Мулоқоти Фирдавс Толибзода бо ҳайати SBFN ва IFC

Ахбор

Мулоқоти Фирдавс Толибзода бо ҳайати SBFN ва IFC


2 апрели соли 2024 раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс бо намояндагони Шабакаи бонкдорӣ ва маблағгузории устувор (“SBFN”) ва Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) вобаста ба ҳадаф ва интизориҳо аз узвияти Бонки миллии Тоҷикистон ба SBFN мулоқоти корӣ доир намуд.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс зикр намуд, ки дар ҷаҳони муосир масъалаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим, таъмини амнияти экологӣ, кам кардани партовҳои газҳои гулхонаӣ ва рушди иқтисодиёти “сабз” рӯз то рӯз аҳаммияти бештар пайдо менамояд ва тағйирёбии иқлим метавонад ба иқтисодиёт ва бонкҳо хатари ҷиддӣ эҷод намояд. Дар робита ба ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 декабри соли 2015 ба Созишномаи Париж, ки ба вокуниши глобалӣ ба таҳдидҳои иқлимӣ нигаронида шудааст, ҳамроҳ шуда, “Стратегияи миллии рушди иқтисоди сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037”- ро тасдиқ намуд.

NBT01.jpg

Бонки миллии Тоҷикистон низ дар навбати худ ҳамчун танзимгари низоми бонкӣ ва суғурта Нақшаи чорабиниҳоро ҷиҳати татбиқи тадбирҳои Стратегияи рушди иқтисоди “сабз” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намуд, ки ҳадафи он таъмини рушди иқтисодӣ аз ҳисоби истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, инчунин таъмини баробарии экологӣ дар давраи дарозмуҳлат мебошад.

Мо медонем, ки аъзои SBFN барои беҳтар кардани идоракунии экологӣ, иҷтимоӣ ва корпоративии (ESG) муассисаҳои молиявӣ ҳаракат мекунанд. Дар ин замина, БМТ масъалаҳои ҷорӣ намудани принсипҳои ESG ва идоракунии хавфҳои иқлим дар ташкилотҳои молиявӣ ва рушди бозори маблағгузории сабзро ба назар гирифтааст, - қайд намуд Толибзода Ф.

Ҳамоҳангсози ҷаҳонии SBFN - хонум Чжан Ронг дар навбати худ узвияти Бонки миллии Тоҷикистонро ба Шабакаи бонкдорӣ ва маблағгузории устувор қадами муҳим барои пешбурди самти мазкур арзёбӣ намуда, қайд кард, ки ин шарикии стратегӣ уҳдадории Бонки миллии Тоҷикистонро дар ҳамгироии масъалаҳои экологӣ, иҷтимоӣ ва идоракунӣ дар фаъолияти бахши молиявии Тоҷикистон бештар менамояд.

Ҳамоҳангсози SBFN изҳор намуд, ки кишварҳои узви SBFN, бахусус муассисаҳои молиявиро зарур аст, ки ҷиҳати беҳтар кардани масъалаҳои идоракунии экологӣ, иҷтимоӣ ва корпоративӣ гардиши сармояро ба фаъолиятҳое, ки таъсири мусбати экологӣ ва иҷтимоӣ доранд, афзун намоянд.

NBT02.jpg

Роҳбари намояндагии IFC дар Тоҷикистон - Фарух Султонов қайд кард, ки ҳамроҳ шудан ба платформаи ҷаҳонӣ барои танзимгарони бахши молиявӣ, бахусус Бонки миллии Тоҷикистон барои ҷорӣ намудани ташаббусҳои муосир, аз ҷумла маблағгузории устувор дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ имкониятҳои зиёдеро фароҳам меоварад.

Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки фаъолона дар татбиқи Стратегияи рушди иқтисоди сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 кӯшишҳои худро бо ҳадафҳои Созишномаи Париж мутобиқ намуда, дар ноил шудан ба ҳадафҳои декарбонизатсияи кишвар саҳм мегузорад.

Ҳамчунин дар рафти мулоқоти корӣ аз ҷониби коршиносони SBFN оид ба фаъолият, сохтор, гурӯҳҳои кории Шабакаи мазкур ва имкониятҳои ба аъзои он пешниҳодшаванда ба иштирокдорони мулоқот рӯнамо манзур гардид.

NBT03.jpg

Дар хотима ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки узвияти БМТ ба SBFN метавонад дар роҳи пешрафти маблағгузории устувори низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути омӯхтани таҷрибаи хуби байналмилалӣ ва пешбурди ҳадафҳои муштарак мусоидат намояд.

PS: Бонки миллии Тоҷикистон бо назардошти манфиатҳои БМТ ва низоми бонкӣ масъалаи раванди узвият дар SBFN ва тартиби аъзо шуданро омӯхта, дар асоси розигии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дархост ба SBFN муроҷиат намуда, 8 декабри соли 2023 тасдиқномаи SBFN-ро дар хусуси пайваст шудани БМТ ба Шабака дастрас намудааст.

Шуъбаи матбуоти БМТ

Диданд: 1334

03.04.2024

Возврат к списку