Семинари омӯзишӣ оид ба таҳлили макроиқтисодӣ/барномасозии молиявӣ ва сиёсат дар БМТ

Ахбор

Семинари омӯзишӣ оид ба таҳлили макроиқтисодӣ/барномасозии молиявӣ ва сиёсат дар БМТ


Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Маркази минтақавии рушди иқтидор барои Қафқоз, Осиёи Марказӣ ва Муғулистон (CCAMTAC) ва Донишкадаи Муттаҳидаи Вена (JVI) аз санаи 3 июн семинарҳои омӯзиширо оид ба таҳлили макроиқтисодӣ/барномасозии молиявӣ ва сиёсат барои мутахассисони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон оғоз намуд.

NBTL3594.jpg

Машғулиятҳои омӯзиширо муовини раиси БМТ Сироҷиддин Икромӣ ҳусни оғоз бахшида, ба Маркази минтақавии рушди иқтидор барои Қафқоз, Осиёи Марказӣ ва Муғулистон ва Донишкадаи Муттаҳидаи Вена барои ташкили семинари муштарак изҳори сипос кард ва ҳамзамон қайд намуд, ки ин аввалин семинари CCAMTAC дар Тоҷикистон дар шакли ҳузурӣ мебошад.

Сироҷиддин Икромӣ иброз дошт, ки мавзуи семинар барои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим арзёбӣ мегардад, зеро маҳз барномасозии молиявӣ асоси таҳлили вазъи кунунии иқтисодиёт, пешгӯии самти рушди он ва муайян намудани тадбирҳои сиёсати иқтисодӣ ба ҳисоб меравад.

NBTL3624.jpg

Семинар то 7 июн идома ёфта, иштирокдорон дар ин муддат метавонанд бо воситаҳои асосие, ки дар барномасозии молиявӣ ва сиёсат барои таҳлил ва пешгӯии маълумот истифода мешаванд, ошно гардида, дар оянда онҳоро дар амалия татбиқ намоянд.

Барои гузаронидани семинари омӯзишӣ ҷаноби Нурдаулет Абилов, хонум Алия Кистаубоева (таҳлилгарони иқтисодии CCAMTAC) ва хонум Татьяна Евдокимова (иқтисодчии калони JVI) даъват шудаанд.

Шуъбаи матбуоти БМТ

Telegram  Facebook

Диданд: 5286

04.06.2024

Возврат к списку