Ахбор

Хазинаи байналмилалии асъор ҳамкориро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсеа мебахшад


Ҳафтаи сипаригашта, ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор, таҳти роҳбарии директори иҷроияи ХБА Кристалина Георгиева бо сафари ду рӯза ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Дар доираи ин сафар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати мазкурро дар Қасри миллат ба ҳузур пазируфтанд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо оид ба ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи байналмилалии асъор дар самти пешбурди ислоҳоти иқтисодӣ, нигоҳдории суботи макроиқтисодӣ, дастгирии тавозуни пардохт, таъмини устувории захираҳои байналмилалӣ, инчунин густариши ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар бахшҳои саноат, кишоварзӣ, энергетика ва тақвияти неруи инсонӣ табодули андеша карданд.

53725467504_378e738553_b-min[1].jpg

Зимнан, директори иҷроияи ХБА Кристалина Георгиеваро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ низ қабул намуданд.

Дар рафти вохӯрӣ ба ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор ҷиҳати кумаку дастгириҳо дар барномаҳои мухталиф оид ба татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ ва баланд бардоштани некуаҳволии мардум изҳори миннатдорӣ баён гардида, мусоидати ХБА дар таҳкими низоми бонкӣ, дастгирии лоиҳаҳое, ки ба ташаккули иқтисоди сабз, густариши рақамикунонӣ, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ва обу иқлим равона шудаанд, аз самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои минбаъда хонда шуданд.

Маврид ба зикр аст, ки дар рӯзи аввали ташриф директори иҷроияи ХБА Кристалина Георгиева инчунин бо сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, муовини якуми сарвазир Ҳоким Холиқзода, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода ва як гурӯҳ занону бонувони фаъоли кишвар дар алоҳидагӣ мулоқот анҷом дод.

441186670_760792822841730_5280465121929329362_n-min[1].jpg

Дар рӯзи дуюми ташриф, ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор ҷиҳати шиносоӣ бо ҷараёни корҳо аз иншооти Неругоҳи барқи обии «Роғун» дидан ба амал овард.

Дидани мавзеи умумии сохтмони иншоот, аз дидбонгоҳи болоии Неругоҳ, ки дар баландии 1300 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад, ба меҳмонон таассуроти амиқ аз худ гузошт. Инчунин, зимни боздид аз толори мошинҳо кори ду агрегати нахустин ва корҳои омодагӣ ба васли агрегатҳои навбатии неругоҳ мавриди таваҷҷуҳи зиёди Кристалина Георгиева ва ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор қарор гирифт.

03а-min.JPG

Роҳбари ҳайат - Кристалина Георгиева зимни боздид баён дошт: «Ман ҳамчун намояндаи ҷомеаи ҷаҳонӣ мехоҳам эҳтироми худро нисбат ба корҳое, ки шумо дар ин ҷо анҷом медиҳед, изҳор намоям. НБО «Роғун» умеду орзуи тоҷикон ба неруи барқи доимӣ, ба рушди устувори иқтисоди кишвар ва умеду орзуи ҳамсоягони Тоҷикистон ба неруи барқи арзон мебошад. НБО «Роғун» ҳамзамон манбаи «неруи сабз» аст, аз ин рӯ, мо аз ин иншооти бузург ҳамаҷониба пуштибонӣ хоҳем кард».

Директори иҷроияи ХБА ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати мамлакат барои талошу меҳнати пайваста ҷиҳати бунёди НБО «Роғун» изҳори эҳтиром намуда, таъкид кард, ки ашхосе дар ин неругоҳ кор мекунанд, қаҳрамонони Ватани худ ҳастанд.

04-min.JPG

Дар маҷмуъ, Кристалина Георгиева пас мулоқот бо роҳбарияти сатҳи олии кишвар ва шиносоӣ бо ҷараёни сохтмон дар НБО “Роғун“ барои гурӯҳи хабарнигорони дохилию хориҷӣ нишасти хабарӣ ороста, аз пазироӣ ва меҳмоннавозии самимӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми тоҷик изҳори сипос намуд.

Номбурда қайд намуд, ки меҳвари асосии суҳбатҳо Барномаи нави ХБА барои Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки он ба дастгирии идомаи ислоҳот дар кишвар, беҳдошти фазои маблағгузорӣ, ҷалби сармоягузорон, истифодаи маблағҳои буҷетӣ баҳри рушди соҳаҳои иҷтимоӣ ва боло бурдани сатҳи зиндагии мардуми Тоҷикистон равона гардидааст.

Таъкид гардид, ки барномаи зарурӣ дар ҳоле амалӣ мегардад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони яке аз лоиҳаҳои на танҳо барои кишвар, балки барои минтақа муҳим — НБО «Роғун»-ро идома дода истодааст. Ин иншоот манбаи тавлиди «энергияи сабз» барои рушди кишвар мегардад.

05-min.JPG

Кристалина Георгиева зикр намуд, ки “Хазинаи байналмилалии асъор ба аъзои худ захираҳои молиявиро тавассути механизми маблағгузории имтиёзноки иқлимии «Воситаи рушди устувор” пешкаш мекунад. 18 кишвар аз ин имконият истифода мебаранд ва мо итминон дорем, ки ҳар чӣ зудтар Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳам ба ин пайванд созем».

Дар фарҷоми сафар Директори иҷроияи ХБА Кристалина Георгиева вобаста ба пазироии меҳмонон қайд кард, ки «Ман нисбат ба мардуми тоҷик эҳтироми зиёд пайдо кардам. Комёбиҳои назаррасро барояшон орзу мекунам. Шаҳри Душанбе ниҳоят зебо ва сарсабз асту ба ман бисёр писанд омад. Чунин ба назар мерасад, ки ин макон барои зиндагии хуш ва руҳбаландии одамон бунёд шудааст. Бори дигар ба мардуми тоҷик барои пазироию меҳмоннавозии гарму самимӣ изҳори сипос мекунам».

Шуъбаи матбуоти БМТ

Telegram  Facebook

Диданд: 6439

20.05.2024

Возврат к списку