Семинари омӯзишӣ дар самти МҚД/МТ/МПСҚО барои намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ

Ахбор

Семинари омӯзишӣ дар самти МҚД/МТ/МПСҚО барои намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ


Санаи 17 майи соли 2024 аз ҷониби департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) барои намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ намояндагони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Дар оғоз Мирзоалиев Ҳалим Саидаҳмадович – директори департаменти мониторинги молиявӣ ҳамагонро хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки мақсади чорабинӣ гирифтани маълумот дар самти МҚД/МТ/МПСҚО ва уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин тақвият бахшидани ҳамкории мутақобилаи департамент бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти мазкур мебошад. Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳамоҳангӣ ва ҳамкорӣ бо созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ ҷиҳати андешидани тадбирҳои зарурӣ ва пешгирӣ кардани ин зуҳуроти номатлуб дар асоси қатъномаҳои қабулнамудаи СММ, стандартҳои байналмилалии соҳа, аз ҷумла тавсияҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии мубориза бар зидди пулшӯӣ (ФАТФ) пайваста кӯшиш менамояд.

Директори департамент ҳамчунин доир ба ҷараёни гузаронидани Баҳодиҳии хавфи миллии қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм, пайгирӣ намудани рӯйхати шахсоне, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун шахсони бо терроризм алоқаманд эътироф шудаанд, ба иштирокдорон маълумот дод.

photo_2024-05-17_14-52-21-min.jpg

Сипас аз ҷониби кормандони департаменти мониторинги молиявӣ оид ба асосҳои ба вуҷуд омадани стандартҳои байналмилалӣ дар самти МҚД/МТ/МПСҚО ва татбиқи онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мазкур маълумот манзур шуда, ҳамкории мутақобила бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва натиҷаҳои он баррасӣ гардид. Ҳамчунин, дар шакли рӯнамо баъзе ҳолатҳои маблағгузории терроризм ва ҷиноятҳои предикатӣ, ки аз рӯи онҳо таҳлилҳо гузаронида шудаанд, бо мисолҳо ба самъи иштирокдорон расонида шуд.

Дар рафти чорабинӣ инчунин оид ба ҳамкории департаменти мониторинги молиявӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва муқаррароти “Дастурамал оид ба ташкили ҳамкорӣ дар бораи табодули маълумот байни Департаменти мониторинги молиявии назди БМТ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти МҚД/МТ/МПСҚО” маълумот дода шуд.

Дар интиҳо вобаста ба саволҳои иштирокдорон масоили ҳамкории департаменти мониторинги молиявӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ шуда, миёни ҷонибҳо оид ба тақвияти ҳамкорӣ, аз ҷумла саривақт дастрас шудани дархостҳо, зери назорат гирифтани маводҳои ташаббусӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули андеша сурат гирифт.

Департаменти мониторинги молиявӣ

Диданд: 1151

23.05.2024

Возврат к списку