Мулоқоти директори ХБА бо бонувони пешсаф

Ахбор

Мулоқоти директори ХБА бо бонувони пешсаф


16 майи соли равон дар доираи сафари кории ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар меҳмонхонаи “Hyatt Regency” суҳбати озоди директори иҷроияи ХБА хонум Кристалина Георгиева бо занону бонувони фаъоли ҷамъиятӣ ва давлатӣ баргузор гардид.

NBTL1244-min[1].JPG

Меҳвари асосии суҳбатро масъалаҳои марбут ба таъмини баробарии гендерӣ дар тамоми қишрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар оила ва бозори меҳнат, таъсири он ба рушди иҷтимоӣ, муҳиммият ва мақсадҳои асосии баробарии гендерӣ, инчунин дигар андешаҳои ҷолибу созандаи бонувони фаъол вобаста ба рушду нумуи кишвар ташкил дод.

Қобили зикр аст, ки дар мулоқоти мазкур муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон – Дилрабо Мансурӣ, муовини раиси ҲХДТ – Хайриниссо Юсуфӣ, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ – Гулнора Ҳасанзода, муовини якуми вазири адлия - Нигина Ализода, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон - Гулбаҳор Назирӣ, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ҳилолбӣ Қурбонзода ва дигар бонувони фаъол ва пешсафи ҷумҳурӣ иштирок доштанд.

Шуъбаи матбуоти БМТ

Диданд: 2078

17.05.2024

Возврат к списку