Аз 21 то 23 май дар доираи иҷрои Стратегияи сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва барномаи тасдиқшудаи омӯзишӣ барои бозомӯзии кормандони бонкҳои марказии (миллии) аъзои Шурои АвруОсиё барои соли 2024 дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон семинари омӯзишӣ дар мавзуи “Дурнамои пардохтпазирии низоми бонкӣ баҳри татбиқи самаранокии сиёсати пулӣ” гузаронида шуд. Дар машғулиятҳои омӯзишӣ намояндагони бонкҳои марказии (миллии) ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Казоқистон, Федератсияи Россия ва Тоҷикистон иштирок намуданд.
Мақсад аз баргузор намудани семинар мубодилаи таҷриба, гирифтани маълумот оид ба пардохтпазирии низоми бонкӣ ва усулҳои дуруст ба роҳ мондани он, инчунин тақвият бахшидани ҳамкориҳои мутақобилаи судманд миёни бонкҳои марказӣ мебошад.
Дар машғулиятҳо аз ҷониби мутахассисони департаменти сиёсати монетарӣ, тадқиқотӣ ва рушд, идораи бозори молиявии Бонки миллии Тоҷикистон ва намояндагони дигар бонкҳои марказӣ тавассути ироаи рӯнамоҳо роҷеъ ба пешбурди сиёсати пулӣ, аз ҷумла сохтори амалиётии сиёсати пулию қарзӣ, механизми дурнамои пардохтпазирии низоми бонкӣ, нишондиҳандаҳои бозори байнибонкӣ, ҳамзамон табодули таҷриба дар раванди гузариш ба ҳадафгирии таваррум барои иштирокдорон маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.
Инчунин дар кори семинар иштирокдорон вобаста ба мавзуҳои баррасишаванда, аз ҷумла истифодаи воситаҳои сиёсати пулию қарзӣ ва таъсири онҳо ба нишондиҳнадаҳои монетарию макроиқтисодӣ, муҳиммияти механизми дурнамои пардохтпазирии низоми бонкӣ табодули андеша намуданд.
Бояд қайд намуд, ки механизми дурнамои пардохтпазирӣ раванди баҳодиҳии сатҳи пардохтпазирии ташкилотҳои қарзии молиявиро барои давраи ояндаи наздик (кӯтоҳмуддат) дар бар гирифта, дар асоси он фишангҳои доимоамалкунандаи монетарӣ мавриди истифода қарор дода шуда, ба таъмини муътадилии ҳаҷми пул дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ, пешгирии омилҳои монетарии таваррумӣ ва фишорҳои қурбӣ мусоидат менамояд.
Дар қисмати ҷамъбастӣ, ба ҳамаи иштирокдорон ҷиҳати ширкати фаъолона дар машғулиятҳои омӯзишӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон сертификат супорида шуд.
Департаменти сиёсати монетарӣ, тадқиқотӣ ва рушд
Диданд: 6109
05.06.2024