Муҳокимаи масъалаҳои низоми бонкӣ бо муовини директори ХБА

Ахбор

Муҳокимаи масъалаҳои низоми бонкӣ бо муовини директори ХБА


Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 апрели соли равон таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо муовини директори Хазинаи Байналмилалии Асъор ҷаноби Бо Лӣ мулоқот намуданд.

04-04-min.jpg

Роҳбари ҳайат - Холиқзода Ҳоким дар оғози суҳбат ба муовини директори ХБА Бо Лӣ барои ҳамкории бисёрсолаву пурсамар ва дастгирии доимӣ дар ислоҳоти иқтисодӣ, инчунин тасдиқи Барномаи фишанги ҳамоҳангсозии сиёсат (Policy Consultation Instrument), ки дар беҳтар сохтани фазои сармоягузорӣ нақши муассир хоҳад дошт, изҳори сипос намуд. Дар ҳамин росто, зикр гардид, ки ҳарчи зудтар амалӣ намудани нишондиҳандаҳои миқдорӣ ва мақсадноки ислоҳоти Барнома аз саривақт расонидани кӯмаки техникӣ ва машваратии дар доираи Барномаи мазкур пешбинишуда вобастагӣ дорад.

Инчунин, бо назардошти он, ки воситаҳои қарздиҳии ХБА барои қонеъ кардани ниёзҳои тағйирёбандаи кишварҳо пайваста такмил дода мешаванд, мо ба дастгирии ХБА дар таъмини маблағгузории дарозмуддати дастрас барои таҳкими муқовимат ба шокҳои беруна, аз ҷумла омодагӣ ба тағйирёбии иқлим ниёз дорем, - изҳор дошт Ҳоким Холиқзода.

Зимни мулоқот, ҷониби Тоҷикистон мусоидати Хазинаи Байналмилалии Асъорро дар ташаккули институтҳо ва рушди иқтидори инсонӣ тавассути Маркази Минтақавии рушди иқтидор барои Минтақаи Қафқоз, Осиёи Марказӣ ва Муғулистон қобили қабул донист.

04-min.jpg

Муовини директори ХБА Бо Ли дар навбати худ омодагии хешро ба муколама ва ҳамкории судманд баён намуда, аз дастовардҳое, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ноил гаштааст, изҳори қаноатмандӣ намуд.

Маврид ба зикр аст, ки дар мулоқоти мазкур муовини аввали сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳ.Ҳ-ро раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Ф.Н, намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ХБА ва Бонки Ҷаҳонӣ Амирзода П.Ҳ. ва директори департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъори Бонки милии Тоҷикистон Бояков З.Ғ. ҳамроҳӣ доштанд.

Шуъбаи матбуоти БМТ

Диданд: 781

18.04.2024

Возврат к списку