Ахбор

Намоишгоҳи молу маҳсулоти корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ЭКСПО


Дар доираи барномаи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Даҳсолаи байналмилалии амал об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» аз 10 то 13 июни соли равон Намоишгоҳи молу маҳсулоти корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар «Dushanbe EXPO Centre» баргузор гардид.

01[1].jpg

Меҳмонони Конфронс дар Намоишгоҳ бо маҳсулот ва иқтидори истеҳсолию саноатии корхонаю коргоҳҳои гуногуни Тоҷикистон дар бахшҳои саноати мошинсозӣ, кимиё, нассоҷӣ, маъдан, канданиҳои фоиданок, масолеҳи сохтмон, ангишт, технологияи иттилоотӣ, энергетика, хӯрокворӣ, кишоварзӣ, сайёҳӣ шиносоӣ пайдо карданд.

Дар як гӯшаи Намоишгоҳ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон низ ба меҳмонони дохилию хориҷӣ ва иштирокдорони чорабинӣ тангаҳои хотиравӣ ва сабикаҳои ченакии тилло муаррифӣ гардиданд.

02.jpg

Зимни шиносоӣ ба меҳмонон иттилоъ дода шуд, ки тангаҳои хотиравӣ ва ҷашнӣ ифодагари тамаддуни қадимаи халқи тоҷик, арзишҳои фарҳангӣ ва иҷтимоӣ буда, рӯйдодҳои таърихиро дар худ таҷассум менамоянд. Онҳо манбаи пурарзиши таълимӣ ба ҳисоб рафта, дар бораи гузашта ва имрӯзи мо маълумот медиҳанд.

Қайд гардид, ки тангаҳо на танҳо аз ҷиҳати молиявӣ, балки аз ҷиҳати таъсирнокию ҳиссиёт низ арзиш дошта, ҷамъоварандагон онҳоро барои аҳаммияти таърихӣ доштанашон қадр мекунанд. Сармоягузорӣ ба ин намуди маҳсулот на танҳо имкони баланд бардоштани арзиши дороиҳои худ, балки огаҳӣ ёфтан ва ҳамроҳ шудан ба таъриху фарҳанг мебошад.

Шуъбаи матбуоти БМТ

Telegram  Facebook

Диданд: 6897

13.06.2024

Возврат к списку