- Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2023
- Таваррум дар моҳи август0,6%
- 4,2%
- Пулҳои захиравӣ (август) млрд. сомонӣ34,5
- Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат6% (±2)
- Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
(% солона) - Меъёри бозтамвил
(аз 01 майи с.2023)10,0 - Меъёри фоизи қарзи
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ - Меъёри фоизи амонати
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0 - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0 - Меъёри миёнавазни коғазҳои
қиматноки БМТ (август)8,38%
- Меъёри фоизӣ дар соли 2023
- Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ-август)12,86 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ-август)23,22 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ-август)15,84 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (август)20,71%
- Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (август)23,04%
- Қурби расмии асъор нисбат ба сомонӣ
-
дар 25.09.2023 1 USD 10.9608 1 EUR 11.6656 1 RUB 0.1140
- Ҳисоботҳои молиявӣ
- Соли молиявии 2022
- Соли молиявии 2021
- Ҳисоботи молиявии солҳои гузашта
- Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ
-
Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
44-600-32-77, 44-600-32-48
- Тақвими ахбор
Cеминари омӯзишӣ баргузор гардид
Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади амалисозии барномаи таълимӣ ҷиҳати бозомӯзии кормандони бонкҳои марказӣ (миллӣ) барои соли 2023, аз таърихи 21 то 25 августи соли 2023 дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Гулистон, семинар дар мавзуи “Ташкили баҳисобгирии муҳосибӣ дар бонкҳои марказӣ (миллӣ)”-ро доир намуд.
Дар чорабинии мазкур бонкҳои марказии (миллии) кишварҳои Армения, Беларус, Қазоқистон, Озарбойҷон, Ӯзбекистон ва Федератсияи Россия, инчунин коршиноси байналмилалӣ ва кормандони дастгоҳи марказӣ ва шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ширкат варзиданд.
Тибқи барномаи тасдиқшуда аз ҷониби кормандони БМТ ба иштирокчиён оид ба асосҳои қонунгузорӣ дар соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ, ташкили низоми баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон, баҳисобгирии муҳосибии амалиётҳои дохилибонкӣ дар БМТ, тартиби таҳия ва тасдиқи буҷети БМТ, тартиби таҳия ва пешниҳоди ҳисоботи молиявӣ тибқи СБҲМ дар БМТ, раванди автоматикунонии фаъолияти хоҷагидорӣ дар бонкҳои марказӣ (миллӣ) (татбиқи барномаҳои ERP), тартиби андозбандии амалиётҳои БМТ ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ маълумотҳои муфассал пешниҳод карда шуданд.
Дар навбати худ, иштирокдорони семинар дар бораи ташкили баҳисобгирии муҳосибӣ ва баҳисобгирии музди меҳнат, андозҳо ва пардохтҳои иҷтимоӣ дар Бонки миллии Ҷумҳурии Қазоқистон, оид ба муаммоҳои муосири татбиқи СБҲМ №9 барои бонкҳои марказӣ (миллӣ), ташкили баҳисобгирии муҳосибӣ дар Бонки Россия ва дурнамои рушд, таҳия ва аудити ҳисоботи молиявии солонаи Бонки Россия, рӯнамоҳои ҷолиб манзур намуданд.
Дар ҷараёни семинар аз ҷониби масъулини департаменти ҳисобдории БМТ ба саволҳои иштирокдорон посухҳои мушаххас дода шуда, дар атрофи мавзуъҳои матраҳшаванда муколамаи пурмуҳтаво баргузор гардид.
Иштирокдорони ҳамоиши омӯзишӣ ба роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланди касбию ташкилӣ гузаронидани чорабинии мазкур арзи сипос намуда, иброз доштанд, ки ташкили чунин семинарҳо дар оянда барои тақвияти муносибатҳои минбаъдаи мақомоти баҳисобгирии муҳосибии бонкҳои марказӣ (миллӣ)-и кишварҳои иштирокдорони чорабинӣ ба манфиати кор хоҳад буд.
Дар қисмати ҷамъбастии семинар ба иштирокдорони он сертификат ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.
Шуъбаи матбуоти
БМТ
Диданд: 506
-
Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
Э.Раҳмон
- Шуъбаи матбуот
- Ахбор
- Нашрия ва интишорот
- Суолҳои бештар пешниҳодшаванда
- Шарҳи интишорот
- Видео ва Аудио
- Заминаи меъёрии ҳуқуқӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба қонунигардонии маблағҳо
- Қонунҳои соҳаи бонкӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи суғурта
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ оид ба бонкдории исломӣ
- Дигар санадҳо
- Лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Стратегияи БМТ