоми бонкии мамлакат қаноатманд аст, зеро тайи солҳои охир дар ин самт комёбиҳои назаррас ба даст омаданд. Бинобар ин, БАТР хоҳони идома ва тавсеа бахшидани ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон мебошад.

NBTL0402.JPG

Сипас, ҷонибҳо оид ба идомаи додани ҳамкорӣ дар самти рушди маблағгузории сабз, тағйирёбии иқлим, дастгирии имкониятҳои рушди устувори бозори суғурта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, фароҳам овардани заминаи мусоиди меъёрии ҳуқуқӣ ва идомаи ислоҳот дар ин бахш сухан ронда, нақши БАТР дар расонидани кумаки техникӣ ҷиҳати таҳияи “Стратегияи рушди бозори суғуртаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” мубодилаи афкор намуда, иброз доштанд, ки ҳамкориҳои дуҷониба минбаъд низ идома дода хоҳанд шуд.

Ҳамчунин, дар ҷараёни вохӯрӣ таъкид гардид, ки ислоҳот дар бахши низоми пардохт ба рушди пардохтҳои ғайринақдӣ ва хизматрасониҳои молиявии рақамӣ, ки аҳамияти он бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” ҷиҳати рушди низоми пардохт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар гардидааст ва ҳамкории БАТР дар татбиқи муваффақонаи ислоҳоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Дар қисмати ҷамъбастии мулоқот ҷонибҳо ҳавасмандии худро барои густариш додани ҳамкориҳои дуҷониба баён доштанд.

Шуъбаи матбуоти
БМТ




Диданд: 684

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ