29 май раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо ҳайати Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) таҳти роҳбарии директори минтақавии департаменти иқтисодиёт ва хизматрасониҳои машваратӣ дар Шарқи Наздик, Осиёи Марказӣ, Туркия, Покистон ва Афғонистон хонум Илҳем Саломон мулоқот анҷом дод.
![NBTL3070[1].jpg NBTL3070[1].jpg](/upload/medialibrary/9e9/57jwr1ok1c1k0zyv3bveclfkls9ltmzy/NBTL3070[1].jpg)
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода дар оғоз аз сатҳи ҳамкорӣ бо IFC изҳори қаноатмандӣ намуда, саҳми Корпоратсияи байналмилалии молиявиро дар баланд бардоштани сатҳи идоракунии корпоративӣ дар бахши низоми бонкии кишвар, такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, мусоидат ба рушди хизматрасониҳои муосири рақамии молиявӣ ва таҳияи стратегияи миллии густариши дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ ба аҳолӣ махсус қайд намуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба, сатҳи раванди корҳо дар амалисозии лоиҳаҳои IFC “Маблағгузорӣ дар асоси дороиҳои манқул”, “Дастгирии рушди рақамӣ ва иноватсионии бахши молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва оғози лоиҳаҳои нав оид ба истифодаи энергияи зеризаминии геотермалӣ ва нақшаи татбиқи минбаъдаи онҳоро муҳокима намуданд.
![NBTL3040[2].jpg NBTL3040[2].jpg](/upload/medialibrary/a39/j80sysna4wqr3wpb70lfdnh0j3280pby/NBTL3040[2].jpg)
Роҳбари ҳайати IFC хонум Илҳем Саломон дар навбати худ аз тамоюли мусбати оморӣ ва нишондиҳандаҳои иқтисодиву низоми бонкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарф зада, омодагии Корпоратсияи байналмилалии молиявиро дар дастгирии лоиҳаҳои минбаъда баён намуд.
Зикр гардид, ки имзои Созишномаи ҳамкорӣ оид ба расонидани кумаки техникӣ байни БМТ ва IFC вобаста ба такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ва мусоидат ба рушди хизматрасониҳои муосири рақамии молиявӣ мавриди баррасӣ қарор дошта, ҳамкориҳои судманди Бонки миллии Тоҷикистон ва Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ минбаъд низ густариш хоҳад ёфт.
Шуъбаи матбуоти БМТ
Диданд: 6517
29.05.2024