Дар ҳошияи мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат, санаи 9 апрели соли ҷорӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки кормандон нишаст баргузор гардид.
Зимни нишаст узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Султон Ҳасан Баротзода доир ба мавзуи “Пешвои миллат ва худшиносии миллию динии аҳли ҷомеа” барои иштирокдорон маърузаи муфассал пешниҳод намуда, қайд кард, ки Сарвари давлат дар мулоқоти зикргардида паҳлуҳои гуногуни бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, тафриқаву низоъҳои диниву мазҳабӣ, густариши бесобиқаи терроризму экстремизми динии ҷаҳони муосирро, ки имрӯз василаи истифодаи қувваҳои гуногуни манфиатхоҳ гардидаанд, таҳлил намуда, ба ҳифзи истиқлолияти сиёсию фарҳангии Тоҷикистон, гиромидошти арзишҳову муқаддасоти миллӣ ишора намуданд.
Дар такя ба суханронии Пешвои миллат таъкид гардид, ки ояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз аз сатҳи маърифати мардум ва пешрафти илму техника вобаста буда, барои ифротӣ нагаштани ҷавонону наврасон таваҷҷуҳи онҳоро ба илму дониш ва касбу ҳунар бештар бояд ҷалб намуд. Ба илмҳои дақиқу риёзӣ диққат дода шуда, техникаву технологияҳои навтарин бояд аз худ шаванд, то сатҳу сифати зиндагии мардумамонро баланд бардорем.
Дар ҷаласа ҳамзамон қайд гардид, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” қонунҳои одӣ набуда, дар ислоҳоти маънавию иҷтимоии кишвар ва ташкили фазои мафкуравии озод аз хурофоту таассуб нақши муҳимро мебозанд.
Дар охири ҷамъомад аз корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар тамоми ҷумҳурӣ мисолҳо оварда шуда, аз иштирокдорон даъват ба амал оварда шуд, ки дар корҳои ободониву созандагии ватани азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда дошта бошанд.
Диданд: 5173
11.04.2024