Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи январ
    0,4%
  • 3,8%
  • Пулҳои захиравӣ (январ) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (январ)5,21%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ)
    13,46 %
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ)
    23,54 %
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ)
    13,00%
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (январ)
    20,77%
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (январ)
    23,19%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 25.02.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3661.05 3735.01
10 7202.61 7348.11
20 14271.75 14560.07
50 35450.02 36166.18
100 70780.69 72210.60

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Феврал      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    29 30 31 1 2 3 4
    5 6 7 8 9 10 11
    12 13 14 15 16 17 18
    19 20 21 22 23 24 25
    26 27 28 29 1 2 3
  • Яндекс.Метрика

Парфишони Парчами давлат муборак! Бахти миллат, давлати миллат муборак!

23.11.2023

Дар арафаи ҷашни миллӣ, 23 ноябри соли 2023 ба ифтихори таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло ва бо иштироки муовини якуми раис Фирдавс Толибзода, муовинони раис Фируз Шарифзода, Алиҷон Салимзода ва аҳли кормандони бонк ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

NBT01.JPG

Дар чорабинии мазкур ҳамчунин раиси Маркази тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Абдуллоҳи Раҳнамо ширкат варзид.

NBTL02.JPG

Ҳамоиши идона бо садо додани Суруди миллӣ ва зери садои мусиқии мутантан ба толор ворид гардидани Парчами давлатӣ оғоз гардид.

NBTL03.JPG

Дар оғози чорабинӣ раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода аҳли нишасти ҷаласаи тантанавӣ ва дар симои онҳо тамоми кормандони Бонки миллии Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки чордаҳ сол инҷониб ҳамчун рӯзи ид ботантана таҷлил карда мешавад, самимона муборакбод гуфта, қайд кард, ки моҳи ноябр дар таърихи давлатдории нави миллии мо бо санаҳои муҳимми таърихӣ ва сарнавиштсози худ ҷойгоҳи муҳим дорад. Дар ин моҳ мо Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31-солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ботантана таҷлил намудем ва имрӯз Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бошукӯҳ ҷашн мегирем.

NBTL04.JPG

Таъкид карда шуд, ки 31 сол аз ин пеш, яъне 24 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатии кишвари соҳибистиқлоли мо аз тарафи вакилони халқ қабул гардид. Ҳамчунин бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2009 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид карда шуд, ки мувофиқи он рӯзи 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд.

NBTL5.JPG

Ҳоким Холиқзода зимни суханронӣ изҳор намуд, ки Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои асосии ҳар як давлат буда, нишонаи соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолии давлату миллат ба ҳисоб рафта, дар фаъолияти давлатдорӣ, аз ҷумла маъракаҳои расмию ғайрирасмии давлатӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, ҳамчунин дар муносибатҳои байналмилалӣ ва дар ҳаёти ҳамарӯзаи ҷомеа мавқеъ ва нақши муҳим доранд. Бинобар ин, шоиста аст, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муқаддасот ва рамзи давлатдории миллии мо мавриди эҳтиром ва қадршиносии ҳар як сокини мамлакат, аз ҷумла кормандони низоми бонкии мамлакат ва Бонки миллии Тоҷикистон қарор бигирад.

NBTL06.JPG

Ҳамин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷиккистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи парчами миллӣ барҳақ чунин иброз доштаанд: "Парчами миллӣ яке аз рамзҳои муҳимми истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад".

NBTL07.JPG

Маҳз бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқболи 20-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва бо мақсади афзун намудани ҳисси ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ дар пойтахти Тоҷикистон, шаҳри зебои Душанбе 30 августи соли 2011 пояи саду шаступанҷметраи Парчами давлатии Тоҷикистон бунёд гардид, ки ҳамон вақт баландтарин пояи парчами давлатӣ дар олам ба ҳисоб рафта, ба китоби рекордҳои Гиннес ворид гардида буд.

NBTL08.JPG

“Шоистаи таъкид аст, ки се рукни муҳимми давлатдории имрӯзаи миллии мо, яъне таҳкими пояҳои Истиқлол ва давлатдории миллӣ, қабули Парчами давлатии Тоҷикистон ва ба мақоми роҳбарии Тоҷикистон расидани Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як вақт, ҳангоми баргузории иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуқуъ пайвастааст. Ба ибораи дигар, ба фаъолияти давлатдорӣ шуруъ кардани Пешвои муаззами миллат аз савганди садоқат зери ҳамин Парчами давлатӣ оғоз шудааст ва барқарории сулҳу субот ва музаффариятҳои минбаъдаи мардуми мо, аз ҷумла бунёди нақбу роҳҳои мошингарди муосир, роҳи оҳан, бунёд ва ба истифода додани неругоҳҳои хурду калон, махсусан чархаҳои якуму дуюми НБО-и Роғун ва бунёдкориҳои дигар ва дар маҷмуъ ҳар чор ҳадафи стратегии мамлакат ҳама дар зери ҳамин Парчам амалӣ шуда истодаанд”, - ёдовар шуд Ҳ.Холиқзода.

NBT09.JPG

Дар идомаи ҷамъомади тантанавӣ шоир ва муҳаққиқи шинохта, раиси Маркази тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Абдуллоҳи Раҳнамо андешаҳои ҷолиби худро дар бораи омилҳои таҷлили ҷашни Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таърихи пайдоиши он, роҳи пурпечутобу сангини соҳибдавлат шудани миллати тоҷик ва дигар муқаддасоти миллӣ - Нишони давлатӣ ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври муфассал баён намуд.

NBTL10.JPG

Сипас, сардори шуъбаи тарҷумаи Дастгоҳи роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон Ҳасани Султон, намояндагони Созмони ҷавонон ва Шурои бонувони Бонки миллии Тоҷикистон оид ба паҳлуҳои таърихии Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ ва аз ашъори бузургони адабиёти классикӣ ва муосир шеърҳо қироат намуданд.

NBTL11.JPG

Дар фарҷоми кори ҷаласаи тантанавӣ раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бори дигар кормандони Бонки миллии Тоҷикистонро ба ифтихори ин ҷашни фархунда – Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона муборакбод гуфта, таманнои онро намуд, ки ба бахти мо Парчами давлатии Тоҷикистони азиз ҳамеша парафшон ва офтоби бахти мо бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат ҳамеша дурахшон бошад.

 Шуъбаи матбуоти
 БМТ

 


Диданд: 1211

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ