Машварати мудирони ХБА аз кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ

Ахбор

Машварати мудирони ХБА аз кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ


17 апрели соли 2024 раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс дар ҳошияи ҷаласаҳои солонаи Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ дар шаҳри Вашингтони ИМА дар машварати нисфирӯзии мудирони ХБА аз кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ ширкат варзид.

Хабари 7-min.jpg

Дар раванди ҳамоиши мазкур ба мудирони ХБА аз кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ шарҳи вазъи монетарии минтақа манзур карда шуд.

Дар идома аҳли нишасти машварати нисфирӯзӣ саволҳои рӯзномаи чорабинӣ, аз қабили маблағгузории лоиҳаҳои мубориза бо тағирёбии иқлим, омода кардани бахшҳои молиявӣ ба ояндаи сабз, стратегияҳои баланд бардоштани омодагӣ ва устувории бахшҳои молиявӣ ҷиҳати расидан ба потенсиали маблағгузории хусусии иқлим ва нақши мақомоти директивӣ дар коҳиш додани хатарҳои марбут ба иқлим дар бахшҳои молиявӣ ва рушди бозорҳои дохилии сармояро муҳокима намуда, ҷиҳати ҳаллу фасли масъалаҳои номбаршуда фикру андешаҳои худро баён карданд.

Шуъбаи матбуоти
БМТ

Диданд: 688

19.04.2024

Возврат к списку