Эълони Озмун

Ахбор

Эълони озмун


БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
барои ишғоли вазифаи холии зерин
                                       ЭЪЛОН МЕНАМОЯД                                        

   Департаменти сиёсати монетарӣ, тадқиқотӣ ва рушд

  I
Мутахассиси дараҷаи I-и шуъбаи таҳлили макроиқтисодӣ (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • маълумоти олӣ дар самти иқтисодиёт, молия ва бонкдорӣ;
  • сатҳи кофии дониш дар соҳаи назарияи иқтисодӣ (макроиқтисодиёт), бахши молиявӣ-бонкӣ;
  • доштани қобилияти баланди таҳлиливу тадқиқотӣ ва хулосабарорӣ, маҳорати тайёр ва пешниҳод намудани рӯнамо дар таҳия ва омода намудани мавзуҳои таҳлилӣ, инчунин маҳорати баланди ибрози андеша тариқи хаттӣ ва шифоҳӣ;
  • пешбурди муросилот ва дигар ҳуҷҷатгузорӣ дар сатҳи баланд;
  • маҳорати кор дар компютер, донистани ҳатмии барномаҳои Ms Office (Excel, Word ва Power Point);
  • доштани таҷрибаи кории на камтар аз 2 сол дар соҳаи бонкӣ ё молиявӣ;
  • донистани забонҳои давлатӣ, англисӣ ва русӣ ҳатмист.

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

  • ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
  • маълумотнома (справка-объективка);
  • варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
  • тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
  • расм 2 дона андозаи 4х6;
  • нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
  • нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
  • маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
  • маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
  • нусхаи билети ҳарбӣ;
  • нусхаи шаҳодатномаи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ (СИН);
  • нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

Қабули ҳуҷҷатҳо ҳамаруза баъд аз соати 14:00
дар нишонии зерин шуруъ мегардад:
ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 38/1, Идораи кормандон
Телефон барои маълумот: (44) 600-31-38, 600-32-11
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 3 июни соли 2024

Telegram  Facebook

Диданд: 3878

14.05.2024

Возврат к списку