Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи январ
    0,4%
  • 3,8%
  • Пулҳои захиравӣ (январ) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (январ)5,21%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ)
    13,46 %
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ)
    23,54 %
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ)
    13,00%
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (январ)
    20,77%
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (январ)
    23,19%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 25.02.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3661.05 3735.01
10 7202.61 7348.11
20 14271.75 14560.07
50 35450.02 36166.18
100 70780.69 72210.60

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Феврал      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    29 30 31 1 2 3 4
    5 6 7 8 9 10 11
    12 13 14 15 16 17 18
    19 20 21 22 23 24 25
    26 27 28 29 1 2 3
  • Яндекс.Метрика

Ту моро зинда гардондӣ, ба мо моро шиносондӣ...

25.01.2024

Бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷараёни сафари корӣ ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, шаҳрҳои Гулистон ва Хуҷанди вилояти Суғд рӯзҳои 14-15 ноябри соли 2023 ва иҷрои супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2023, №24/10-404 санаи 23 январи соли 2024 дар Бонки миллии Тоҷикистон оид ба  осори таълифнамудаи шоира Розияи Озод ва китоби “Тоҷикон”-и академик Бобоҷон Ғафуров семинари омӯзишӣ баргузор гардид.

01.JPG

Дар ҳамоиши илмӣ Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ, мудири шуъбаи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АМИТ, номзади илми таърих, дотсент Абдулло Ғафуров, раиси маркази тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Абдуллоҳи Раҳнамо ва кормандони Бонки миллии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Чорабиниро Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ ҳусни оғоз бахшида, зикр дошт, ки дар ташаккули ҳар халқу миллат бузургоне ҳастанд, ки номи онҳо дар ҳеҷ давру замон аз хотири мардум фаромӯш намешавад ва хушбахтона, чунин шахсиятҳо дар таърихи тамаддуни миллати тоҷик кам нестанд ва онҳо на танҳо ифтихори миллати мо, балки боиси сарфарозии мардуми олам гардидаанд.

Академик Бобоҷон Ғафуров узви фахрии созмонҳои илмии кишварҳои хориҷӣ, доктори фахрии як қатор созмонҳо ва донишгоҳҳои муътабари дохилӣ ва хориҷӣ, дорандаи мукофоти байналмилалии ба номи Ҷавоҳирлаъл Неҳру ва мукофотҳои давлатҳои хориҷӣ, аз зумраи абармандони бонангу номуси миллати тоҷик мебошад, ки бо навиштани шоҳасари гаронбаҳо – “Тоҷикон” тавонист миллати тоҷикро ҳамчун миллати тамаддунсозу таърихӣ ба наслҳои гузаштаву имрӯза ва оянда муаррифӣ намояд.

Аллома Бобоҷон Ғафуров, - таъкид намуд Г.Назирӣ, - дар тули зиндагии пурбаракати хеш осори фарҳангиву таърихии зиёдеро ба ёдгор гузоштааст, ки теъдоди онҳоро метавон назики 400 адад ба қалам дод ва дар миёни ин осори гаронмоя шоҳасари безавол – китоби “Тоҷикон” ҷойгоҳи махсуси худро дорост.

03.JPG

Китоби “Тоҷикон” намунаи беҳтарин ва безаволи таърихӣ буда, солҳост, ки арзиши худро гум накардааст ва умри он ҷовидонӣ хоҳад буд. Зеро, дар он таърихи на танҳо халқи тоҷик, балки тамоми минтақа дарҷ гардидааст.

Дар идомаи суханронӣ Г.Назирӣ қайд кард, ки ҳануз аз соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид дошта буданд, ки: “Мо кӣ будани аҷдоду гузаштагони худро бояд донем, ба онҳо арҷ гузорем ва бо насли ориёӣ, яъне ориёитабор будани худ ифтихор кунем. Дар робита ба ин, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода шуд, ки бо мақсади омӯзишӣ амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик-шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби “Тоҷикон”-ро аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр ва то ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа намояд.”

Ҳамчунин, соли 2023 ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров Симпозиуми байналмилалии илмӣ баргузор гардид, ки дар он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Гуфта шуд, ки Сарвари давлат зимни суханронӣ оид ба ҳаёт ва фаъолияти пурсамари академик Бобоҷон Ғафуров ва аз муҳити тарбиятгирифтаи Қаҳрамони Тоҷикистон ёдовар шуда, қайд намуданд, ки “Бобоҷон Ғафуров дар муҳите тарбия ёфта буд, ки дар он муҳаббат ва илму дониш ва фарҳангу адаб арзиши баланд дошт. Аз ҷумла, модари ӯ шоираи номдор Розияи Озод, ки бо асарҳои адибони классики тоҷик ошноии комил дошт, дар ташаккули шахсияти фарзанди худ нақши ҳалкунанда бозид”.

02.JPG

Самараи тарбия дар фазои мусоиди оилавӣ буд, ки Бобоҷон Ғафуров баъдтар ҳамчун ходими сиёсиву давлатӣ, тарғибгари арзишҳои ҳаётбахши миллӣ ва таърихи пурифтихори миллати тоҷик дар фазои мураккаби даврони хеш ба камол расид ва дар ташаккули худшиносии миллии халқи тоҷик саҳми намоён гузошт.

Дар идомаи чорабинӣ мудири шуъбаи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АМИТ, номзади илми таърих, дотсент Абдулло Ғафуров, раиси маркази тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Абдуллоҳи Раҳнамо, сардори шуъбаи тарҷумаи Бонки миллии Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ ва доктори илми филология Султон Ҳасан Баротзода доир ба омӯзиши осори таълифнамудаи шоира Розияи Озод ва академик Бобоҷон Ғафуров, аз ҷумла китоби “Тоҷикон”-и ӯ, бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад намуданд.

Нотиқон зимни суханронӣ аз ҳаёту фаъолият ва осори пурғановати Розияи Озод, бахусус ашъори ватандӯстонаи ӯ дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва китоби “Тоҷикон”- и Бобоҷон Ғафуров, ки бо заҳматҳои чандинсолаи ин марди хирад таълиф ёфтааст, маълумоти мухтасар пешниҳод намуда, таъкид ба он доштанд, ки асари безаволи “Тоҷикон” шиносномаи миллат маҳсуб меёбад. Зеро баъд аз нашри китоби “Тоҷикон” халқи тоҷик соҳиби асари бунёдӣ шуда, дар арсаи байналмилалӣ соҳиби шиноснома гардид ва маҳз ин асар тавонист ба баҳсҳои чандинасра дар бораи халқи тоҷик, дорои тамаддуни ориёӣ ва сарзамин будани тоҷикон нуқтаи илмӣ гузошта, дар бақои миллати тоҷик нақши муассир дошта бошад.

04.JPG

Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ чорабинии омӯзиширо ҳусни анҷом бахшида, таъкид дошт, ки мо кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ва низоми бонкиро зарур аст, ки дар партави сиёсати дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз таърихи пурифтихори халқамон огоҳ бошем ва ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба ватан ташвиқ намоем. Зеро бе надонистани таърихи миллати худ ояндаро бунёд кардан ғайриимкон аст.

 

Шуъбаи матбуоти
БМТ

        

 


Диданд: 1153

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ