Муколама бо муовини директори идоракунандаи ХБА Бо Ли

Ахбор

Муколама бо муовини директори идоракунандаи ХБА Бо Ли


3 июли соли равон Гурӯҳи электорати Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Бонки Ҷаҳонӣ ба кори худ дар маҷлисгоҳи меҳмонхонаи “Hyatt Regency” идома бахшид. Дар рӯзи сеюми ҷаласаи Гурӯҳи электорати ХБА ва БҶ иштирокдорони чорабинӣ бо муовини директори идоракунандаи ХБА ҷаноби Бо Ли муколама доир намуданд.

NBTL6125.jpg

Муовини директори идоракунандаи ХБА Бо Ли дар робита ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба вазъи иқтисодиву молии кишварҳои минтақа, роҳҳои кам кардани партови газҳои гулхонаӣ, хатари обшавии пиряхҳо, таҳкими механизмҳои ташаккули “иқтисоди сабз” ва ҷалби технологияҳои муосир ба бахшҳои гуногун суханронӣ кард.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода дар навбати худ доир ба кӯшишҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти иштироки ҷумҳурӣ дар бозорҳои ҷаҳонии сармоягузории “сабз”, рушди нақлиёти “сабз” ва инфрасохтори он, такмили қонунгузорӣ оид ба истифодаи васеи “иқтисоди сабз” ва Стратегияи рушди “иқтисоди сабз” барои солҳои 2023-2037 маълумот дод.

NBTL6028.jpg

Сипас иштирокдорони чорабинӣ вобаста ба роҳҳои татбиқи лоиҳаҳои “иқтисоди сабз”, механизми ҷалби “маблағгузории сабз”, истифодаи таҷрибаи мусбати ИМА, Чин, Аврупо ва дигар кишварҳои пешрафта дар ин масъала, инчунин дурнамои ХБА ва Бонки Ҷаҳонӣ доир ба тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он муколама намуда, ба саволҳои худ аз муовини директори идоракунандаи ХБА посух гирифтанд.

Шуъбаи матбуот

Telegram  Facebook

Диданд: 4381

03.07.2024

Возврат к списку