Ахбор

Муҳокимаи лоиҳаи “Барномаи рушди маблағгузорӣ дар асоси дороиҳои манқул”


Дар мулоқоти маҷозии муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ бо намояндагони Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ (IFC), ки рӯзи 24 май доир гардид, ҷонибҳо вобаста ба амалисозии лоиҳаи “Барномаи рушди маблағгузорӣ дар асоси дороиҳои манқул (Assets based Finance - ABF)” табодули андеша намуданд.

NBTL2943.jpg

Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ аз саҳми IFC дар тақвияти идоракунии корпоративӣ дар низоми бонкӣ, такмили махзани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва мусоидат дар рушди хизматрасониҳои молиявии муосири рақамӣ ҳарф зада, татбиқи лоиҳаи номбурдаро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим арзёбӣ намуд. Қайд гардид, ки баамалбарории лоиҳа метавонад дастрасии молиявиро барои соҳибкории хурду миёна аз ҳисоби такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, технологӣ ва экосистемаи институтсионалии ABF васеъ намояд.

Ҷониби IFC дар навбати худ ҷиҳати муайян кардани модели мувофиқ барои ҷорӣ намудани платформаи электронӣ бо назардошти талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон рунамои худро бо пешниҳоди моделҳои гуногун муаррифӣ намуд.

NBTL2949.jpg

Дар рафти суҳбат оид ба корҳои аҷомдодашуда, мушкилиҳои ҷойдошта ва банақшагирии истифодаи Феҳристи ягонаи давлатии уҳдадориҳои таъминшуда (махзани ягонаи иттилоотии электронии уҳдадориҳои таъминшуда) ҷиҳати ҷорӣ намудани Платформаи миллии электронӣ дар доираи татбиқи лоиҳаи ABF шунида шуд.

Дар қисмати ҷамъбастӣ ҷонибҳо вобаста ба тавсияҳои пешниҳодгардида андешаҳои худро баён намуда, истифода аз таҷрибаҳои фаъоли кишварҳои Туркия, Чин ва Мексикаро дар ин самт қобили қабул шумурданд.

Шуъбаи матбуоти БМТ

Telegram  Facebook

Диданд: 6086

25.05.2024

Возврат к списку