Ахбор

Вохӯрии Сироҷиддин Икромӣ бо ҳайати Корхонаи сикказании Бонки миллии Қазоқистон


15 майи соли равон муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Икромӣ С.С. бо ҳайати Корхонаи давлатии сикказании Бонки миллии Ҷумҳурии Қазоқистон, таҳти роҳбарии директори генералии корхона Транов А.Ю. мулоқот анҷом дод.

NBTL1044-min[1].JPG

Дар доираи вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба вазъи кунунии муносибатҳо ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд андешаҳои худро баён намуда, омодагии хешро ҷиҳати тақвияти ҳамкории минбаъда иброз доштанд.

Ҳайати меҳмонон дар идомаи мулоқот имкониятҳои нави технологии Корхонаи давлатии сикказании Бонки миллии Ҷумҳурии Қазоқистонро дар шакли рӯнамо муаррифӣ намуда, хизматрасониҳои ҷадиди худро пешниҳод карданд.

NBTL1059-min.JPG

Маврид ба зикр аст, ки Корхонаи давлатии сикказании Бонки миллии Ҷумҳурии Қазоқистон яке аз шарикони боэътимод дар самти сикказании тангаҳо ба шумор рафта, аз ҷумлаи корхонаҳои муосир дар ин самт мебошад.

Шуъбаи матбуоти БМТ

Telegram  Facebook

Диданд: 6368

16.05.2024

Возврат к списку