Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои баҳории ХБА ва БҶ

Ахбор

Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои баҳории ХБА ва БҶ


18 апрели соли 2024 дар шаҳри Вашингтон ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлиси машваратии мамлакатҳои электорати ҷаласаҳои баҳории ХБА ва Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ ширкат намуд.

Хабари 10-min.jpg

Дар маҷлиси навбатии мамлакатҳои электорат масъалаҳои ноустувории молиявӣ дар ҷаҳон, таъмини суботи иқтисодӣ, сиёсати пулию қарзӣ бо назардошти хатарҳои геополитикӣ, беҳтар кардани дурнамои миёнамӯҳлати рушд, таъсири номуайянӣ ва хатарҳо дар пасманзари муноқишаҳои давомдор, инчунин дигар масоили муҳимми аҳамияти ҷаҳонидошта мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Зимни суханронии худ роҳбари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон - муовини якуми Сарвазир Холиқзода Ҳ.Ҳ аз нақши Хазинаи байналмилалии Асъор ва гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон ёдоварӣ намуда, қайд кард, ки маҷлиси машваратӣ аз лиҳози муколамаи бисёрҷониба ва омӯзиши таҷрибаи шарикии кишварҳои электорат ба ҳимояи манфиатҳои кишварҳои аъзо мусоидат намуда, ба сифат ва қабули фаврии қарорҳои муҳим барои кишварҳои аъзои Гурӯҳ таъсири мусбат мерасонад.

Вазъи кунунии мураккаби геополитикӣ ба рушди иқтисодии кишварҳои минтақа, муносибатҳои байналмилалии тиҷоратӣ, бозорҳои молиявию ашёи хом дар ҷаҳон бетаъсир буда наметавонад. Бо назардошти сатҳи баланди номуайянӣ, роҳҳои нави таъмини устувории иқтисодиёт дар давраи ҷорӣ ва миёнамӯҳлат пайдо карда шуда, аз ҷалби маблағҳои ХБА дар доираи воситаҳои маблағгузорӣ бояд истифода бурда шавад.

Бахшҳои молиявии минтақаи Осиёи Марказӣ дар нигоҳ доштани сиёсатҳое, ки ба ҳифзи иқлим дар минтақа нигаронида шудаанд, нақши муҳим доранд. Бо назардошти он, ки воситаҳои қарздиҳии ХБА барои қонеъ кардани ниёзҳои тағйирёбандаи кишварҳо пайваста такмил дода мешаванд, дастгирии ХБА дар таъмини маблағгузории дарозмуддати дастрас барои тағирёбии иқлим ва таъмини рушди устувор мувофиқи мақсад шуморида мешавад, қайд намуд зимни маърӯза Холиқзода Ҳ.Ҳ.

Дар қисмати хотимавии баромад Холиқзода Ҳ.Ҳ. аҳли нишастро ба ҷаласаи Гурӯҳи электорати ХБА ва Бонки Ҷаҳонӣ, ки аз 1 то 3 июли соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад, даъват намуд.

 

Шуъбаи матбуоти БМТ

 

Диданд: 569

22.04.2024

Возврат к списку