7 майи соли 2024 вохӯрии раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Умут Аҷар баргузор гардид.
Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо перомуни ҳолати кунунии низоми бонкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тавсеаи ҳамкориҳо дар самти низоми бонкӣ ва иқдомҳои оянда, кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ, таъсиси филиалҳои бонкҳои Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамкорӣ дар самти рушди иқтисоди “сабз” ва дурнамои ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия табодули назар намуданд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода сафирро бо вазъи макроиқтисодӣ ва низоми бонкии кишвар шинос намуда, қайд кард, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи бонкдорӣ барои таъсиси бонкҳои хориҷӣ, филиал ва намояндагиҳои онҳо дар Тоҷикистон шароити мусоид фароҳам овардааст ва Бонки милии Тоҷикистон дар доираи қонунгузории ҷорӣ ва дар ҳамоҳангӣ бо мақомоти дигари давлатӣ омода аст, ки дархостҳоро барои кушодани бонкҳои фаръӣ, филиалу намояндагиҳои бонкҳои Ҷумҳурии Туркия дар Тоҷикистон баррасӣ намояд. Мавҷудияти сармояи хориҷӣ дар иқтисодиёт аз ҷолиб будани он барои сармоягузорони хориҷӣ шаҳодат медиҳад ва давлат баробарҳуқуқии сармоягузорони хориҷиву ватаниро кафолат медиҳад.
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Умут Аҷар аз таваҷҷуҳи Бонки миллии Тоҷикистон ва хоҳиши тавсеа бахшидани ҳамкориҳо дар низоми бонкии ду кишвар истиқбол карда, ҳамзамон бахшҳои тиҷорату сайёҳиро дар муносиботи иқтисодии кишварҳо муҳим арзёбӣ намуд.
Дар фарҷом, ҷонибҳо ҳавасмандии худро барои тақвияти ҳамкории самараноки минбаъда, ки на танҳо ба рушди низоми бонкӣ, балки ба иқтисодиёти кишвар мусоидат менамояд, изҳор намуданд.
Диданд: 1975
07.05.2024