Баррасии дурнамои ҳамкориҳо бо мудирони ХБА

Ахбор

Баррасии дурнамои ҳамкориҳо бо мудирони ХБА


Дар доираи сафари корӣ дар ҷаласаҳои баҳории ХБА ва Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Ф.Н бо як қатор директорони ХБА мулоқотҳои рӯ ба рӯ анҷом дод.

Хабари баррасии дурнамо 9- 01-min.jpg

Аз ҷумла, 18 апрел Раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо директори Департаменти кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказии ХБА Ҷиҳод Азур ва роҳбари миссияи ХБА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Метю Гартнер вохӯрӣ дошт. Дар мулоқот ҷонибҳо вобаста ба раванди иҷроиши Барномаи тасдиқшуда (Фишанги ҳамоҳангсозии сиёсат), расонидани кӯмаки техникӣ ва машваратии дар доираи Барномаи мазкур пешбинишуда ҷиҳати рушди иқтидори инсонӣ, инчунин имконоти маблағгузории дарозмуддат барои таҳкими муқовимат ба шокҳои беруна ва тағйирёбии иқлим суҳбат намуданд.

Хабари баррасии дурнамо 9-min.jpg

Инчунин, дар доираи ҷаласаҳои баҳорӣ Толибзода Ф.Н. бо муовини директори Хазинаи Байналмилалии Асъор ҷаноби Бо Лӣ оид ба татбиқи Барномаи фишанги ҳамоҳангсозии сиёсат ва ба ин васила баланд бардоштани устувории буҷетӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ, нигоҳ доштани суботи макроиқтисодиву молиявӣ, таҳкими идоракунӣ ва баланд бардоштани шаффофият суҳбат гузаронида, рӯзи 19 апрел дар ҳамоиши вазирон ва мудирони минтақавии Қафқоз ва Осиёи Марказӣ, ки таҳти роҳбарии муовини директори ХБА Бо Лӣ баргузор гардид, иштирок намуд.

Шуъбаи матбуоти БМТ

Диданд: 787

24.04.2024

Возврат к списку