Дар доираи ҷаласаи Гурӯҳи электорат мавзуи иқтисоди сабз ва рақамикунонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Ахбор

Дар доираи ҷаласаи Гурӯҳи электорат мавзуи иқтисоди сабз ва рақамикунонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт


Қисмати дуюми рӯзи 2 июли соли 2024 ҷаласаи Гурӯҳи электорати Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Бонки Ҷаҳонӣ дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон “Маҷмааи Хуталон” кори худро идома дод.

MR404870.jpg

Дар доираи барномаи ҷаласаи Гурӯҳи электорат вобаста ба мавзуъҳои “Иқтисоди сабз ҳамчун алтернативаи рушди иқтисодӣ” ва “Рақамикунонӣ ҳамчун тамоюли иқтисоди миллӣ ва ҷомеаи муосир” чанд рӯнамо муаррифӣ гардида, иштирокдорони чорабинӣ доир ба таъсири тағйирёбии иқлим, рушди маблағгузории сабз, мубодилаи таҷриба оид ба рушди Green FinTech, зеҳни сунъӣ дар низоми бонкӣ, пулҳои рақамӣ ва технологияҳои рақамӣ табодули назар намуданд.

MR404976.jpg

Қобили қайд аст, ки ҷаласаи Гурӯҳи электорати Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Бонки Ҷаҳонӣ бори аввал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад ва он ба тақвияти ҳамкории кишварҳои узви электорат, баланд бардоштани нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва муаррифии имкониятҳои нави ҳамкорию сармоягузорӣ мусоидат хоҳад кард.

MR404867.jpg

Дар ҷаласаи Гурӯҳи электорати ХБА ва БҶ масъалаҳои марбут ба вазъи иқтисодии давлатҳои аъзо, татбиқи сиёсати фискалию монетарӣ ва дигар масъалаҳои муҳимми иқтисодӣ баррасӣ ва муҳокима карда мешаванд.


Шуъбаи матбуот

Telegram  Facebook

Диданд: 4671

02.07.2024

Возврат к списку