Баррасии ҳамкориҳо бо Бонки Ҷаҳонӣ

Ахбор

Баррасии ҳамкориҳо бо Бонки Ҷаҳонӣ


Рӯзҳои 22-23 майи соли ҷорӣ раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ, таҳти роҳбарии директори минтақавии Бонки Ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ ҷаноби Асад Алам мулоқот намуд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо дар баробари шиносоӣ бо вазъи кунунии низоми бонкӣ ва нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишвар, инчунин масъалаҳои гуногуни муносибатҳои дуҷониба, дурнамои рушд ва густариши ҳамкориҳоро бо таваҷҷуҳ ба истифодаи имконияту захираҳои мавҷуда мавриди муҳокима қарор доданд.

NBTL2757-min[1].JPG

Қайд гардид, ки Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун танзимгари низом бо назардошти аҳамияти афзояндаи бахши молиявӣ дар сабзгардонии иқтисод пайваста бо институтҳои молиявии байналмилалӣ ҳамкорӣ намуда, бо муассисаҳои молиявии кишвар дар таҳия ва татбиқи таҷрибаи беҳтарини ESG, татбиқи барномаҳои тағйирёбии иқлим ва идоракунии хавфҳои экологӣ кӯмак мерасонад.

Дар қатори масъалаҳои зикргардида, ҷонибҳо инчунин вобаста ба “Лоиҳаи дастгирии сиёсати рушд (DPO) ва омӯзиши самтҳои нави шарикӣ барои дастгирии мақсадҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар оянда, аз ҷумла рушди пардохтҳои ғайринақдӣ дар иқтисодиёт” табодули назар карда, татбиқи онро ҷиҳати рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар, хусусан рушди пардохтҳои ғайринақдӣ муҳим арзёбӣ намуданд.

NBTL2776-min[1].JPG

Ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ аз талошҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти вусъат бахшидани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар муомилот ёддоварӣ намуда, изҳор дошт, ки кӯшишҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин самт дастгирӣ менамояд.

Қобили зикр аст, ки мулоқот дар фазои хуби ҳамдигарфаҳмӣ ва озод баргузор гардида, ҷонибҳо дар идома додани муносибатҳои судманди дуҷониба омодагии худро баён доштанд.

Шуъбаи матбуоти БМТ

Диданд: 1268

23.05.2024

Возврат к списку