Омӯзиши рӯнамои IFC: “Маблағгузорӣ дар асоси дороиҳои манқул”

Ахбор

Омӯзиши рӯнамои IFC: “Маблағгузорӣ дар асоси дороиҳои манқул”


26 майи соли равон мулоқоти маҷозии муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ бо намояндагони Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ (IFC) вобаста ба натиҷаи баҳодиҳии бозори маблағгузории занҷираи таъминот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

NBTL4771.jpg

Зимни мулоқот намояндагони Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ доир ба масъалаи зикргардида рӯнамои худро зери унвони “Маблағгузорӣ дар асоси дороиҳои манқул” ба ҳайати Бонки миллии Тоҷикистон муаррифӣ намуданд.

Дар рӯнамо доир ба саҳми соҳаҳои гуногун дар иқтисодиёти кишвар, стратегияи давлатӣ ва рушди соҳаҳои алоҳида, таъсири эҳтимолии маблағгузорӣ дар асоси дороиҳои манқул ба соҳаҳои гуногун, таҳлили занҷираҳои арзиши иловашудаи соҳаҳои интихобшуда, таҳлили занҷираҳои арзиши иловашудаи ширкатҳои "лангарӣ" дар соҳаҳои интихобшуда ва хулосаҳо оид ба самтҳои эҳтимолии маблағгузории занҷираи таъминот маълумот пешниҳод гардид.

NBTL4774.jpg

Қайд карда шуд, ки рӯнамо дар асоси хулосаи суҳбату мулоқот бо намояндагони бахши хусусӣ, институтҳои молиявӣ ва ассотсиатсияҳо, намояндагони бахши соҳибкории хурду миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон омода шудааст ва чунин баҳодиҳӣ метавонад ба шаклдиҳии дурусти маҳсулоти маблағгузории занҷираи таъминот аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ва молиявии кишвар мусоидат намояд.   

Шуъбаи матбуоти БМТ

Telegram  Facebook

Диданд: 4172

28.06.2024

Возврат к списку