Ахбор

Ваҳдати миллӣ - беҳтарин неъмат ва дастоварди миллат


25 июни соли 2024 дар Бонки миллии Тоҷикистон бахшида ба 27-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки роҳбарият ва аҳли кормандони бонк чорабинии бошукӯҳи идона доир гардид.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода зимни суханронии худ аҳли нишастро бо ҷашни миллӣ табрик намуда, қайд кард, ки рӯзи Ваҳдати миллӣ дар тақвими миллати куҳанбунёди тоҷик ҳамчун рӯзи пирӯзӣ бар қувваҳои ҷудоихоҳ ва оғози марҳилаи нави таърихӣ таҷлил мегардад.

1.jpg

“Имрӯзҳо аз имзои санади муҳимми сарнавиштсози таърихи давлатдории нави миллии мо, яъне Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки бисту ҳафтуми июни соли 1997 баъди музокироти тулонӣ бо ташаббус ва саъйу кӯшиши бевоситаи Пешвои муаззами миллат, бо мақсади ҳифзи якпорчагии кишвар ва таъмини сулҳу суботи он сурат гирифт, бисту ҳафт сол сипарӣ мегардад. Воқеан мо аз он шукргузорем, ки бо имзо шудани созишномаи сулҳ дар кишвари азизамон сулҳи комил фароҳам омад ва мардум баъди азобу кулфати даҳшатбори ҷанги таҳмилӣ дубора ба бунёдкорию созандагӣ шуруъ намуданд.

Ҷашни Ваҳдати миллӣ таҷассумгари иттиҳоди тамоми сокинони мамлакат ва якпорчагии марзу буми Тоҷикистони азиз, гувоҳи фарҳанги таҳаммулгаро ва башардӯстона доштани фарзандони фарзонаву фидоии он, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар он рӯзҳои душвор тавонистанд давлату ҷомеаи шаҳрвандии моро аз гирдоби ҷангу хунрезӣ берун кашида, бо ҷасорату кордонӣ сулҳу субот ва оромии ҷомеаро таъмин намоянд.

2.jpg

Бо фаро расидани сулҳу оромӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ пояҳои давлатдории миллиро таҳким бахшида, дастовардҳо ва иқтидори иқтисодию иҷтимоии худро рӯз ба рӯз афзун мегардонад.

Ваҳдати миллӣ ва фазои ороми сулҳу субот дар кишвар аз ҳар кадоми мо талаб мекунад, ки ҳамқадами ҷомеаи муосир бошем, наслҳои имрӯзу ояндаро ба омӯхтани илми муосир, яъне дастовардҳои илму техника ва технологияи нав, аз ҷумла татбиқи онҳо дар низоми бонкии мамлакат, омӯхтани забонҳои хориҷӣ ташвиқу раҳнамоӣ созем. Нагузорем, ки ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ҳамроҳ шаванд, ба фарҳангу одоби бегона кӯркӯрона тақлид намоянд, балки онҳоро дар руҳияи нигаҳдории расму анъанаҳои аҷдодии худ тарбия намоем”, - таъкид намуд Ф.Толибзода.

3.jpg

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон аҳли ҷамъомадро инчунин ба муносибати 33-солагии таъсисёбии Бонки миллии Тоҷикистон (бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 июни соли 1991 дар заминаи Идораи Бонки давлатии Иттиҳоди Шуравӣ таъсис ёфтааст), табрику таҳният намуда, зикр кард, ки фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон ва низоми бонкии мамлакат низ пас аз хотима ёфтани ҷанги дохилӣ ва ба даст омадани Ваҳдати миллӣ рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст ва дар таҳкиму тақвияти ин низом раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши калидӣ доранд.

Сипас, сардори шуъбаи тарҷумаи дастгоҳи роҳбарияти БМТ Султон Ҳасан Баротзода аз нақши Ваҳдати миллӣ дар таҳкими давлату давлатдорӣ сухан карда, иброз дошт, ки бо шарофати барқарор шудани сулҳу Ваҳдати  миллӣ дар таърихи навини кишвар марҳилаи нави созандагию бунёдкорӣ оғоз гардид. Барқарор шудани сулҳу субот имкон фароҳам овард, ки барномаҳои муҳимми иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти озуқаворӣ ва дигар маъракаҳои сиёсию фарҳангӣ шуруъ ва роҳандозӣ гарданд.

4.jpg

Дар идома намояндагони Шурои ҷавонони бонк дар васфи Ваҳдати миллӣ сухан ронда, порчаҳои шеъриро аз эҷодиёти адибони тоҷик қироат намуданд.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода дар фарҷом бори дигар аҳли нишастро ба рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона табрик гуфта, аз аҳли нишаст даъват ба амал овард, ки “ҷиҳати рушди низоми бонкии кишвар беш аз пеш кӯшиш ба харҷ диҳем ва ба ин васила дар таҳкими пояҳои Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошем”.

 

Шуъбаи матбуоти БМТ

Telegram  Facebook

Диданд: 5982

25.06.2024

Возврат к списку