Имруз дар маҷмааи Хуталон ҷаласаҳои Гурӯҳи электорати Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Бонки Ҷаҳонӣ баргузор гардид.
![photo_2024-07-02_12-19-47[1].jpg photo_2024-07-02_12-19-47[1].jpg](/upload/medialibrary/2a9/imdta8q82o2s5dyur22qdzgjg19tcm7w/photo_2024-07-02_12-19-47[1].jpg)
Дар ҷаласаи мазкур муовини якуми Сарварзири Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳ.Ҳ., Роҳбарияти ХБА, Бонки Ҷаҳонӣ, вазоратҳои молия ва бонкҳои марказии Конфедератсияи Швейтсария, ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Полша, Сербия, Қазоқистон, Қирғизистон Туркманистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва ғайра иштирок намуданд.
![photo_2024-07-02_12-19-38[1].jpg photo_2024-07-02_12-19-38[1].jpg](/upload/medialibrary/fdb/zmcidt9pze88w0geq6ctgnj291623dzy/photo_2024-07-02_12-19-38[1].jpg)
Ҷаласаи Гурӯҳи электорати Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Бонки Ҷаҳониро муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло ифтитоҳ намуда, сипас тибқи барнома роҳбарони созмонҳои болозикр, инчунин намояндагони вазоратҳои молия ва бонкҳои марказии кишварҳои иштирокчӣ роҷеъ ба масъалаҳои мавриди назар баромад намуданд.
![photo_2024-07-02_12-19-39[1].jpg photo_2024-07-02_12-19-39[1].jpg](/upload/medialibrary/c4c/n70jt7taioa3ec3nsrcw4lspwhb0wyl6/photo_2024-07-02_12-19-39[1].jpg)
Шуъбаи матбуоти БМТ
Диданд: 5296
02.07.2024